Главная / Илм / ПАЙДОИШИ ИНСОНИ ОКИЛ

ПАЙДОИШИ ИНСОНИ ОКИЛ

Мувофики маълумоти тозатарини илмии инсоншиноси таърихи ташаккул ва чудо шудани он шохаи чонварон, ки баъдан аз он инсон ташаккул ёфтааст ба 50 миллион соли пеш ва пайдоиши мавчуде дар руи Замин, ки онро метавон ниёгони инсони окил номид, наздик ба 6 то 3 миллион сол пеш тахмин шудаст. Аммо дар мукоиса бо ин давраи диндории одамон як хиссаи ночизи ин таърихро ташкил мекунад. Олимон аксарият, пайдоиши динхоро худуди 40 то 25 хазор сол пеш аз ин, дар давраи палеолити поёни ( яъне огози асри санги) муайян кардаанд.

Пас маълум мешавад, ки камаш зиёда аз 2 миллиону 970 хазор сол, баъди хамчун инсон ташаккул ёфтан, инсоният бе дин зиндаги кардааст. Баррасихову омузиши чоххо ва манзилу нишемангоххо ва кабрхои кадимтарини одамон (архантропхо[1]) ба олимон хеч гуна далелу бурхоне, ки мустаким ё гайри мустаким ба диндории онхо далолат кунанд, то хол, надодаанд. Дин хатто панчсад то сад хазор сол пеш аз ин, дар назди чонварони шабехи инсон аз кабили «питекантроп»-хо ва «синантроп»-хо низ, вучуд надоштааст, зеро аз мутолиаи нишемангоххо ва манзилхои онхо чизе, ки камтарин далолат ба диндории онхо кунад, пайдо нашудааст.

Олимон инсони неандерталро*, ки дар асри сангини боло зистааст, нахустодами диндор дар руи замин мешуморанд, ки мобайни сад то бисту панч хазор сол пеш аз ин мезистааст. Баъзе ашё ва осоре, ки дар чойхои зист ва кабрхои ин одамон ёфт шудаанд, хикоят аз навъи эътикод ва боварихои онхо доранд.[2] [3] Аз чумла, дар кабру гурхо хамрохи мурдагони худ гизову таъом ва хамчунин асбоби чангу набард- асбоб аслихаи чангии санги ва г-раро дафн кардаанд, аз ин метавон тахмин кард, ки онхо як навъ бовари ба аз нав зинда шудан ва хаёти баъд аз марг ё тасаввуроти дигаре доштаанд.

Баъдтар, худуди 30- 25 хазор сол пеш аз ин одамони шабехи мо, ки кроманионс (Сго-Матоп$) * номидаанд зиндаги мекарданд. Кроманионсхо одамони окил (Ното- $ршя) дорои кобилияти тафаккури тачриди (абстракти) будаанд.

Кроманионсхо дар вокеъ нажоде аз башари хакикии камолёфта будааст. Косахонаи сари онхо як микдор бузургтар аз косахонаи сари имрузаи башар, баландкоматтарин ва танумандтарин нажодхои башари чахон будаанд. Онхо хам, монанди гузаштагони худ-неандерталхо мурдахои худро дар зери хок месупориданд ва расми ачибе доштаанд, ки бадан ва устухонхои мурдахоро бо як навъ ранги сурхе рангин мекардаанд. Ин худ гувохи ба чой доштани маросимхои хосе дар асоси эътикоди дини мебошад. Гузашта аз ин наккоши ва рангомези дар хаёти ин гурухи башари накши бузурге доштааст, дар горхое, ки фаслхои сармо дар он зиндаги ихтиёр мекардаанд, нигорандаги ва наккоши аз худ боки гузоштаанд. Олимони инсоншиносу бостоншинос бар ин акидаанд, ки кроманионсхои шикорчи кабл аз он, ки ба шикор раванд дар манзилгоххои худ, хамон гушахои горхои торик чамъ шуда, бо маросим ва ташрифоти хосе пешвоёни худро бар он таргиб мекардаанд, ки бадани ин хайвони руи сангхо кашидашударо ранг намуда, аломати аслиха ё афзоли шикори бар он гузорад, факат баъд аз хамин аз магорахо берун мерафтаанд ва бовари доштаанд, ки он амалеро, ки дар гор таваххум ва тасаввур карданд, ба зуди ба вукуъ хохад пайваст.

insonХулоса барои аз кувва- имкон (потенция) ба феъл омадан (вокеъият ёфтан)-и он кобилияти зотии диндори ва худочуии инсон замони тулонии дуру дарози таърихи ва шароити маърифатию ичтимои ( сабабу иллатхои гуногун) лозим буд. Аз ин ру метавон гуфт, ки харчанд диндори билкувва хусусияти зотии инсон бошад хам, дин дар чамъияти инсони аз азал набуда ва пойдоиши он дорои чандин омилхо ва решахоест, ки дар диншиноси омухта мешаванд. Барои он ки инсон олами вокеи, хаводиси табиат, чамъият ва мохияти худро шиносад ин мукаддамот зарурат дошт. Чунин имконият ва кобилият дар инсони таърихи танхо дар давраи палеолит (100­25 хазор сол пеш) пайдо гардида, то давраи неолит (асри сангини нав 7-5 хазор сол пеш) ташаккулу такомул ёфта ва заминаи пайдоиши аввалин тасаввуроти соддаи дини гардидаанд. Ин давраро метавон давраи худшиносии инсон, давраи тазаккур, ёдоварии мохияти фитрии хештан, давраи нашъу намои исолати зотии инсон дар асари таъсири сабабу ангезахои маърифати, ичтимои ва г-ра номид. Ин раванди худшиносии инсон дар даврахои баъди низ то пайдоиши динхои тавхиди катъ нагардид.

[1] архантроп (юн. агсйаюз кадим +ап1горос одам)- истилохест дар инсоншиноси барои ифодаи навъхои одамони кадим аз навъи питекантропхо ( юн. рнИекоч маймун+ апИороз одам) ва синантропхс( 8та Хитой+ ап1гороч одам – одами кадимае, ки дар Хитой наздикии Пекин ёфт шудааст) .

* неандерталь( номи водии Неандерталь дар Олмон- чои аввалин бозёфт бокимондаи одамони кадим аст, ки соли 1856 кашф шуда)- навъи одамони хафриётии кадим, ки дар тахаввули инсоният махалле байни питекантроп ва одамони хозираро ишгол мекардаанд.

[3]   Ф. Кликс. Пробуждающееся мышление:У истоков человеческого интеллекта\\ перев.с нем. М.: Прогресс. 1983.-С. 136-137.,144-146.

* кроманьонцы ( аз номи гори Кро-Маньон дар Франсия, ки махалли аввалин базёфти бокимондахои хафриётии одамон аст)- навъи одамони шабехи одамони муосир ,ки дар Аврупо мезистаанд ва аз неандертальхо хело фарк мекардаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222