Главная / Илм / БОЗСОЗИ ВА НАТИЧАХОИ ОН.

БОЗСОЗИ ВА НАТИЧАХОИ ОН.

Нимаи дуюми солхои 80-ум дар Иттиходи Шурави ба сабаби сар шудани бозсози тагйиротхои кулли ба амал омаданд. Бозсози натанхо дар таърихи халкхои собик Иттиходи Шурави, балки дар мамлакатхои Аврупои Шарки низ давраи дигаргунихои сиёси-ичтимоиро ба амал овард.
Давлати Шурави дар микёси байналхалки дар зарфи солхои мавчудияти худ макоми бузургеро сохиб буд. Дар солхои охир аз сабаби рох додани камбудихо дар системаи давлати, мамлакат аз таравдиёт боз монд. Дар чунин шароит рохбарияти давлат ба максади начот додани системаи сиёсии давлати рохи бозсозиро пеш гирифтанд. Онхо тассавур карда наметавонистанд, ки икдоми пешгирифтаи онхо ба чи анчом меёбад. Дар амал бозсозии саршуда ба азнавсозии тамоми системаи сиёси ва структураи иктисоди оварда расонд.
Бозсози дар Иттиходи Шурави аз мохи апрели соли 1985 сар шуд. Максади асосии он аз хотима додан ба бухрони иктисоди ва муайян намудани рохи таравдиёти минбаъдаи чомеъа иборат буд.
Аз нимаи дуюми солхои 80-ум дар мамлакат накшаи стратеги кор карда баромада шуд. Аз чихати сиёси максади бозсози бархам додани бокимондахои сохтори фармонфармоёнаи маъмури ва минбаъд инкишоф додани протсесси демократикунонии хаёти чамъияти иборат буд.
Аз чихати иктисоди дар асоси истифодаи прогрессии илми-техники дар истехсолот баланд бардоштани хосилнокии мехнат ба накша гирифта шуда буд.
Аз чихати ичтимои-бемайлон бардоштани сатхи
зиндагии ахолии дар назар дошта шуда буд.
Дар сохаи сиёсати байналхалки аз нигохи тасавуроти синфи даст кашидан ва хамкори бо мамлакатхои капиталисти бо максади пойдор намудани сулх нишон дода шуда буд. Хулоса, равандхои ислохоти кулли сохахои сохтори сиёси, иктисоди-ичтимои, фарханги ва муносибатхои байналхалкиро дар бар мегирифт.
Яке аз самтхои асосии бозсози ин демократикунонии хаёти чамъияти ба хисоб меравад. Демократикунонии хаёти чамъияти аз як тараф барпо кардани механизми боэътимод дар назар дошта мешуд, ки ба воситаи он шахрвандон дар халли масъалахои давлати-чамъияти фаъолона иштирок карда тавонанд. Аз тарафи имконияти ба фарханги умумибашари рох ёфтан ва нигох доштани хукукхои инсон нигаронида мешуд.
Яке аз самтхои демократикунонии чомеъа ошкорбаёни хисобида мешуд.
Ошкорбаёни мебоист дар доираи конун амали гардида, ба ходисахо аз нуктаи назари реали бахо дода мешуд. Дар чомеа плюрализм (бисёрандеши) чори карда шуда, хизбхои сиёси ташкил меёфтанд. Сохтори нави интихобот чори шуда, масъалахои мухими характери сиёси доштаро ба тарики раъйпурси бо иштироки васеи шахрвандон хал карданд.
Икдоми гузаронидани бозсози бевосита аз тарафи ХКИШ тайёр карда шуда буд. Равандхои бозсози, ки дар заминаи ошкорбаёни мегузашт, боиси тезутунд гаштании вазъияти чомеа ва ташкил ёфтани се гурухи мухталиф гардид.
Гурухи аввал хохиши ба таври кулли тагйир додани тамоми сохтори чомеаро намехостанд. Шиори асосии онхо сотсиализми тачдидшуда, федератсияи тачдидшуда, бозори танзимшаванда ва хоказо буд.
Гурухи дуввум- тарафдори бозсозии радикали, тамоман бекор кардани сохтори маъмури-фармондихи, барпо намудани иттиходи озоди мамлакатхои сохибихтиёр, эътироф намудани хукуки миллатхо, бозори озод ва чори намудани шаклхои гуногуни моликият ва гайра.
Гурухи сеюм- онхое буданд, ки гох ошкоро гох пардапуш мукобили бозсози мебаромаданд. Онхо тарафдори нигох доштани системаи мавчуда ва мавкеи рохбарикунандаи ХКИШ буданд.
Бозсозии чомеаи Шурави, ки ислохоти радикалии сиёсию иктисодиро талаб мекард, нотамом монд. Илова аз он качравихое, ки дар рафти халли масъалахои иктисоди ба онхо рох дода шуданд, бухрони иктисодии сотсиализмро тезониданд. Кушишхои зиёде, ки аз давраи салатанати Хурушёв сар шуда, Брежнев, Андропов ва махсусан бозсозии Горбачёв пеши рохи ин бухронро гирифта натавонистанд. Дар мамлакат низому тартиб вайрон шуданд. Демократия ба бесарусомонии тамоми хаёти чомеа оварда расонд. Мафия, ки то ин давра пинхони амал намуда, кариб тамоми иктисодиётро ба даст гирифта буд, ба амалиёти ошкор гузашт. Садхо кооперативхо бо ном амал намуда, бо рохи гайриконуни миллионхо сумро сохиб шуданд.
Гурухи чинояткор ба фаъолияти руирост гузашта, тамоми амволи давлатро харида гирифтанд.
Пеш аз он, ки сабабхои пошхурдани Иттиходи Шуравиро дида бароем, чанд сухан рочеь ба мавкеи Точикистон дар давлати Шурави иброз мекунем.
Замони сотсиализм зухуроти пурихтилоф ва гуногунпахлу мебошад. Аз ин чихат таъсири он низ ба зиндагии миллатхои собик ИЧШС мухталиф аст. Ин таъсирро танхо аз чихати тащиди чун зуроварии
айриконуни ва чун зухури сиёсати абадкудрати шовинизми руси на бояд эзох дод.
Сотсиализм ба тамоми качравихо, фаъолияти авомфиребонаи хизматчиёни зинахои гуногун мохияти худро зохир намуд, манфиатхои мехнаткашонро дар худ тачассум намуд. Сотсиализм ба манфиати халк арзи вучуд карда буд ва дар 74 соли хукумати шурохо барои халк бисёр чизхо дод. Танхо шахсони курботин хамаро сиёх карда, намебинанд, ки мамлакати кафомондатарин аз чихати пешрафти иктисоди дар чахон ба чои дуюм баромад. Кудрати мудофиавии пуркувват ба вучуд оварда, сатхи зиндагии мардумро баланд бардошт.
Ин бахусус дар кори боло бардоштани хочаги, фарханг, маорифи халк баръало хис карда мешавад. То солхои 30-юм дар Точикистон ягон донишкада вучуд надошт. Соли 1940 шумораи донишкадахои оли ба 6-то ва микдори донишчуёни онхо 2300-нафар расонда шуд. (Народное хозяйство СССР в 1922-1962г). Дар чумхури дар давраи Шурави чандин корхонахои саноати сохта шуда, шахрхо бо иморатхои замонави бунёд ёфтанд. Хамаи ин танхо бо дасти точикон сохта нашудаанд. Дар таълим ва тарбияи зиёиёни точик профессорони рус пеш аз хама сахмгузор буданд. Махз дар замони Шурави нобаробарии амалии халкхои собик мамлакат бартараф карда шуд.
Точикистон аз Иттиходи Шурави бисёр манфиат бардошт. Сатхи саноат ва иктисодиёти ин давраро ба замони пеш аз инкилоби мукоиса кардан мумкин нест. Албатта дар 25 соли охири мавчудияти ИЧШС ба иктисодиёти Осиёи Маркази аз чумла Точикистон камтарин кисмати маблаггузори чудо карда мешуд. Ин натичаи сиёсати шовинизми бузургдавлатии руси буд, ки тавассути фаъолияти идораи марказии хукумати ИЧШС зохир мегардид. Хатто дар давраи шахспарастии Сталин хам барои инкишофи саноати Осиёи Миёна бештар амхори зохир карда мешуд. Дар он вакт саноати Осиёи Миёнаро аз нести ба вучуд оварда буданд. Дар солхои охир кафомонии Точикистон ва чумхурихои Осиёи Маркази сол то сол шиддат мегирифт.
Масалан, барои инкишофи минтакаи сиёхзамин аз бучаи марказ 35 млрд сум харч, карда шуд, ки ин ба тамоми харочоти чумхурии Осиёи Маркази баробар буд. ( Литературная газета.- 1987.- 4март).
Дар натичаи чунин сиёсати сармоягузори бекории барзиёд ба вучуд омад. Дар Точикистон бештар аз 200 хазор нафар бекорон буданд. (Правда.- 1989.- 16 сент.)
Тамоми ин ба даромади миллии чумхури ва сатхи талаботи ахоли бетаъсир намонд. Даромади милли ба сари хар каси машгули мехнат дар Осиёи Маркази аз 83% соли 1970 ба 75% дар соли 1979 ба 66% соли 1989 фаромад. (Социалистические исследования.- 1989.-№1.-С.9).
Нобаробари дар истехсолот боиси нобаробарии сохтори ичтимои гардид. Масалан, дар Точикистон дар сохаи саноат 28% ахолии банд буда, ахолии шахрнишини Точикистон 28% умумии ахолии чумхуриро ташкил медод. (Социалистические исследования.- 1989.-№3.- С.29). Ин нисбат ба дигар
чумхурихо нишондихандаи пастарин буд.
Тарафи дигари сиёсати хукумат дар тадричан аз байн рафтани забонхои милли асос ёфта буд. Забонхои милли ИЧШС дар сохахои коргузори торафт танг карда мешуд. Таълим дар мактабхо ба забони руси чараён меёфт. Хангоми дохилшави ба мактабхои оли русхо нисбат ба дигар миллатхо бартарият пайдо мекарданд. Зеро миллатхои айрирусзабон русиро хуб аз худ карда наметавонистанд. Аз ин сабаб дар корхонахои саноати, ки дар Чумхурихои милли сохта мешуданд, коргарони баландихтисос аз хисоби русхо интихоб карда мешуд.
Точикистон дар Итиходи Шурави нисбат ба чумхурихои дигар сусттар таракки мекард. Ин ба сармоягузори вобаста буд. Масалан, аз соли 1976 то соли 1990 ба хар сокини Иттиход 9089 сум рост омада бошад, дар Точикистон хамаги 3071 сумро ташкил медод. (Народное хозяйство СССР в 1990г.- С.67).
Хамин тарик, сиёсати шовинизми давлати, ба он оварда расонд, ки халкдои махали аз чихати сохтори ичтимои ва сатхи истехсолот кафо мемонданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222