Главная / Илм / БА ТАЛАБОТИ ЧАНГ МУВОФИЦ КАРДАНИ КОРИ АКИБГОХ

БА ТАЛАБОТИ ЧАНГ МУВОФИЦ КАРДАНИ КОРИ АКИБГОХ

Дар Точикистон аз рузхои аввали чанг тамоми фаъолияти идораю муассисахои давлати-хочаги ба максади конеъ гардонидани талаботи чанг мувофик гардонда шуд. Мардум дар шахру навохихои чумхури ба гирдихамои чамъ шуда, барои ба мудофиаи Ватан тайёр будани худро изхор менамуданд.
Дар чумхури ба фонди мудофиаи маблагчамъкуни сар шуд. То мохи декабри соли 1941 ба фонди мудофиа 2320 нимпусти, 1274 -камзули муина, 4114 дастпушакхои гарм, 7600 чуфт либоси тах, 5715 хазор телпаки гарм ва хазорхо тонна махсулотхо ва ашёи хом чамъ карда ба давлат супориданд. (Рахимов С.А. Точикистон дар солхои чанг.- Душанбе.- 2005. – С.17).
Сокинони чумхури барои сохтмони калонаи танкхои «колхозчи Точикистон» 84-млн, эскадрилияи тайёрахои чангии «Точикистони Шурави» 32,5 млн.сум ба фонди мудофиа 120 млн. суми накд супорида ба микдори 584 млн. сум ба заёмхои давлати обуна шуданд. То 20 октябри соли 1942 аз Точикистон ба чанговарони фронт 108 вагон ба микдори 963342 кг маводхои гуногуни хурока фиристода шуд. (Рахимов С.А. Асари номбаршуда.- С.18-19).
Дар солхои чанг Точикистон чандин хазор оилахоро аз районхои мувавдатан аз тарафи душман ишгол кардаи районхои Гарби кабул кард. Чандин муассисахои саноати ба Точикистон кучонда шуданд. Масалан Точикистон 119856 оилахо аскарон ва афсарон, асбобу анчоми 30 корхонахои саноатиро кабул карда буд.
Мувофики карори Комитети мудофиаи мамлакат барои сохтмони корхонахои саноати мудофиави дар акибгох 51360 сокинони чумхури ба сифати баталионхои коргари сафарбар карда шуданд.
Ба душвории солхои чанг нигох накарда сохтмони саноат бо суръат идома ёфт. Аз 1-июли 1941 то 1 январи соли 1946 дар Точикистон зиёда аз 20 корхонахои саноати сохта шуданд. Масалан заводи семент, таъмири автомобил, заводи электромеханики, навбати аввали комбинати бофандагии ш. Душанбе, фабрикаи ресандагии ш.Душанбе, фабрикаи ресандаги дар Конибодом, заводи ширу равган дар Душанбе ва Ленинобод дар ин давра ба истифода дода шуданд.
Дар солхои чанг хочагии кишлок ба душвории зиёд дучор гардид. Азбаски як кисми нохияхои аллакори мамлакат аз тарафи душман ишол карда шуданд, вазнинии бо озука таъмин намудани кушун ва ахоли ба зиммаи нохияхои шаркии мамлакат, аз чумла Точикистон афтод. Истехсоли зироатхои галладонаро зиёд, майдони кишт, махсусан зироатхои полезиро васеъ намудан лозим омад.
Дехдонони точик тамоми ин душворихоро паси сар карда дар таъмин намудани ахоли ва кушун бо махсулоти хочагии кишлок сахми калон бозиданд. Ба чои мардхои ба фронт рафта дар сахро занон ва кудакон мехнат мекарданд.
Хазорон нафар занон ва наврасон касби кишоварзиро аз худ намуданд.
Дар натичаи диловари зиёда аз 7 хазор пешкадамони хочагии кишоварзии чумхури бо ордену медалхо ва дигар мукофотхои давлати сарфароз гардонида шуданд. Муассисахои мадани-равшаннамоии чумхури сарфи назар аз мушкилихои солхои чанг кори худро ба талаботхои давраи чанг мутобик намуда, дар галаба аз болои фашизм сахми калон гузоштанд.
Дар солхои чанг ба Точикистон беш аз 10-омузишгох ва мактабхои махсус ва 546-нафар ходимони сохаи санъат оварда шуданд. Ин мутахассисони сохахои гуногун дар пешрафти илм, маданият ва маорифи чумхури сахми босазо гузоштанд.
Дар солхои чанг дар теари давлати академии ба номи Лохути песаи «Ба ч,анг»-и ЁЕубчонов, «Дили модар» ва «Хонаи Нодир»-и Ч.Икроми, «Дар оташ»-и С.Улугзода ва гайра намоиш дода мешуд.
Хунарпешагони Точикистон ба фронтхо рафта ба чанговарони Сурх номоишномахо нишон медоданд. Кормандони санъати чумхури танхо дар соли 1941 дар назди чанговарон 760 маротиба намоиши консерти ташкил карданд. Дар ин солхо бастакорони точик З.Шохиди, Ш.Бобокалонов, А.Камолов, Ф.Солиев дар инкишофи санъати театрии опера ва балет хиссаи сазовор гузоштанд.
Дар солхои чанг фаъолияти киноматографияи точик ба эчоди корнамоии мехнати ва кахрамонии чанги равона карда шуда буд. Филмхои бадеии эчодшуда ба монанди «Писари Точикистон», «Касами Темур», «Точикистон» корнамоии чанговарони точикро дар харбу зарбхои шадиди зидди душман тараннум мекард. Ин филмномахо дар баланд бардоштани хисси ватандустии чанговарон накши калон бозиданд.
Дар солхои чанг адибони точик дар бедор намудани хиссиёти бадбинии омма нисбати душмани гаддор сахми калон гузоштанд. Онхо тамоми истеъдоди хешро ба мавзухои мудофиаи Ватан бахшиданд.
С.Айни дар маколахои публисистии худ «Чингизи асри ХХ», «Деви хафтсар», «Хари бедум» образхои афсонахои кадимаро истифода бурда, симои вахшиёнаи сарварони фашисти Гитлер ва Мусолиниро ба таври хакики дарёфт намуда, мубориза бар зидди онхоро падидаи адолатнок медонист. Дар асархои бадеи-тахърихи «Кахрамони халки точик Темурмалик», «Исёни Муканнаъ», «Шеърхои Масква» ва «Ленингради кахрамон» ояхои мухаббати бепоён ба Ватан, дустии байни халкхоро тараннум намуд.
С.Айни дар маколахои публистии худ касонеро, ки ба мардум зарар мерасонданд нобуд сохта, фашистонро беинсоф, одамкуш, аддор меномад, ки хатто ба тифлакон ва пирони барчомонда хам рахму шафкат надоштанд.
Эчодиёти М. Турсунзода, А.Рахими ва дигарон низ ба мавзуи химояи Ватан бахшида шуда буд. Дар баробари ин бисёр адибони точик дар як вакт хам бо ярок ва хам бо калам ба мукобили душман мечангиданд, ки кисме аз онхо дар чанг чонашонро нисор карданд. Х.Юсуфи, С.Улугзода, Ф.Ниёзи, Б.Рахимзода, Л.Бузургзода ва дахо нафари дигарон аз кабили онхо буданд. Дар солхои чанг ба душвории замон нигох накарда ба инкишофи илм дар Точикистон дивдати зиёд дода мешуд. Яке аз зухуроти амхори нисбати илм дар соли 1941 ташкил ёфтани филиали Тикистонии Академияи илмхои ИЧШС мебошад. Дар системаи филиал 5-нафар докторон ва 22-нафар номзадхои илм кор мекарданд. Дар солхои чанг 16-рисолаи доктори 32-рисолаи номзади дифоъ карда шуданд. Олимони ин муассиса лугати терминологияи харби ва 50-номгуи ойинномахои низомиро ба таъбу нашр расонданд.
Бо чидду чахди тамоми мардуми Шурави дар майдонхои харбу зарб, дар мухорибахо бо урдуи хеле пуркуввати фашисти ба муваффакиятхо ноил мегаштанд. Мухорибахои шадиди Москва, Сталинград, Курск ва гайра далели кахрамонихои мардуми Шурави мебошад.
Муваффакиятхои Артиши Шурави тамоми куввахои зиддифашистиро рухбаланд карда муборизаи иттиходи мамлакатхои зидди гилтери аз соли 1943 фаъолтар гардид. Ба ин иттиход 23 давлат дохил мешуданд. Мухорибахои дар ду чабха ба мукобили Олмон бурда мешуданд. Аммо вазнинии чанг аз аввал то охир ба души давлати Шурави ва артиши он афтид.
Мохи майи соли 1945 Олмони фашисти ба акти таслимшави имзо кард. Рузи 9-уми май рузи алаба дар Чанги Бузурги Ватани, ки 1418-руз давом кард, мебошад. Аммо чанги чахони хануз дар Шарк идома меёфт. Иттиходи Шурави дар асоси созишнома ба иттифокчиён ухдадор шуд, ки дар торумор кардани Японияи милитаристи ширкат намояд.
Мувофики ин карордод урдуи Иттиходи Шурави мохи августи соли 1945 ба чанги зидди Япония дохил шуданд. 2-ми сентябри соли 1945 Япония таслим шуд. Дар рафти мухорибахо рохбарияти Америка бе ягон зарурияти харби дар Япония ду бомбаи атомиро истифода бурд. Шахрхои Хиросима ва Нагасаки ба харобазор табдил ёфтанд. Ин кирдори вахшитарин дар таърихи чанги дуюми чахон буд, ки империалистони ИМА барои нишон додани кувваи харбии худ ва тарсондани ахли башар чунин чиноятро содир намуданд. Ихтирои аслихаи нави катли ом дар
муносибатхои байналхалкии баъди чанги таъсири худро расонд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222