Главная / Илм / ҒАЛАБАИ ИНЦИЛОБ ДАР БУХОРО

ҒАЛАБАИ ИНЦИЛОБ ДАР БУХОРО

Абдукодир Мухиддинов яке аз чавонбухориени фаъоли точикпараст буд, ки соли 1919 ташаббускори таъсиси хизби коммунистии Бухоро буд.(И.Усмонов, Д.Давронов Таърихи матбуоти точик Душанбе-1997,-с.61.)
Инкилоби Бухороро танҳо коммунистон тайёр накарданд.Имруз андешае мавчуд аст, ки дар Бухоро аслан инкилоб набуд ва онро танҳо русҳо ишол намуданду халос. Ин акида ба илм умумияте надорад. Он зухуроте, ки дар Бухоро тагироти қатъии ичтимои ба амал омад,бозгуяндаи инкилоб аст. Зиеда аз он инкилоб аз замири калби онҳое буд,
ки бандагиву бечораги рузашонроба шаби тор табдил
намуда ва андешаҳои онҳоро на танҳо коммунистон, балки намояндагони хизбҳои дигар, аз чумла на танҳо
чавонбухориен, балки намояндагони хизбҳои дигар дифоъ намуданд.
Аз нокомии фаъолияти Колесов роҳбарияти шӯрави ба хулоса омад, ки дар Бухоро барои ба амал баровардани дигаргуниҳои инкилоби бояд заминҳои сиёси тайёр карда шавад. Пеш аз ҳама зарур буд, ки сохтори маркази роҳбарияти инкилоби мушахас гардонда шавад. Дар дохили Бухоро барои ташкил додани хизби ба хизби большевикон шабоҳат дошта заминаҳои ичтимои набуданд. Дар сартосари сарҳади Туркистон ва аморат шаҳру деҳаҳои руснишин воқеъ буда, онхо тарафдори сарнагун кардани сохти амири буданд. Барои ташкил намудани хизби коммунисти гурезаҳои аморат, ки баъди кӯшиши бебарори Колесов ба Туркистон гурехта буданд, кӯшиш мекарданд. Маҳз чавон-бухориён барои ташкил намудани хизби коммунисти замина гузоштанд.
Аз ибтидои соли 1918 барои созмон додани хизби коммунистии Бухоро киш мекарданд. Ниҳоят мохи ноябри соли 1918 дар Тошканд анчани I хизб даъват карда шуда, ташкилёбии хиб эълон шуд. Дар анчуман мақомоти роҳбарикунандаи КМ ХК Бухоро интихоб гардида, А. Ёкубов Раис ва Н.Ҳусейнов муовини раиси хизб интихоб шуданд. 23 декабри соли 1918 дар мачлиси КМ хизб барномаи он кабул гардид. Дар барнома барҳам додани сохти амири ва барпо намудани чумхурии халкии шӯрави дар назар дошта мешуд. Ҳизб матбуоти худ (соли 1920 рӯзномаи «Тонг» «Субх» ва баъдтар «Кутлуш» «Озоди»)-ро дошт.
Дар баробари хизби коммунистии Бухоро хизби чавонбухориён ба фаъолият сар кард. Мохи январи соли 1920 дар Тошканд хизби чавонбухориён ба фиркаи чавон бухориён- инкилобчиён табдил ёфт.
Раиси хизб яке аз фаъолони ҳаракати чадиди Файзулло- хоча интихоб гардид. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ба хизб бештар аз 900 нафар шомил буданд. 14 январи соли 1920 барномаи хизб интишор гардид, ки дар он дар бораи барпо кардани низоми нави одилона дар Бухоро ва вазифаҳои хизб нишон дода шуданд. Дар барнома инчунин дар бораи аз мансабҳои интихоботии давлати дур кардани истисморгарон, хонҳо, бекон, амалдорони калон ва намояндагони руҳониёни баландрутба дар назар дошта мешуд. Барои ташкили хукумати халқи тамоми миллатҳои маскуни Бухоро дар асоси адолат чалб карда мешуданд. Ба дехдонон додани тамоми заминҳое, ки аз амалдорони амири, бекҳо ва бойҳо кашида мешавад дар назар дошта мешуд. (Инкилоби Бухоро //Садои Шарк.- 1990.- № 9.- С.100).
Бояд қайд кард, ки чавонбухориён тачрибаи муборизаи солҳои пештараро ба назар гирифта ба хулосае омаданд, ки барои ба даст даровардани муваффакият ба хизби коммунистии Бухоро мутахид шудан ба мақсад мувофиқ аст. Аз ин сабаб масъалаҳои якчоя намудани созмони худро бо ХБК ба миён гузоштанд. Ин масъала 28 июли соли 1920 дар бюрои ташкилии КМХК(б) Россия мавриди барраси қарор гирифта 18 август дар бораи муттахид кардани ХБК бо чавонбухориён қарор қабул шуд.
10 августи соли 1920 дар Бюрои сиёсии КМХК(б), ки В.Ленин иштирок дошт, масалаҳои сиёсии Бухоро мавриди муҳокима карор гирифт. 11 август ба Тошканд дастури КМХК(б) фиристода шуд. 12 август фармондихии чабҳаи Туркистон М. Фрунзе ба аскарон мурочиат намуда мегӯянд: «Ба иртиботи хуручи мавриди интизории халки Бухоро дар рохи муборизаи рӯ ба рӯ бо амири худ» ба ҳуҷум омада бошанд. Барои ба шӯриш роҳбари кардан 25 август «Маркази хизби» созмон дода шуд. Ба ҳайати маркази хизби В.Куйбышев, Н.Хӯсенов ва Ф. Хоча дохил мешуданд.
Вазъият амалиёти фавриро талаб мекард. Вале кувваҳои инкилоби дар Бухоро камшумор буданд. Аз ин рӯ чавонбухориён ва коммунистони Бухоро бе ёрии ҳарбии шӯрави ба муваффакияти мубориза боварии комил надоштанд.
Бомдоди 29-августи соли 1920 дастаи савораи низомии Туркман таҳти фармондехии Кулмуҳаммадов Чорчуйи кӯҳнаро ишол намуда, беки онҷоро дастгир кард. Дар ин ҷо Комитети инкилоби таъсис ёфт ва аз фармондеҳи ҷабҳаи Туркистон ёри пурсид. Аскарони сурх 29-август бо дастгирии тайёраҳо ба шаҳри Бухоро ҳуҷум карданд.
Яке аз иштирокчиёни бомбаборонкунии Бухоро Фоусен он рӯзҳоро чунин ба ёд овардааст: – «Мо Бухороро бомбаборон мекардем ва иморатҳои кадимаро ба харобазор табдил додем. Махсусан вақте, ки бомбаи партофтаамон рост ба манораи марг мерасид шодию хурсанди мекардем. Ҳарчанд барои мо ин ҳадафзаниҳо моҳиятан фоидае надошт…» (Тоиров.Т. Бомбаборони Бухоро //Садои Шарқ.- 1990.- С. 95). Тупзаниҳои на танҳо сарбозони амирро ба ваҳм меоварданд балки сокинони шаҳр ки тайёраҳоро ҳаётан надида буданд аз тарс ба ҳар тараф медавиданд.
Мувофики баъзе маълумотҳо Бухоро 20 рӯз дар ҳукми сӯхтор буд. Дар натиҷа 34 гузар, зиёда аз 1000 дӯкон, 20 сарой, 29 масҷид, 3 ҳазор ҳавли сӯхта хароб шуданд. (Мухторов А. Даруни ҷомаи рангин // Адабиёт ва санъат.- 1990.-18 янв.).

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

Биби

Маоши аввал – ҳикоя

Қариб як ҳафта буд, ки Саидахола дар ҳавлӣ танҳо мезист. Писараш дар хидмати ҳарбӣ, кели- …

222222222222222