Главная / Гуногун / КИСМИ АВВАЛ АМАКИ РАХИМ

КИСМИ АВВАЛ АМАКИ РАХИМ

Амаки Рахим дар бистари бемори, ки хамсараш хафтае кабл барои у густурда буд, худро рохат хис намекард. Бо овози паст менолид. Дастхояш хушку ногиро, кафхояш рег вор дурушт, пойхояш бехаракат, ларзону нимчон, чашмо- наш аз харорати баланду дард суп – сурху берух шуда бу- данд. Ба лабони хушку аз харорати баланди таб кафидаву парсингбастааш холаи Майсара- хамсараш бо пахта об ме- чаконд. Забонаш тарошаеро мемонд, ки гахи чакидани об шур буд ё талх. Гохе хунук мехурду гохе оташ мегирифт. Якин харораташ баланд буд. Сараш бо руймоли гулд узи махкам бастаги, курпаи чилдаш аз шустани зиёд ранг- паридаро гох то таки манахаш мекашиду гох бо пойхои бе- мадораш аз болояш дур меандохт. Бо хохиши бемор ба бу- хори холаи Майсара тез – тез тапак мемонду оташ ме- афрухт, то харорати хонаро як навъ нигох дорад, аммо баъди фурсате амаки Рахим бетокат шуда хохиш мекард, ки дару тирезаро кушоянд. Баробари кушодани тиреза пардаи сафеде, ки дар он акси ду кабутар гулдузи шуда буд, алвонч мехурду парандахо гуиё ба парвоз медаромаданд. Ин лахзахо амаки Рахим хам мехост, ки чун ин парда ва чун он кабутарон парвоз кунад, аммо дар ин лахза у палангеро ме- монд, ки аз хамчинсонаш дур афтода, вопасин рузхои умрашро дар танхои мегузаронад. Вучудаш месухт. Об ме- хост.
Чашмонашро пушид. Хохараш Сабохат кузаи оби чаш- ма дар даст, куртаи нави сап – сафед дар бар, руймоли шоли калон дар сар аз пайрохаи кухи гузашта, , хиромон суи ба- родар меомад. Кузаро аз дасти хохараш гирифту ба чои ба лаб бурдан болои сар бардошт. Оби чашма чун оби хаёт ба чисму чони амаки Рахим халоват бахшид. Чашмонашро кушод. Аз он кузаи оби хаётбахш ва хохари нозукандомаш дараке набуду сару танашро араки шур тар карда. Лабхояш ро лесид. Таъми шуриро хис кард.
Амаки Рахим ду мох боз худро бад хис мекард, як хафтаи бистари будан кори худро карда буд. Логар гар- дидаву рангу руяш парида, нури чашмонаш гум шуда. Маъюсу гамгин сар аз болин намебардошт. Нолиши сузонаш калби атрофиёнро реш – реш месохт.
Он руз ба аёдати амаки Рахим хохараш Сабохат омада буд. Чун харвакта ду соат дар назди бародар нишасту майли рафтан кард.
– Сабочон, як шабак бо ман бимон. Ба ту гуфтанихои зиёд дорам. Охир, дар хона келин дори, рузгорат осуда аст, – хохиш кард амаки Рахим.
– Акачон, сад бор шукр, ки шуморо дидаму вактам хуш шуд. Медонед – ку, язнаатон одами бадчахл, омада маро дар хона набинад, хонавода хама дар бало мемонанд. Ху- до хохад, баъди ду – се руз боз меоям.
– Хайр, хохари чон, аз паси хонаву дарат шав, дидорхо то киёмат, – гуфт амаки Рахим чашмонашро пушида.
Сабохат саросема ба хавли баромаду охи пурдард ка- шида, бо нуги руймоли калонаш ашки чашмонашро тоза карда, бо овози ларзону чашмони гирён ба янгааш – Майсара гила намуд:
– Янгачон, чи кор кунам? Бародарам хохиш кард, ки шаб монам. Наметавонам. Дилам об шуд. Худо гирад кисмати бадамро, ки як умр дастнигари марди гандадахан будам…
– Хохари чон, бисёр дилатро хун накун. Иншоаллох, бародарат бакувват аст, аз Худои худ умед дорам. Рахми фарзандонамро хурда, падарашонро дар пешониамон мегунчонад. Ман бе падарашон бо чор бача чи кор меку- нам? – гуфта, Сабохатро ба огуш кашиду домони гиряро сар дод Майсара. Маълум буд, ки ба гуфтахояш бовар надошт. Хар ду зани гамзада чун борони навбахор гири- станду гиристанд…
Амаки Рахим дар вопасин нафасхояш хаёташро сахи- фагардон намуда, бехтарин лахзахои рузгорашро пеши ру овардан мехост. Чашмонашро пушид. Давраи чавониаш- ро ба ёд овардани шуд: муяссараш нагашт. Боз оташ ги- рифт, гарм шуд. Хост хамсарашро чег занад, ки тирезаро кушояд: овозаш набаромад. Холаи Майсара аз пушти мехмон барои гусел баромада буд.
Муйсафед зур зада, чуссаашро аз бистар рахо кардан хост, то дакикае бишинад. Натавонист. Ба атроф нигох кард: асояш, ки чанд рузи охир ба он даст нарасонда буд, дар назди бистараш меистод. Бо дастони ларзон онро ги- рифта, бо тамоми неру онро ба шишаи тиреза нею ба тах- таи он гузошта тела дод. Тиреза калон кушода шуд. Насими форам вориди хона гашт. Муйсафед нафаси чукур кашид. Холаи Майсара шитобон ба хона даромада хитоб кард:
– Чи гап шуд, муйсафед!? Тарсидам…
– Очаш, натарс. Дилам танг шуд, тирезаро кушодам, метавони онро бипуши. Хунук хурдам. Рав, аз пайи корат шав! Ман хам кор дорам… – гуфту чашмонашро пушид.
Аз ду бари руяш ашк мешорид. Чун навори филм хаёташ охиста аз пеши назар гузашт: Кудакии у ба солхои пеш аз чанги Олмон рост омада буд. Дар он чанг аз хар хона як – ду нафари курбон шудаанд. Падари Рахим низ охирхои со- ли 1944 – ум аз тири душман кушта шуд, хатти сиёх хонаи онхоро сиёхтар аз шаби тор намуд. Оху нолаи модар ва се хохараш дили уро реш мекард. Саломатии модар ва хохаронаш хам хуб набуд. Аз сарди ва гуруснаги азоб ме- кашиданд. Модар бо умед насихаташ мекарду хамзамон васият:
– Бачачонам, акнун ту ягона марди хонаи. Баъди сари ман хохаронатро танхо намон…
Баъди як хафта аз олам чашм пушид, модар.
Хохаронашро ба Хонаи кудакон супориданду уро ба хидмати харби даъват карданд. Гарчанде дар комиссариа- ти харби фахмонданд, ки Рахим сардори оила аст, бехуда баромад. Чони кадбаланд ки буд, уро ба хизмати бахри фиристоданд. Се сол хидмат кард. Соли аввал аз надони- стани забони руси азоб кашид, сипас хамааш хуб шуд.
Баъди адои хидмат аз пайи ёфтани хохаронаш шуд. Ду хохари хурдаш аз касалии домана фавтида, хохари ка- лони – Сабохат мактабро хатм мекард. Онхо бо оху нолаи сузон хамдигарро ба огуш кашида, аз такдиру кисмати бадашон ашк рехтанд. Лаънат ба чангу чангчуён гуфтанд. у дар колхоз кор карда, хохарашро бо обру ба шавхар баровард. Сабохат дар оилаи серфарзанде аз дехаи хам- соя келин шуд. Ду сол фарзанд наёфт. Хусуру хушдома- наш одамони чохил буданд. Дар ду – се мох як маротиба ичозати хонаи бародар омадан дошт. Баъди ду соат ба хонааш бармегашт. Бародар бошад, мехост хохарашро тез – тез бинад. Хар гохе хабаргири равад, кошу кавоки хусуру хушдомани уро сахт гирифта медид. Боре, ба хохараш, хонаи у омада буд,гуфт:
Сабохатчон, хохари азизам, ба хонаи хуб наафтидаи. Биё, чудо шав. Худам рузатро бо шохи мегузаронам.
Акачон, аз хаёти ман дар ташвиш мабош. Хамааш хуб мешавад. Хама дагалии хонавода аз бефарзандии ман аст. Худо хохад, ба наздики модар мешавам…
Аз шунидани ин хушхабар бародар хурсанд шуда, тухфахои бисёр хариду хохарашро худаш ба хонаи шавхар бурд…
Рахим хам баъди чанд хафта хонадор шуд, бо тую та- мошо ва хаваси зиёд. Баъди панч соли хонадори аз бефар- занди чудо шуданд. Бори дувум хам фарзанд наёфт. Бори севум ба зани шавхармурдаи кудакдор издивоч кард. Ба хавлиаш по гузоштани Майсара ва Мурод хайру сафо овард.
Лабони парсингбастааш майли табассум карданд.
Паю кадами Майсара ва Мурод хаёти уро тагйир дод. Писари якум, дувум ва севум. пайи хам ба олам ома- данд.
– Ох, фалак, ох, фалаки бешафкат! – нолиш кард муй- сафед. – Фалаки бевафо, нагузошти, ки фарзандонамро хононам, тую тамошо дода, хонадор кунам, рохати онхоро бинам. Охир, мурдан намегурезад – ку! Омадани марг бебозгашт аст. Афсус…
Амаки Рахим холаи Майсараро наздаш хонда хохиш кард:
– Очаш, хамсояамон Тошалиро даъват кун.
– Тинчи аст, муйсафед? Ба амаки Тошали чи кор доред?
– Очаш, гапро зиёд накуну фирист бачахоро ба хонаи Тошали. Аз у як чизро пурсидан мехохам.
Баъди чанде Тошали давида ба хавли даромаду:
– Хамсоячон, чи шуд!? – азбаски ахли деха аз бемории амаки Рахим хабар доштанд, изтиробашро пинхон накарда пурсид.
Майсара китф дархам кашида посух гардонид:
– Намедонам, назди амакатон дароед.
Муйсафед аз омадани Тошали хурсанд шуд. Онхо дар танхои сухбат карданд. Баъди ним соат Тошали бо амаки Рахим хайрухуш намуда, ба хавли баромаду табассуми рамздоре кард.
– Хамсоячон, муйсафед чи гап доштааст? – пурсид Майсара нуги руймолашро зери дандон карда.
– Хохарам, рости гап, максади амаки Рахимро нафахми- дам. У чи тавр пайванд кардани олу ва гелосро пурсид. Гуфт, ки насиб бошад, бахорон якчанд дарахтро пайванд хохад кард. Иншоаллох, бемории муйсафед ру ба бехбуд овардааст, модоме ки бахорон нияти пайванд кардани да- рахтонро дорад, – гуфт Тошали ва бо табассуми малех бо хонавода хайрухуш карда, аз хавли баромад.
Оби чуйборе, ки аз шафати хавли мегузашт, имруз хеле лой буд. Одатан, рузхое, ки борони сел меборид, об чунин ранг мегирифт, аммо имруз борон наборидааст.Чаро об лой аст? Аз вазидани насими сабук баргхои хазони зарду сурхшудаи дарахтони хавли ва богчаи назди хона шибир – шибиркунон алвонч хурда, гуиё ракскунон ба руи хавли ме- рехтанд. Аз шаб боз бетокати ва уллоси саги Хайбари гушбуридаи чупони ба дили хонавода сиёхи мекорид. Саги чашмонаш обраву гамолуда гирди сутуни долон чарх меза- ду дуздида – дуздида суи тирезаи пастаки хонаи хоби амаки Рахим нигох мекард. Мегуянд, ки саги вафодор аз пешома- ди нохуш пештар аз дигар махлукоти хона огох мешавад.
– Очаш, Муродчонро ба наздам бихон, – дастур дод амаки Рахим.
Холаи Майсара хомушона лаб газида, ба хавли баромад. Сояи харос дилашро сиёх карда буд. Муродро, ки ба тоза кардани огил машгул буд, ба назди падараш хонд. Як сар гови душо, гусола ва ду гусфанду се буз сарвати ин оила ба хисоб мерафт. Холаи Майсара хар руз панч – шаш литр шир душида, як литрашро барои хонавода истифода мекар- ду дигарашро фурухта, сарфи камбуди рузгор менамуд.
Мурод молхонаро тоза руфту намаксанги калонеро аз як гушаи огил кашолакунон ба назди охури гов овард. Гови кашкаи пешонасафед забонашро бароварда, ба лесидани намак огозид. Аз тирезачаи хурдакаки огил поруи гункар- даашро ба берун партофту барои тапак дар як чо чамъ кард ва дастонашро шуста, либосхояшро афшонду музахои кер- зашро, ки махсус дар кори сахро ва огил мепушид, дар зери долон аз по кашида, як су гузошту ба хона даромад.

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222