Яке аз шартҳои ба рушди соҳибкорӣ мусоидаткунанда ин бунёди низоми қонунгузорӣ оид ба соҳибкорӣ мебошад. Барпо намудани заминаи ҳуқуқӣ, асосҳои умумии ҳуқуқи иқтисодӣ ва иҷтимоии ба амал баровардани фаъолияти соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамуд. Яке аз сабабҳои номукаммалии қонунҳо ин набудани механизми қобили танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ва набудани алоқамандии байни хадамоти фаъолияти соҳибкоронро мутобиқкунанда мебошад.
Инчунин як қатор мушкилот дар раванди ташкил ва аз қайд гузаронидани корхонаҳои хурду миёна мавҷуданд. Чунончӣ, ба тарафҳои мусбии ислоҳот дар кишоварзӣ нигоҳ накарда, ҳануз бисёр масъалаҳои раванди азқайдгузаронии хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳиб шудан ба сертификат оид ба ҳуқуқи истифода ва соҳибӣ кардани замин алоқаманд, ҳалли худро наёфтаанд. Барои он, ки фермер сертификатро оид ба истифодаи замин ба даст орад, зарур аст, ки қарори Ҳукумати маҳаллиро соҳиб гардад, аз қайди кумитаи андоз, садорати омор, нотариус, милитсия, Вазорати адлия, Кумитаи давлатӣ оид ба захираҳои замин ва ғайра гузарад. Тибқи иттилооти сершумор ба дастовардани сертификат оид ба ҳуқуқи истифода ва соҳибӣ кардани замин 150-200 доллари ИМА (қариб нисфи даромади миёнаи ҳармоҳаи хоҷагии деҳот)-ро талаб мекунад. Ҳол он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтро барои гирифтани сертификат дар ҳаҷми 6 доллари ИМА муқаррар кардааст.
Барои ташаккули бахши пурқуввати хусусии иқтисодиёт, зерсохтори тараққикардаи соҳибкории хурд, инчунин ташкили дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкории хурд дар мамлакат «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар солҳои 2002-2005 дар Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002 №384 тасдиқ карда шудааст, нақши калонро бозид. Мақсади асосии барномаи мазкур бунёди шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ барои ташаккули бахши хусусии иқтисоди мамлакат, ба амал овардани муҳити рақобатӣ, ташаккули зерсохтории бозории соҳибкорӣ ва амалӣ намудани низоми дастгирии давлатии соҳибкорӣ мебошад.
Бо мақсади тезонидани ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин барои рушди соҳибкории хурд коркарди стратегияи рушди ягонаи бартарафнамоии монеаҳои мавҷудаи ба барқароршавӣ ва гулгулшукуфии бахши хусусӣ халалрасонанда талаб карда мешавад.
Рушду равнақ накарданисоҳибкорӣ ӯро зараровар ва камсамар намудааст. Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасонӣ ба бозор, ки ба табақаҳои дорои даромади баланди аҳолӣ, аммо на ба хизматрасонии табақаҳои камдаромади аҳолӣ нигаронида шудааст, тараққӣ меёбад. Ин ба он оварда мерасонад, ки соҳибкорӣ ба фаъолияти гарон табдил меёбад, ва ба пастшавии сатҳи камбизоатии мардум мусоидат менамояд. Чунин ҳолати тараққиёти соҳибкорӣ ба поёнравии мароқ ба маданияти миллӣ, ва хусусиятҳои маҳал оварда мерасонад.
Таҷрибаи барқароршавӣ ва тараққиёти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба таври эътимодбахш нишон медиҳад, ки аксар соҳибони корхонаҳои хурду калон ба афзоиши минъбада майл надоранд. Хоҳиши асосии онҳо мавҷудияти мӯътадилро таъмин намудан, сармояву, мавқеи худро дар бозор нигоҳ доштан аст. Ин ҳолат бо он алоқаманд аст, ки якум – низоми самараноки ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ ҳанӯз фаъол нашудааст; дуюм – соҳибкорон аз тарафи хадамотҳои назоративу тафтишотӣ фишори муайянеро аз сар мегузаронанд. Аз тарафи дигар, дониши сусти асосҳои андозбандӣ, умури гумрук, умури бонк соҳибкоронро маҷбур месозад, ки нодида гирифтани қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузориро ҷустуҷӯ намоянд.
Як қатор расму тартибҳои маъмурии барои ба даст овардани иҷозат ва ҷавоз лозима (сертификат дар бораи пардохти андозҳо, сертификатҳои сифат, фитосанитария, потент барои рондани автомобил), ки ба нақл ва фурӯши маҳсулот алоқаманданд, вуҷуд доранд.
Агар маҳсулот ба беруни кишвар интиқол дода шавад, сертификатҳои иловагӣ заруранд. Низоми дар ҷумҳурӣ мавҷудаи сертификатдиҳӣ ба яке аз омилҳои асосии пастшавии фаъолияти соҳибкорӣ табдил ёфтааст. Чунончӣ, дар аввалҳои солҳои 2000-ум барои содироти нахи пахта гирифтани наздик ёздаҳ сертификату иҷозатномаҳо талаб карда мешуданд. Барои ин ба соҳибкорон зарур аст, ки ба ҳисоби миёна 3-4 моҳ сарф намоянд, ки дар тӯли он нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ чандин маротиба пасту баланд мегарданд.
Чунин расму тартибҳои сершумори танзимкунанда барои пайдо шудани монеаҳои сунъӣ ва ҷорӣ намудани пулситониҳои ғайрирасмӣ шароит муҳайё месохтанд. Роҳбарӣ ва назорат аз болои риоя намудани дастурҳои танзимкунанда дар дасти хизматчиёни бо техника таҷҳизонида ношуда, ки нисбат ба кор ҳавасмандии паст доранд, дода шудааст. Шабакаи ҳомиён ба муштариён доро ва ба онҳое, ки алоқаҳои хуб доранд, муносибати имтиёзнокро таъмин менамояд. Танзим ва назоратро бо роҳи пардохтҳои ғайрирасмӣ метавон сарфи назар кард. Дар айни ҳол, сертификати сифат ва дигар намудҳои сертификат маънояшонро гум хоҳанд кард.
Монеаҳои саршумори ғайрирасмӣ барои тиҷорат муҳитеро ба амал меоранд, ки барои савдои рақобатӣ ва тиҷоратисозгор нест. Масалан, нисбат ба савдои пахта низоми давлатӣ барои хизматрасонӣ ба қарордодҳо ситонидани ҳаққи иловагиро ҷорӣ намуд ва ҳудудҳои фоизро барои ис+теҳсолкунанда муқаррар намуд. Нархҳо дар Биржаи универсалии молӣ-ашёгӣ гузошта мешаванд, ва ин низом заминаи ҳамарофарогирандаро барои ҳимоятгарӣ таъмин менамояд. Инчунин, норасогии рақобати байни харидорони пахта ҳувайдост. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки 20-40% пахта дар тойҳо нодуруст дараҷабандӣ карда мешавад. Бинобар аз нав дараҷабандӣ кардан, ва муайяннамудани арзиши онҳо, манбаи ихтилофоти байни харидорон ва фурӯшандагон мегардад.
Яке аз шартҳои асосии ба рушди муҳити соҳибкорӣ мусоидаткунанда ин ба амал овардани низоми қонунгузорӣ оид ба соҳибкорӣ мебошад. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қонун аз 12.05.07 №259) қоидаҳои умумии дастгирии давлатӣ, инкишофи озоди соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шаклу усулҳои ҳавасмандгардонию танзими давлатии фаъолиятӣ субъектҳои соҳибкориро муқарар менамояд. Чунин санадҳои қонунгузорӣ оид ба соҳибкорӣ мавҷуд мебошанд. Ин санадҳои қонунгузорӣ оид ба бисёр масъалаҳои соҳибкорӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо ба ҳифзи пурраи ҳуқуқҳои соҳибкорон равона шудаанд. Рушди соҳибкорӣ ин бештар бо мавҷуд будани тадқиқотҳои илмӣ оид ба ҳуқуқи соҳибкорӣ, консепсияии умумии раванди қонунгузорӣ ва консепсияи санадҳои алоҳидаи қонунғузорӣ вобаста аст.
Таҳлили механизми муосири иқтисодӣ-ҳуқуқии ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки гарчӣ соҳибкор бо қонунҳо ва санадҳои ҳукуматӣ ҳифз карда шудааст, аммо сатҳи тараққиёти соҳибкорӣ ба сатҳи андозбандӣ, меъёриҳои қарздиҳӣ, шартҳои суғуртаи хавфи соҳибкорӣ мувофиқат намекунад. Дар маҷмӯъ, соҳибкории муосир бояд дар шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ амал кунад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки мавҷудияти санадҳои сершумори қонунгузорӣ дар соҳаи рушди соҳибкорӣ ҳаргиз далели қатъии ба танзимдаровардашуда будани онҳо намебошад, аксари онҳо дар моҳияти худашон ихтилоф доранд.Сабабҳои бади амалишавии қонунҳо бағоят мухталифанд. Дар байни онҳо сабабҳои ҳам объективӣ ва ҳам субъективӣ мавҷуданд. Қонунҳои аз ҳама беҳтарин ҳам амал нахоҳанд кард, агар барои он шароити зарурии иқтисодӣ мавҷуд набошад.
Тибқи ақидаи коршиносони хориҷӣ, заминаи қонунгузории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулкардашуда ба талаботи кунунии иқтисоди бозорӣ ҷавобгар мебошад. Яке аз сабабҳои бесалоҳиятии қонунҳо мавҷуд набудани механизми фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро танзимкунанда, мавҷуд набудани алоқамандии байни хадамоти фаъолияти соҳибкоронро мутобиқкунанда мебошад. Аксар вақт худи соҳибкорон фаъолияташонро оғоз намуда, мавҷуд будани санадҳои қонунгузориро намедонанд. Сиёсати иттилоотӣ ва рекламавӣ, ки тавонад ба тамоми масъалаҳои дахлдори заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равшанӣ андозад, бояд мавҷуд бошад.
Дар маҷмӯъ, раванди ташаккули муҳити соҳибкориро таҳлил намуда, бояд зикр намуд, ки вай бояд мутобиқи давраи гузариш бошад ва зарур аст, ки оид ба тезонидани ташаккули муҳити мӯътамади соҳибкорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои ташкилӣ-иқтисодӣ ва меъёрҳои- ҳуқуқии зерин ба амал ҷорӣ карда шаванд:
- тартиби бақайдгирии корхонаҳо содда гардонида шавад, номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима ба ҳадди ақал расонида шавад ва мӯҳлати бақайдгирӣ муқаррар карда шавад, масъулияти хадамоти бақайдгиранда барои вайрон кардани мӯҳлатҳои бақайдгирӣ баланд бардошта шавад,барои шаффофият ва дастраси корхонаҳову ҷамъиятчигӣ шароит фароҳам оварда шавад;
- номгӯи намудҳои ҷавозонидашавандаи фаъолияти соҳибкорӣ қонунан муайян карда шавад, тартиби иҷозатномадиҳиро содда намуда, миқдори онҳо кам карда шавад;
- низоми сертификатдиҳӣ ба молҳои таъиноти истеъмолидошта дар асоси иваз намудани сертификатсияи ҳатмӣ, ба истиснои маводи табобатӣ, такмил дода шавад;
- бо мақсади рушди соҳибкории инноватсионӣ такмили низоми андозбандии фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти илмталаб ва фаъолиятҳои таъмини ҷумҳурӣ бо техника ва технологияи пешқадам талаб карда шавад;
- тайёр ва қабули санадҳои меъёрию-ҳуқуқӣ оид ба халос намудани иқтисодиёт аз бюрократикунонӣ тезонида шавад, дар ин замина механизмҳои самарабахши танзим намудан ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурӣ барпо карда шавад;
- ташкили ассотсиятсияҳо, иттиҳодияҳо, иттифоқҳои соҳибкороне, ки соҳаи муайяни иқтисодиётро баён мекунанд, ҳавсманд гардонида шуда, дастгирии давалатии онҳо таъмин карда шавад;
- механизми соддакардашудаи шартҳои ба субъектҳои соҳибкорӣ додани объектҳои ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта бунёд ва ҷорӣ карда шавад;
- низоми иттиолотӣ-машваратии расонидани хизматҳои ҳуқуқӣ, маркетингӣ, коммуникатсионӣ, инжирингӣ, инноватсионӣро ба субъектҳои соҳибкорӣ тараққӣ бояд дод ва санадҳои дахлдори меъёри- ҳуқуқиро оид ба фаъолгардонӣ ва ҳавасмандгардонии кори бозорҳои суғурта ва фондҳо қабул бояд намуд;
- низоми ҳимояи боақлонаро нисбат ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ барпо бояд намуд ва оид ба ҳифзи молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати бадсифат тадбирҳо бояд андешид;
- низоми таҳсилоти касбӣ, таҳрӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ, ки афзоиши фаъолнокии соҳибкоронаи субеъктҳои иқтисодиятро таъмин менаояд бояд тараққӣ дод;
- ҳаҷми дараҷаи иштироки молиявӣ ва масъулияти давлат дар фаъолияти фондҳо муайян карда шавад, инчунин стандартҳои кӯмаки давлат ба корхонаҳои хурд, ки фондҳои давлатӣ ба ҷо меоранд, таҳия карда шаванд;
- тайёр ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва тайёрии интихобии кадрҳо барои сохторҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллии хадамоти ҳукумат, фондҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурд, ташкил карда шавад;
- сатҳи фонди оинномавӣ барои ташкил ва дар ҷумҳурӣ фаъолиятбарии банкҳои хурд ва миёна бо сармояи маҳаллӣ, инчунин банкҳои хориҷии фаръӣ, якҷояи калон ва миёна, ки муҳити рақобатиро васеъ, сатҳи меъёри қарзро кам ва сифати хизматрасониро беҳтар мегардонад, ба таври куллӣ паст карда шавад;
- низоми суғуртаи қарзҳо барои кам кардани хавфи барнагардондани маблағҳои ба қарз гузошташуда таҳия ва ҷорӣ шавад, ҳамзамон расму тартиби гирифтани қарз содда гардонида шавад;
- бар амалияи соҳибкорӣ механизми ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мусоидаткунанда, ки тавонанд сертификатҳояшонро доир ба истифодаи замин ба банкҳои тиҷоратӣ барои ҷалб намудани инвеститсияҳои миёна ва дарозмӯҳлат гузоранд, таҳия ва ҷорӣ карда шавад;
- шабакаи сохторҳои иттилоотро маънидодкунанда ва то ба табақаҳои васеи аҳолӣ бурда расонидани қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистонро таъминкунанда барпо ва васеъ карда шавад (аксар соҳибкорон ва онҳое, ки ба кори худ мехоҳанд машғул шаванд, дар бораи тадбирҳо оид ба фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ кам хабар доранд ва барои фаъолияти соҳибкориро ҳамчун усули ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дарк намудан тайёр нестанд);
- асосҳои методӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқии барпо намудани Ассотсиатсияи корхонаҳои хурд (соҳавӣ ва минтақавӣ) кор карда шавад ва низоми ташкил ва рушди соҳибкории оилавӣ ба амал бароварда шавад;
- шабакаи марказҳои ҳамкории байналмиллалии субъектҳои соҳибкории хурд ташаккул дода шавад, ки фаъолияташ бояд ба васеъ намудани алоқаҳои кори субъектҳои соҳибкории хурд, ҳалли масъалаҳои амалӣ намудани барномаҳою лоиҳаҳои муштарак, рушди фаъолияти намоишгоҳи-ярмаркавӣ равона карда шавад;
- барномаҳои рушди минбаъдаи марказҳои дастгирии соҳибкорӣ бо роҳи расонидани дастгирии молиявӣ ба марказҳои амалкунандаи дастгирии соҳибкорӣ ва инкубаторҳои соҳибкории хурд, инчунин барпо намудани шабакаҳои нави минтақавии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ тайёр ва дар амал ҷорӣ карда шаванд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки « бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо назардошти ҷалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадриҷан афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкорон, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал маратория эълон карда шавад». Инчунин, барои дастгирии боз ҳам бештари соҳибкорӣ ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи
ҳамкории давлат ва бахши хусусиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намоянд»[1]
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011.
140