Главная / Илм / ТОЧИКИСТОН ДАВЛАТИ СОХИБИСТИКЛОЛ

ТОЧИКИСТОН ДАВЛАТИ СОХИБИСТИКЛОЛ

Точикистон бо хусусиятхои ба худ хос дар байни чумхурихои давлати Шурави фарк мекард. Бояд иброз дошт, ки дар чумхури чараёни барои озоди муборизабаранда вучуд надошт. Дар чамъияти сотсиалисти барои пайдоиши чунин куввахо замина хам набуд. Чунин харакатхо танхо пас аз бозсозии Горбачеви пайдо шудан гирифтанд. Аммо ин куввахо барои гузаронидани тагироти кули тайёр набуданд, чуноне, ки дар чумхурихои назди Балтика, Украина, Гурчитон, Арманистон дида мешуд, дар Точикистон чунин ашхоси муайян ба назар намерасид.
Дар Осиёи Миёна нисбат ба дигар чумхурихо миллати бедортар ва худшинохта Чумхурии Узбекистон буд. Рохбари чумхури Ш.Рашидов дар тули солхои дароз бо сиёсати худ тавонист, ки ба рохбарияти марказ наздик шуда, иктидори иктисодии чумхуриро баланд бардошт.
Точикистон чумхурии аз хама хомуш ва гапдаро буд. Хар он икдоме, ки аз марказ гузаронида мешуд, дар Точикистон даррав амали мегашт.
Аз ин сабаб харакатхои озодандеши дар Точикистон дар зери таъсири равандхои озодфикрии Руссия ва дигар чумхурихо ба вучуд омад. Барои хамин дар Точикистон бар хилофи чумхурихои дигар анъанахои демократи вучуд надоштанд.
Аввалин харакатхои озодандеши дар Точикистон 22- феврали соли 1989 дар мавзуи мавкеи забони форси точики ва анъанахои милли ба вучуд омад. Гирдихамомадагони ш.Душанбе талаб менамуданд, ки ба забони точики макоми давлати дода шавад. Чунин чамъомадхо дар дигар шахру навохии Точикистон низ шуда гузаштанд. Дар натича сесияи Шурои Олии Точикистон 22-июли соли 1989 конуни забонро кабул намуд.
Дар давраи тайёри ба интихоботи Шурои Олии ИЧШС бахори соли 1989 чомеаро харакати озодихохи фаро гирифт. Бори аввал барои гирифтани мандати вакили байни чандин нафар номзадхо мубориза сар шуд. Куввахои бо ном демократи дар атрофи номзадии хабарнигори мачаллаи «Правда» О-Латифи муттахид гаштанд.
Дар айни шу хурушхои сиёси дар шахру нохияхои чумхури созмонхои мардуми ташкил ёфтанд.
Чунин созмонхо дар Уротеппа ва Конибодом ба номи «Вахдат», дар Кулоб бо номи «Ошкоро» ва дар ш.Душанбе аз мохи феврали соли 1989 бо номи «Маърифат» созмон дода шуданд.
Мохи май соли 1989 махфили сиёсии «Ру ба ру» ташкил ёфт. Ин махфил дар шахрхои Норак, Кулоб, Кофарнихону Ашт ва дигар нохияхои чумхури филиалхои худро дошт. Онхо хадафи асосии худро мухокима ва халли проблемахои иктисоди, фарханги ва сиёси карор доданд. Бояд зикр кард, ки аз сабаби паст будани маданияти сиёси рафти мухокимаронихо аъзоёни ин махфил ба ягон хулосаи умуми омада натавонистанд. Аз тарафи дигар дар ин махфилхо хангоматалабон ширкат карда бахсро ба никобгири табдил медоданд.
Бояд кайд кард, ки аз сабаби паст будани маданияти сиёси, мавчуд набудан умумияти ичтимои, хаёти ягонаи иктисоди, баланд будани хиссиёти махалгарои ва омилхои дигар тамоми ин созмонхои ба ном мардуми ва азхобхои дигаре, ки баъдтар ташкил ёфтанд ба чои бехбуди дар чумхури мардумро ба кавму кабоил дар асоси махалхо таксим карданд, ки ин боиси сар задании чанги шахрванди гашт.
Замони бозсози дар чумхури хизбу чунбишхо ташкил ёфтанд. Аввалин чунбиш бо номи «Растохез» 15-сентябри соли 1989 ташкил ёфт.
Ойиннома ва барномаи «Растохез» кабул гардид, ки дар он ба фикри созмондихандагони он роххои аз бухрони сиёси ва иктисоди баромадан нишон дода шуда буд. Чунончи мубориза ба мукобили системаи мавчуда (бюрократии маъмури, фармондихи), консепсияи Мустакилияти иктисоди, ташкил намудани хазинаи арзхои чумхури, бонки милли ва гайра дар назар дошта шуд.
Созмони «Растохез» дар интихоботи Шурои Олии Точикистон, фаъолона иштирок намуда, барои хокимият мубориза мебурд. Лекин чи тавре, ки баъдтар маълум шуд созмони «Растохез» дар ходисахои хунини чумхури ширкат дошт ва дар назди интихобкунандагон максадхои нихони он равшан гардид.
12-феврали соли 1990 дар пойтахти чумхури дар бинои КМ ХК Точикистон чандсад нафар чамъ омада, нисбати кабул кардани гурезахои армани эътироз баён карданд. Баъдтар дар рафти гирдихамои ба бетартиби ва орату оташзани даст заданд.
Ин аввалин ходисаи нохуш дар чумхури буд, ки аз тарафи куввахои иртичои дастгири ёфт.
Равандхои дигаргунсози дар дигар чумхурихои ба хаёти сиёсии Точикистон бе таъсир намонд. Мохи апрели соли 1990 Шурои Оли конун дар бораи бекор кардани макоми рохбарикунандаи хизби коммунисти дар системаи сиёсии чумхури кабул намуд.
Баъдтар Шурои Олии Точикистон ду конун дар бораи иттиходияхои чамъияти ва воситахои ахбори умумро кабул кард.
Мувофики онхо дар чумхури созмону хизбхои сиёсии гуногун дар доираи конуни асосии чумхури амал карда метавонистанд.
Хамчунин шахсони алохида метавонистанд рузномахо бароранд ва аз дигар системахои ахбори умум истифода баранд.
Чи тавре, ки маълум аст, Точикистон дар 74-соли мавчудияти иттиходи Шурави як кисми таркибии ин давлат буд ва дар чумхури системаи як хизби чори буд. Дар авали солхои 90-уми карни ХХ дар чумхури дахо хизбхои сиёси пайдо шуданд.
Дар ташаккули системаи бисёрхизби конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи иттиходияхои чамъияти дар Точикистон» ва «Дар бораи хизбхои сиёси» (декабри соли 1990) мусоидат намуд.
Дар чумхури пас аз гузаштани мавчи хизбсозихо маъракаи ташкил намудани созмонхои гуногун хусусияти махали дошта вусъат ёфт. Ташабускори ташкил шудани чунин созмонхо асосан онхое буданд, ки дар вакташ аз мансаб дур шуда буданд. Аз ин ру онхо мехостанд, ки ба созмонхои махали худ такя карда, ба арсаи сиёсат бароянд. Аввалин шуда созмонхои чамъияти сиёсии «Лаъли Бадахшон» ва «Мехри Хатлон» ташкил ёфтанд. Дар давоми солхои 1991-1992 боз созмони <(Хамдилон»-и сокинони вилояти Ленинободро фаро гирифт. Чунин созмонхо байни ахолии водии Каротегин, Истаравшан, Зарафшон низ ташкил ёфтанд. Ташкил ёфтани ин созмонхо, ки дар асоси принсипи махалгарои асос ёфта буд ба вахдати милли мусоидат накарданд. Балки чудоиандозию махалгароиро ба вучуд оварда, сабабгори чанги дохили шуданд.
Мутаасифона, дар чунин шароити барои чумхури хассос кормандони давлати ва куввахои низоми низ ба чои химояи манфиатхои умуми милли ба гуруххои махали-кавми авлоди таксим шуда, мардуми кишварро ба ду лангари мукобил чудо карданд.
Системаи бисёр хизби дар мамлакатхое ташакул меёбад, ки дар он чо шаклхои гуногуни моликият ва гуногунандеши зиёдтар инкишоф ёфтааст. Зеро хислати мухимтарини хизбхо аз дигар ташкилотхои оммави дар он аст, ки структураи ташкили дорад ва принсипу максадхои ошкоро дар барнома ва оинномахояшон аник муайян карда шудааст. Яъне хизб ин ташкилоти сиёсии гайри давлатии гурухи одамон буда, максади асосии он мубориза барои ба даст овардани хокимияти сиёси мебошад. Хизбхо барои амали намудани максадхои худ панч, вазифаро ичро мекунанд: Ичтимои, идеологи, сиёси, идоракуни ва электорали (интихобкунанда).
Хизбхо аз чихати характери худ ба хизбхои кадри ва оммави, аз руи рафтор дар чомеъа ба демократи, тоталитари, аз руи маком дар системаи сиёси ба хизбхои хукмрон, мухолифин, аз руи акида ва характери инкишофи чомеъа ба хизбхои эволютсиони, ислохотчиги, инкилоби, радикали, аз руи равия идеология ба хизбхои рост (консервативи, либерали) ва гап (сотсиалисти, коммунисти ва гайра) таксим мешаванд.
Нисбати хизбхои дигар хизбхои радикали хусусияти хос доранд. Фаркияти хизбхои радикали дар он аст, ки онхо гузарондани тагйироти куллиро дар тамоми сохахои хайёти чамъияти пеш мегиранд. Барои амали гардонидани вазифахои дар пеш истода аз тамоми воситахо ба монанди суикасд, куштор, репрессия, таркиш, сухтор, гаравгонгирии одамон ва айра истифода мебаранд. Ин хизбхо вазъиятро тезу тунд гардонда бо шиори «касе бо мо нест вай зидди мост» амал мекунанд.
Пайдоиш ва инкишофи хибхои сиёсии Точикитсон аз солхои 90-ум сар шуда ду давраро дар бар мегирад:
⦁ Ин давра баъди Анчумани III-депутатхои халкии Иттиходи Шурави (марти соли 1990), ки моддаи 6-уми Конститутсияи Иттиходи Шурави дар бораи роли пешбарандагии хизби коммунистии Иттиходи Шурави бекор карда шуд, сар мешавад. Дар ин давра аввалин хизб, хизби демократии Точикистон 10-авгути соли 1990 таъсис ёфт, ки онро Вазорати адлияи Чумхурии Шуравии Точикистон 21- июн ба кайд гирифт. Азбаски дар ходисахои солхои чанги шахрванди шарик будани хизби Демократии Точикистон исбот шуд, бо карори Суди Олии Чумхурии Точикистон аз 21-июни соли 1993 фаъолияти он катъ гардид. Мохи июни соли 1993 дар Афонистон Иттиходияи муттахидаи мухолифин ташкил карда шуд, ки хизби демократии Точикистон ва хизби нахзати ислом ба он дохил шуданд.
Хизби Нахзати Ислом 6-октябри соли 1990 ба сифати шуъбаи хизби умумииттифокии нахзати Ислом ташкил карда шуд. Баъди ба даст омадани истиклолияти милли Точикистон вазорати адлияи Точикистон Хизби Нахзати Исломро хамчун ташкилоти чумхурияви 4-декабри соли 1991 ба кайд гирифт.
⦁ Давраи дуюми хизбхои сиёси дар Точикистон аз соли 1993 сар шуд. Мохи июни соли 1993 Президиуми суди олии Чумхурии Точикистон фаъолияти хизби Нахзати Исломро барои вайрон кардани Конститутсия ва конун дар бораи Иттиходияхои чамъияти манъ кард. Вале 12-авгути соли 1999 Президиуми суди Олии Чумхурии Точикистон ин карорро бекор намуда, хизби Нахзати Ислом аз нав ба фаъолият сар кард.
Хизби Коммунисти Точикистон як кисми таркибии хизби Коммунистии Иттиходи Шурави буд. Азбаски дар Руссия баъди вокеъахои августи (ГКЧП) фаъолияти хизби коммунисти катъ гардид. 4-сентябри соли 1991 бо карори пленуми Комитети Марказии хизби Коммунистии Точикистон, аз хайати ХКИЧШ баромада, хизби мустакил эълон карда шуд.
Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон 17-марти соли 1992 хизби Коммунистии Точикистонро ба кайд гирифт.
Баъди сессияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар чумхури як катор хизбхои сиёси ташкил ёфтанд.
Аввали соли 1993 хизби Халкии Точикистон ташкил ёфт. Аз мохи июли соли 1997 ин хизби Халки Демократии Точикистон ном гирифт. Мохи ноябри соли 1995 хизби Адолатхохи Точикистон ташкил ёфт. Мохи июни соли 1996 бошад, хизби Сотсиалистии Точикистон таъсис карда шуд.
Мохи декабри соли 1994 дар шахри Алма-Ато анчумани фавкуллода хизби Демократи баргузор гардид. Дар натичаи ихтилофхои дохили хизб, каноти чапи хизб мавкеи ояндаи хизбро муайян карда ташкилёбии хизбро эълон намуд. Мохи июли соли 1995 Вазорати адлияи 4,умхурии Точикистон онро ба кайд гирифт.
Соли 1998 (мохи ноябр) «Дар бораи хизбхои сиёси» конуни нави Чумхурии Точикистон кабул карда шуд, ки дар инкишофи минбаъдаи фаъолияти хизбхо накши муайян бозид. Мувофики ин конун хар як хизб хукук дорад номзадхоро дар интихобот ба макоми Президенти Чумхури ва макомоти намояндаги пешбари намояд, дар иттиходияхо иштирок намоянд, дар бораи худ маълумот интишор намуда максаду вазифахои худро ташвику таргиб намоянд, воситахои ахбори оммаро истифода баранд, нашрияи худро созмон диханд, мувофики (дар доираи) конунхои Чумхурии Точикистон мачлису гирдихамои ва намоишхо гузаронанд.
Хизбхои сиёсии Точикстон аз руи равияю максадхои барномавии худ ба се гурух ё равия таксим мешаванд:
⦁ Хизбхое, ки бо шиорхои либераливу демократи баромад мекунанд ва чомеаро ба суи демократия ва иктисоди бозоргони хидоят мекунанд:
⦁ Хизбхо ва куввахои сиёси, ки тарафдори сохти исломи мебошанд:
⦁ Хизбхои тамоюли чап дошта, тарафдори баркарор намудани арзишхои сотсиалисти мебошанд.
Хамаи хизбхо кушиш доранд, ки дар интихоботи парламент иштирок намуда, барномаи худро амали созанд.
Дар интихобот ба мачлиси намояндагон ва мачлисхои махали, ки соли 2000 баргузор гардиданд, аз тарафи хизбхои сиёси кушиш карда шуд, ки номзадхо ба макомоти намояндаги мувофики руйхати азхоби сиёси ва худпешбари карда мешуданд. Чунин тарзи иштироки азхоби сиёси дар маъракаи интихоботи дар конунхои Конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба мачлисхои махали вакилони халк конуни карда шуданд».
Дар интихоботи соли 2005 аз 63 вакили мачлиси намояндагон 22 нафар аз руйхати хизбхои сиёси пешниход шуданд. Мувофики чамъбасти натичаи интихобот аз шаш хизб, танхо хизбхои Халки Демократи, Коммунисти ва Нахзати Ислом монеаи панч, фоизаро гузашта тавонистанд. Хизби Халки Демократи 74,9, хизби Коммунисти -13,64 ва Хизби Нахзати Ислом-8,9 фоизи овозхои интихоб кунандагонро сохиб шуданд.
Хизбхои Демократии Сотсиалисти ва Демократи дар парламент намоянда надоранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222