Главная / Илм / ДИНҲОИ ЧИНИ ВА ОСИЁИ ШАРҚИ

ДИНҲОИ ЧИНИ ВА ОСИЁИ ШАРҚИ

Муҳақиқони динҳои Чин (Хитой) ва Осиёи Шарқӣ ба ин ақидаанд, ки тафаккури мазҳабии мардуми ин минтақа бо тафаккури мазҳабии халқҳои ҳиндуориёӣ тафовути ҷиддӣ дорад. Ҳиндӣ табиатро саробе, ваҳму хаёле меҳисобад, дар ҳоле, ки мардуми Чину Жопон ба чеҳраи табиат чун воқеият бо завқу меҳр менигаранд ва алоқа ба ҷаҳону дилбастагӣ ба ҳаёти дунявӣ доранд.

Вале бо вуҷуди ин тафовутҳо, дар як қатор масоили динию фалсафӣ оинҳои чинӣ низ бо дигар адён, аз ҷумла бо динҳои ҳинду эронӣ, умумият доранд. Чиниён ва халқҳои Шарқи Дур низ мисли тамоми инсоният як давраи тӯлонии таҳаввули мазҳабиро пушти сар кардаанд.

ramayanaТамаддуни Чини қадимро ба чаҳор давра тақсим кардаанд: давраи «Чу», ки аз 1122 то 205 т.м. ва давраи «Хон» аз 206 т.м.то 221 м. Дар ин давра таълимоти Конфутси реша гирифта ва динӣ буддоӣ ба Чин рахна кард. Давраи сеюм «Танг», ки аз соли 618 то 907м. ва давраи чорум давраи «Сунг» аз 970-1280 м. давом ёфтааст.

Давраи нахуст давраи Шан-ИН номида шудааст. Тамаддуни ИН дар нимаи ҳазораи II т. м. дар ҳавзаи Хуанхэ ба вуҷуд меояд. Мисли бисёре аз халқҳои бостонӣ чиниён дар ин давра эътиқоди бисёрхудоӣ доштаанд ва чандин гурӯҳ (анҷуман)-и худоёнро парастиш ва ба шарафи онҳо қурбониҳои хунин ва ҳатто инсонро нисор мекардаанд. Оҳиста-оҳиста аз миёни ин худоён як худо бо номи Шан-ди ба мақоми волову олӣ мебарояд. «Ди» дар аввал ба маънии қурбон буда, баътар чун худое, ки ба ӯ қурбонӣ меоранд таҳаввул кардааст ва дар замони ҳокимияти сулолаи номбурдаи Шан-Ин ба он «Шан» (Шан-ди) илова мешавад. Дар симои Шан-ди- чиниён ҳам худои бузург ва ҳам нахуст аҷдоди одамиёнро медиданд.

Дар таҳаввули тасаввуроти динии чиниён мо намунаҳои қаробат бо тасаввуротит динҳои бостонии тозардуштӣ ва баъдизардуштии тоҷикон оид ба нур ва зулматро дорем. Рамз ва ё симбули динии мардуми Чин таносуби «доираи Инва Ян» мебошад. Ин доира ба ду қисмати вергулшукли сиёҳу сафед, ки ҳар кадом дар худ нуқтае аз боло ба ранги муқобил дорад, тасвир шудааст. Қисмати сиёҳи онро ин ва дувумин сафедро ян ташкил мекунад. Нуқтаи сафед дар ин маънии онро дорад, ки дар олами зулмат нутфаи нур вуҷуд дорад ва баракс дар олами нур низ нутфаи зулмат ҳаст. Ин рамзи зулмат, торикӣ, рутубат ва бунёди занонаи ғайри фаъол ва аммо Ян -рамзи нуру рӯшноӣ, хушкӣ, бунёди мардонаи фаъол аст.

дар ҳудуди барҳам зада мешавад. Дар давраи ҳокимияти Чжои, ки аз соли 1027 т. м. оғоз гардид худои бузург Осмон (Тян баътар Тян-мин) шинохта мешавад ва ҳокимону шоҳони чинӣ лақаби «Писари Осмон» («Тян-тсизи»)-ро мегиранд. Худои Осмон (Тян) дори ҳама сифоте мебошад, ки дар динҳои сомӣ ба худо нисбат додаанд.

Маросимҳо. Аз маросимҳои муҳимми мазҳабии ин давра фолбинӣ, қурбонӣ кардан ба рӯҳи ниёгон будааст. Ин маросим ҳатто аҳамияти сиёсию давлатӣ касб карда буд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222