Байни солҳои 5300 то 4000-ум т.м. дар водии Байнанаҳрайн дар як вақт ду тамаддуни бузург: сумерй (шумерй) ва акодй ба вуҷуд омада буд. Сумер ноҳияи ҷанубӣ ё Байнаннаҳрайн қисмати поёнии онро дар ҳамсоягии Халиҷи Форс ишғол карда буд. Ин қавм зиёда аз 3 ҳазор сол пеш аз мелод дар он ноҳия сукунат доштаанд ва дорои тамаддуну фарҳанги куҳансоле будаанд. Дар натиҷаи кофту ковҳо- ҳафриёти бостоншиносон осори гаронбаҳое аз тамаддуни бостонии ин сарзамин ба даст омадааст. Ноҳияи акод дар шимоли Байнаннаҳрайн, водии Фрот воқеъ.
Бобил*(ё Бобилистон- Вавилон) яке аз марказҳои тамаддуни бостонӣ ба шумор меравад. Чун дар Миср, дар Бобилистон низ меъморӣ, алалхусус сохтмони маъбадҳои азим расм шуда буданд. Бурҷи Бобил (вавилонская башня), ки дар Таврот ва Қуръон низ ёдоварӣ мешавад ва инчунин қасру маъбадҳои маъруфи зиёде дар ин давра бунёд карда мешавад. Дар қиссаҳои исломӣ тамаддуни бобилӣ ва сохтани бурҷи номбурдаро бо шахсияти Намруд (Нимруд) марбут донистаанд.
Байнаннаҳрайн дар замони подшоҳии Ҳаммурапӣ(1792-1750 т.м.) ба як кишвари ягонаи Бобилистон муттаҳид карда мешавад. Маъруфтарин ёдгории хаттии давраи ҳокимияти Ҳаммурапӣ « Маҷмӯи қонунҳо»-и ӯст, ки аввалҳои а.ХХ. бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт сутуни сангие пайдо карданд, ки ин қонунҳо дар болои он навишта шуда буданд
Бобил аз маҷмӯи давлатшаҳрҳое, ки ҳар кадом ҳокимияти мустақилу худмухтор доштанд ташаккул ёфта буд. Хусусияти муҳими фарҳангию мадании давлатшаҳрҳо дар тамаддунҳои мисрӣ, бобилӣ ва Амрикои Лотин аз он иборат будааст, ки дар маркази он одатан маъбадҳои азими мазҳабӣ бунёд мекарданд ва ин анъана аз хусусиятҳои муҳими динҳои миллӣ-давлатӣ буд. Ин гуна маъбадҳои азим дар маркази давлатшаҳрҳо ҳам азамату шаҳомати ҳокимияти давлатӣ ва ҳам шӯҳрату мақоми иҷтимоии динҳои миллиро таҷассум мекарданд. Маъбадаҳо на танҳо марказҳои мазҳабию маънавӣ балки марказҳои иқтисодию хоҷагӣ, амонат- нигаҳдори сармояи мардум низ будаанд.
Аз таърихи тамаддун маълум аст, ки дар Шумеру Бобил илм ва фарҳанг дар ниҳояти рушд ва тараққӣ будааст. Шаҳрсозию меъморӣ, суратгарӣ, ҳайкалтарошӣ, таърихнигориву адабиёт, тиб(б), риёзиёту ҳандаса, маъданобкунӣ, сохтани дастгоҳҳои бофандагӣ, сохтани плугҳо, чархаробаҳо, асбобҳои мусиқӣ дар Бобилистон ба пояҳои баланди тараққиёти худ расида буданд. Дар соҳаи иқтисодӣ рушди кишоварзӣ ва тиҷорат, ба вуҷуд омадани унсурҳои муносибати сармоядорӣ аз муҳимтарин дастовардҳои ин тамаддун аст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин пештозиҳо навъи парастиши шумерҳо ва бобилиён бисёрхудоӣ буда, бар пояи маросимҳои обшинагӣ бунёд шуда буд.[1] [2]
- «Бобил» аз ду асли умӯмӣ дар забонҳои сомӣ: «боб»– дар , «Ил»–Худо= ба маънии «дар ё дарвозаи Худост».
[2] История Всемирной литературы: Афанасьева В.К. « Литература Древнего Двуречья».-С.86.
- пантеон ( юн.рап-ҳама+&ео8-худо)- ба се маънӣ аст: 1-маъбадест дар Руму Юнон бахшида ба ҳама худоёни ин кишварҳо; 2– маҷмӯъ ё анҷумани ҳамаи худоёни ин ё он дин; 3–оромгоҳи шахсиятҳои бузург.