Главная / Илм / Тахлил ва ояндабинии дарачаи ташкили-техникии истехсолот

Тахлил ва ояндабинии дарачаи ташкили-техникии истехсолот

Дар сатхи корхона натичаи фаъолияти илми-техники ва сиёсати инноватсиони дар дарачаи ташкили-техникии истехсолот инъикос мегардад. Дарачаи ташкили-техникии истехсолот бо самарабахш будани сиёсати инноватсиони ва мувофикати дарачаи технологи ва ташкилии чараёнхо ба сатхи талаботи низоми «воридшави» тавсиф дода мешавад.

Агар сифати «воридшави»-и чузъхои такмилдиханда, ашёи хом, масолех, хуччатхои лоихави-конструктори, иттилоот ва дигар чузъхо ба талаботи ракобатпазири чавобгу бошанд, пас сифати «чараёни» коркарди «воридшави» ва «хоричшави»-и низом бояд баланд бошад.

552041cce12207b322c894849f532c59Масалан агар сифати «воридшави» ба талаботи ракобатпазири чавобгу бошад, яъне бо 5 ва сифати «чараён» бо 3 бахо дода шавад, пас дар «хоричшави» хам ба 3 баробар мешавад. Сармоягузор барои баландбардории сифати «воридшави» харочоти зиёд карда, дар «хоричшави» наметавонад натичаи дилхохро ба даст орад, агар технологияи ташкили чараён наметавонад «воридшави»-ро бо сифати баланд коркард кунад. Дар холате, ки технология ва ташкили чараён ба талаботи ракобатпазири чавобгу бошанду, сифати «воридшави», масалан нишондихандахои сифат ва масолехгунчоишии молхо дар хуччатхои конструктори ракобатпазир нестанд, пас сифати «хоричшави» низ ракобатпазир намешавад. Дар ин чо оиди зарурияти таъмини дарачаи мутавозини сифати «воридшави» ва «чараён» дар низом хулосабарори кардан мумкин аст.

Дарачаи техникии истехсолот хамчун зинаи инкишофи воситахои истехсолот ва пешрафти технологияро тавсиф медихад. Дарачаи ташкилии истехсолотбошад дарачаи инкишофи ташкили истехсолот, мехнат ва идоракуни, дарачаи чараёнхои муташаккилиро нишон медихад.

Ба омилхои ба дарачаи техникии истехсолот таъсиррасон одатан инхоро дохил менамоянд:

  • дарачаи механизатсия ва автоматизатсияи истехсолот (таносуби коргарони асоси ва ёрирасон, ки ба назорати автоматхо ва бо ёрии мошин кор мекунанд ба шумораи умумии коргарони асоси ва ёрирасон муайян карда мешавад);
  • дарачаи пешрафти чараёнхои технологи (таносуби чараёнхои пешрафта ба шумораи умуми мувофики методикахои расми);
  • синни миёнаи чараёнхои технологи;
  • синни миёнаи дастгоххои технологи;
  • фондмусаллахии мехнати коргарони корхона (таносуби арзиши кисмати фаъоли фондхои асоси ба шумораи умумии коргарони корхона).

Ба омилхои ба дарачаи ташкилии истехсолот таъсиррасон инхо дохил мешаванд:

  • Дарачаи махсусгардонии истехсолот (масалан, таносуби арзиши солонаи хачми махсулоти махсуси сохави ба хачми умумии махсулоти дар хамин давра истехсол шуда);
  • Дарачаи коопериронииистехсолот (таносуби хачми солонаи махсулоти такмилдиханда ба хачми умумии махсулоти дар хамин давра истехсолшуда);
  • Зариби (коэффисенти) басти кории дастгохи технологи;
  • Мукаммалии таквими штатии корхона, %;
  • Вазни киёсии коргарони асосии истехсоли дар шумораи умумии коргарон, %;
  • Нишондихандаи сайлонияти кадрхо дар давоми сол, %;
  • Талафи вакти кори, %;
  • Зариби (коэффисенти) аёнияти осеббардори (аз руи хисоботхои омори);
  • Зариби (коэффисенти) мувозинатии чараёнхои истехсоли мувофики иктидорхо;
  • Зариби (коэффисенти) мунтазамии чараёнхои истехсоли;
  • Зариби (коэффисенти) паралелии чараёнхои истехсоли;
  • Зариби (коэффисенти) дакикии чараёнхои истехсоли;
  • Зариби (коэффисенти) низоми чараёнхои истехсоли.

Идоракунии тактикии омилхои номбаршудаи дарачаи ташкили- техникии истехсолот имконият медихад, ки захирахои баландбардории он муайян карда шавад. Барои амалисозии идоракунии стратегии омилхои дарачаи ташкили-техникии истехсолот зарур аст, ки тагйирёбии онхо дар оянда пешбини карда шавад.

Нишондихандахои хос, чамъбасти ва комплексии дарачаи ташкили-техникии истехсолот барои тахлили пешравии онхо, ошкори роххои баландбардории дарачаи ташкили-техникии истехсолот ва ояндабинии стратеги истифода карда мешавад.

Пешбинии дарачаи ташкили-техникии истехсолот бо чунин пайдарпайи амали карда шавад:

  1. пешбинии нишондихандахои «воридшави»-и низом ракобатпазирии махсулоти корхона дар мухлате, ки дар стратегияи он нишон дода шудааст (ин корро шуъбахои маркетинг ва корхои илми- тадкикоти ва озмоиши конструктори ичро мекунанд);
  2. пешбинии нишондихандахое, ки зернизомро таъмин мекунанд;
  3. пешбинии нишондихандахои хоси дарачаи ташкили-техникии истехсолот, ки мувофикати «чараёни»-дарачаи ташкили-техникии истехсолотро ба талаботи «воридшавии» низом таъмин мекунанд.
  4. баходихии дарачаи ташкили-техникии истехсолот аз руи меъёрхои пешбиншуда;
  5. коркард ва мувофикати чорабинихое, ки дар оянда имконият медиханд баландшавии дарачаи ташкили-техникии истехсолот то сатхи такозошаванда таъмин карда шавад;
  6. коркард ва мувофикати лоихахои ташкили оид ба амалисозии лоихахои инвеститсиони.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-25

Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Психологияи хаёти хануз аз афкори психологии одамони кадим сарчашма гирифта, давра ба давра ташаккул ёфтааст …

222222222222222