Главная / Илм / Мохият, вазифахо ва даврахои омодакунии ташкили-технологии истехсолот

Мохият, вазифахо ва даврахои омодакунии ташкили-технологии истехсолот

Омодакунии ташкили-технологии истехсолот хамчун давраи сикли хаётии мол, омодакунии технологии истехсолот ва тайёрии ташкилии истехсолотро дар бар мегирад.

Максади омодакунии ташкили-технологи ин омодакунии хуччатхои технологи ва ташкилии истехсоли махсулоти нав мебошад.

Вазифахои омодакунии ташкили-технологии истехсолот аз инхо иборат аст:

  • тахлили технологияи махсулоти нав;
  • тахлили технологияхо, дастгоххо ва иктидорхои истехсолии мавчудаи корхона;
  • коркарди чараёнхои технологии истехсоли махсулоти нав, дастгоххои гайристандартии технологи ва тайёркунии онхо;
  • бамеъёргирии талабот ба намудхои захирахои гуногуни модди- техники;
  • лоихакашии китъахои нави истехсоли;
  • бастани шартнома бо таъминкунандагони нави захирахои модди- техники;
  • хисобгирии меъёрхои ташкили чараёнхои истехсоли;
  • коркарди накшахои фаври-таквимии истехсолии махсулот;
  • идоракунии фаврииомодакунии ташкили-технологии истехсолот ва гайра.

5654Мехнатгунчоишии корхо аз руи омодакунии ташкили-технологии истехсолот ва харочот барои гузаронидани он аз харочоти корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори хеле зиёдтар аст. Масалан, дар ИМА харочот барои омодакунии ташкили-технологии истехсолот 11 маротиба аз харочоти корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори зиёдтар аст.

Тайёрии технологии истехсолот ин мачмуи равандхои ба хам алокаманди илми-техникие мебошад, ки омодагии технологии корхонаро чихати мувофики накша истехсол кардани махсулоти ба стандарти давлати ва шароитхои техникии сифат мувофик бударо, таъмин мекунад. Дар алокаманди бо сертификатсияи махсулоти саноати талабот ба сифати махсулот афзоиш меёбад.

Низоми ягонаи тайёрии технологии истехсолот ин низоми мукарранамудаи стандарти давлатии ташкил ва идоракунии тайёрии технологии истехсолот мебошад, ки дар асоси дастовардхои илму техника мунтазам такмил дода шуда, инкишофи тайёрии ташкилии истехсолотро дар зинахои гуногуни идоракуни таъмин мекунад.

Максади асосии низоми ягонии тайёрии технологии истехсолот ин таъмини шаротхои зарури барои ноил шудан ба тайёрии пурраи хама гуна истехсолот ба барориши махсулот бо сифати додашуда дар мухлати оптимали ва бо харчи оптималии захирахо мебошад.

Низоми ягонаи тайёрии технологии истехсолот чунин талаботхоро ба миён мерад:

  • нигариши ягонаи интихоб ва ташкили истифодаи усулхо ва воситахои тайёрии технологии истехсолот, ки ба дастовардхои пешкадами илм, техника ва истехсолот мувофикат карда шуда;
  • дарачаи баланди хассосияти истехсолотро ба такмилдихии мунтазам ва гузариш ба истехсоли техникаи нисбатан мукаммалро таъмин кунад;
  • ташкили окилонаи ичроиши механиконидашуда ва автоматикунонидашудаи мачмуи корхои мухандиси-техники
  • автоматикунонии бунёди объектхо ва воситахои истехсоли, коркарди чараёнхои технологи ва идоракунии тайёрии технологии истехсолот, алокамандии он ва дигар низоми автоматикунонидашудаи идоракуни ва зернизомхо, самаранокии баланди тайёрии технологии истехсолот.

Сохтори низоми ягонаи тайёрии технологии истехсолот бо мачмуи чунин омилхо муайян карда мешавад:

  • таркиби функсионалии тайёрии технологии истехсолот;
  • дарачаи халли вазифахои тайёрии технологии истехсолот. Вазифахои тайёрии технологии истехсолот дар хама сатххо хал карда шуда, аз руи чор функсияи зерин гурухбанди карда мешаванд:
  • таъмини технолгияи конструксияи масолех;
  • коркарди чараёнхои технологи;
  • лоихакаши ва сохтани воситахои мучахазгардонии технологи;
  • ташкил ва идораи тайёрии технологии истехсолот.

Асоси низоми ягонаи тайёрии технологии истехсолотро онхо ташкил медиханд:

  1. тахлили системави-сохтории сикли тайёрии технологии истехсолот;
  1. типикунони ва стандартизатсияи чараёнхои технологии истехсол ва назорати махсулот;
  1. стандартизатсияи чихозонидани технологи ва олотхо;
  2. агрегатиронии тачхизот аз унсурхои стандарти (блокхо).

Мархилахои низоми ягонаи тайёрии технологии истехсолотро инхо ташкил медиханд:

  • тахлили низоми тайёрии технологии истехсолот дар корхона ва дар соха мавчудбуда;
  • коркарди лоихаи техникии тайёрии технологии истехсолот;
  • коркарди лоихаи кории тайёрии технологии истехсолот (коркарди технологияхои иттилооти, таснифгари иттиотхои техники- иктисоди, техночараёнхо, хуччатхо барои ташкили чойхои кори ва китьахои махсусгардонидашуда, усулхои коркарди гурухи, ташкили хуччатхо ва дастурамалхои вазифави ва гайра).

Типи кунонидани (типизатсия) чараёнхои технологи, ин мачмуи корхое ба хисоб мераванд, ки банизомдарори ва тахлили карорхои имконпазири технологиро хангоми истехсоли махсулоти хар як гурухи таснифотиро дар бар мегирад.

Чараёни технологии намунави ва коркарди он бо ду рох амали карда мешавад:

Якум, чараёни технологии мавчудаи истехсоли махсулоти муайян, ки нисбатан пурра ба талаботи интихоби варианти окилонаи намунави чавобгу аст, ба сифати асос кабул карда мешавад;

Дуюм, аз нав кор карда баромада мешавад (кисмати гузаришхо ба чараёни дар корхона мавчуд буда мувофик буда, кисмати дигарион ба корхонаи дигар вобаста аст). Махаки интихоб ин инкишофёбандаги ва пайдарпаии окилона мебошад. Масалан деталхои намунави, ки 60-65%- ро ташкил медиханд, чараёнхои намунавии технологи коркард карда мешавад. Як чараёни технологии намунави аз 10 то 300 чараёнхои технологии оригиналиро метавонад иваз кунад. Барои чунин чараёнхо ба монанди, штамповка, гудозиш, сохтани деталхо бо ёрии металургияи хулави ва гайра чараёнхои намунавии технологи мехнатгунчоишии махсулотро аз 3 то 5 маротиба паст мекунанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222