Главная / Илм / ФУТУХОТИ АРАБ ВА ГУСТАРИШИ ИСЛОМ

ФУТУХОТИ АРАБ ВА ГУСТАРИШИ ИСЛОМ

Вакте ки МухаммадПаёмбари ислом(с) вафот кард, хануз ислом аз худуди нимчазираи Арабистон берун набаромада буд. Густариши ислом дар ахди “Хулафои рошидин”- чор халифи аввал: Абубакр ас-СиддиК (632-634) Умар ибн-Хаттоб (634-644), Усмон ибн Аффон (644-656) ва Али ибн Абутолиб (656-661), ба таври васеъ огоз гардида, дар ахди хилофати Умавиён асосан ба анчом расид. Халифаи аввал Абубакр баъд аз Мухаммад(с) пояи исломро дар нимчазираи Арабистон мустахкам намуд. У ба мукобили паёмбартарошон онхое, ки баъд аз вафоти Мухаммад(с) иддаои паёмбари карданд чун: Тулейх, ал-Асвад, Мусейлима, Саччох ва бо он кабилахое, ки аз ислом руй гардониданд (арридда) чангида, онхоро аз нав таслим ва доманаи исломро густариш дод.

Халифаи сони Умар ба воситаи сипохе, ки Холид ибн Валид киёдат мекард сарнавишти мамолики ховари наздикро ба кулли дигаргун сохт. Шахри куханбунёди Димишк баъд аз шаш мох мухосира дар соли 635 мелоди забт шуд. Масехиён аз ин зарба ба хуш омада кувваи худро сафарбар намуда, барои чуброни он шикаст бархостанд. Холид бо зираки ба махалли муносибе акиб нишаст ва дар он чо бо сипохи мураккаб аз панчох хазор нафар марди чанги, ки Хераклус (кайсари Руми Шарки- Бизантия) барои дархам шикастани у фиристода буд, ру ба ру шуд. Ин мухориба дар рузи гарми губоролуд, ки бодиянишинони араб бо ин хаво ху гирифта буданд, ба вукуъ пайваст ва дар натича Холид румиёнро сахт дархам шикаст ва фатхи катъи насиби у гардид. Нихоят, баъд аз ин мухориба, саросари хоки Шом (Сурия) то доманаи куххои Торус аз тарафи аъроб фатх карда шуд. Яке аз сабабхои мухими муваффакияти аъроб дар он буд, ки мардуми махаллии Шом аз фишор ва зулми румиён, задухурдхо ва мухорибахои байни императории бизанти ва сосони ба сутух ва танг омада буданд ва дар вокеъ муковимате нишон надоданд.

Футухот- кишваркушоихои араб харчанд зери шиорхои густариши дини ислом сурат мегирифт, кабули ислом ичбори набуд ва дар асл футухот хадафи модди ва сиёси дошт, барои густариши ислом заминасози, яъне аз миён бардоштани монеъахои сиёси барои кабули ислом буд. Дар масъалаи кабули ислом аз тарафи сарлашкарони араб зохиран, фармоиши Куръон: “Ло икроха фид-дин” (яъне, ” Дар дин зури даркор нест.”) риоя карда мешуд. Аз ин лихоз, масалан дар паймонномае, ки Холид ибни Валид ба ахолии Димишк пешниход карда, гуфта шудааст, ки агар у ба шах дарояд дар сурати пардохтани чизя чону молашон дар амон, калисохо, ибодатгоххо ва бинохои шахр аз хароби махфуз хоханд монд ва онхо ба чуз хайр аз аъроб чизе нахоханд дид. Хулоса, дар як муддати кутох (аз соли 634- 642) арабхо ба осони Фаластин, Сурия, кисмати шимолии Байнаннахрайн ва Мисрро забт намуданд. Дар аввали асри VIII арабхо ду сеюми каламрави Византияро ишчол намуда, сархади худро хело вусъат доданд.

Соли 633 ба Байнаннахрайн-каламрави Эрон дохил гардида, шахри Хира собиК пойтахти Лахмидиёнро ишчол карданд. Соли 634 арабхо дар “задухурди назди кул” дар сохили Фурот байни шахри Хира ва Мадоин аз тарафи сарлашкари эрони Рустам шикаст дода мешавад. Вале ду сол пас дар мухорибаи Кодисия пойтахти кисмати чарбии империяи сосони Мадоин ба дасти мусулмонон мегузарад. Шахр аз тарафи арабхо горат гардида, кисмате аз ахолии он катл ва кисмати дигар ба гуломи бурда шуд. Сарчашмахо ганимати аз ин шахр ба даст овардаи арабхоро ба 900 миллион дирхам баровард кардаанд. Соли 637 тамоми Байнаннахрайн (Ироки имруза) забт карда мешавад. Соли 640 арабхо ба суи маркази Эрон харакат карда, то соли 644 шахрхои Хамадон, Кум, Кошон ва Исфахонро забт мекунанд. Хамин тавр арабхо аз соли 640 то соли 652 такрибан тамоми Эронро забт карда, соли 651 ба салтанати сосони хотима гузоштанд. Харчанд аъроб дар ин мархила тавонистанд то дарёи Ому расанд, аммо дар дохили Эрон эрониён муковимати шадид мекарданд ва футухоти аъроб ба кунди пеш мерафт, чунки мардуми ориёнии он кишвар ба дини зардуштии худ вафодор буданд ва ба сухулат таслим намешуданд. Ин аст, ки чангхо бо эрониён дувоздах сол тул кашид.

Давраи дуввуми забткории бузурги аъроб, ё худ тавсиъаи ба истилох “дор-ул- ислом” ба давраи хилофати умавиён (661-750) рост омад. Хамин тавр арабхо дар шимолу шарк то пушти куххои Химолай ва то сархади Чин, Туркистон ва Мугулистон аз суи дигар дар чануб то Хиндустон дар гарб то Испониё ва умки Африко пеш рафтанд.

Кабули ислом дар сарзаминхои ишголгардида, аз чумла дар Осиёи Миёна, ба кунди ва мушкили пеш мерафт. Дар мархилаи аввал худи фотехон начандон кушиданд, ки халкхои забтгардида дини исломро кабул кунанд. Ба назар чунин мерасад, ки кабули ислом начандон ба онхо фоида дошт, чунки мусулмонон аз андози сарона “чизя” озод карда мешуданд. Аз ин ру дар тамоми каламрави хилофати ислом намояндагони динхои дигар: насрониён, яхудиён, зардуштиён ва дигарон ба шарти риояи махдудиятхои чузии муайян, бо пардохти чизя бемалол зиндаги мекарданд. Ин гуна одамонро з и м м и ва шахсони гайриараб, ки исломро кабул кардаанд м а в л о меномиданд. Мавло бояд зери химояи яке аз намояндаи ягон кабилаи араб карор мегирифт. Баъдан, ислом дар як катор кишвархои Осиё ва Африкои Чануби ба воситаи савдогарону точирон ва инчунин мубаллигони ислом интишор меебад. Масалан, намунаи он интишори ислом дар кишвар

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222