Главная / Маданият ва санъат / БУЗАКИ ҶИНГИЛАПО (Афсона)

БУЗАКИ ҶИНГИЛАПО (Афсона)

Буд, набуд, як замоне дар як маконе бузаке буд. Номаш Ҷингилапо. Барои он номаш Ҷингилапо буд, ки мӯйҳои чор пояш ҷингила буданд. Чингилапоq ҳафт бача дошт: Алӯлак, Булӯлак, Хиштаки Сари Танӯрак, Тоқчапарак, Мехчапарак, Болошинак, Тагшинак. Ҷингилапо ҳар пагоҳ ба дашту саҳро рафта, дар шохакаш алаф, дар даҳонакаш об, дар пистонакаш шир меоварду дари хонаашро тақ-тақ зада мегуфт:

Бузи Ҷингилапой

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танра- кам, Тчапаракам, Мехчапаракам, Болонишина- кам, дарро кушоед! Дар шохакам алаф, дар даҳона- кам об, дар пистонакам шир овардам. Ташинак, ки зери дар пойида менишаст, занҷири дарро мекушод. Алӯлаку Булӯлак аз миёни хона тозон меомаданд. Хиштаки Сари Танурак аз болои танур мефуромад, Тчапарак аз тоцчаи хона мефуромад. Болошинак аз тобадон ҷаҳида мефуромаду бузичаҳо гирди оча- ашонро гирифта, обу алафу шир мехурданд.

Рӯзе Саге аз пеши хонаи Бузаки Ҷингилапо мегу- зашт, ки овози Бузакро шунид. Бузак дари хонаашро тақ-тақ зада мегуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танра- кам, Тчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Ташинакам дарро кушоед! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам. Бузи- чаҳо дарро кушоданд. Бузак ба хонааш даромад. Саг рӯзи дигар омада, пойида истоду ҳамин, ки Бузак ба- ромада рафт, омада, дари хонаро тақ-тақ зада гуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танра- кам, Тчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Ташнакам, дарро кушоед! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам.

Ташинак гӯш кард, ки ин садо ба овози очааш монанд нест.

– Ту очаи мо нести, – гуфт вай, – очаи мо ҳоло рафту зуд намеояд. Бирав, беҳуда овора нашав!

Саг ноумед шуда рафт.

Дар ҳамон замону дар ҳамон макон як Гургу як Шағол ҳам буданд. Гургу Шағол ҳам фаҳмиданд, ки Бузак ҳафто бузғолачаи хушруяку фарбеҳак дорад.

Рӯзе Шағол омада, дари Бузакро тақ-тақ зад. Буз- ғолаҳо овози Шағолро шунида фаҳмиданд, ки ин овози очаашон нест, дарро накушоданд.

Рӯзи дигар Гург омад. Гург дарро кӯфта гуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танра- кам, Тчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Ташинакам, дарро кушоед! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам.

– Ту очаи мо нести, – гуфт Ташинак, – овози ту дигар аст.

– Бирав, беҳуда овора нашав, дарро намекушоем!

– Ба-ба-ба! Ман очаатон мешавам, дарро кушоед!

– гуфт Гург ин дафъа овозашро мисли овози Бузак карда.

– Агар ту очаи мо боши, поятро нишон бидеҳ! – ба назди дар омад Алӯлак.

Гург пояшро аз таги дар дароз карда нишон дод.

– Ту очаи мо нести, очаи мо ҷингилапойи сияхмуй аст, пойи ту зарди безеб. Рав аз ин ҷо, дарро намеку- шоем! – гуфтанд Алӯлаку Булӯлак.

– Эй бачаҳои қобилакам, – гуфт Гург, – дар роҳ ба лой тидам, поям лойолуд шуд, зуд дарро кушо- ед, ки алаф дар шохам хушк мешавад, об аз даҳонам, шир аз пистонакам мерезад.

– Бирав, пойҳоятро шуста биё, агар мисли пойи оча- амон шавад, дарро мекушоем, – гуфт Хиштаки Сари Танурак аз сари танур фуромада.

Гург рафта, ба пойҳояш ранги сиёҳ молида, муйи пояшро чингила карда омада гуфт.

– Таҳшинаки даркушоякам, ана пойҳоямро шуста омадам, дарро кушо!

Бузаки чингилапо

Таҳшинак нигоҳ кард, ки ба пойи очааш монанд аст, дарро кушод. Гург ҳуҷум карда, даромада, Таҳ- шинакро хурд, Алулакро хурд, Булулакро хурд. Дид, ки Хиштаки Сари Танрак дар пушти танр пинҳон шудааст. Тчапарак ба тоқчаю Мехчапарак ба сари мех ҷаста баромадааст. Болошинак дар тобадон пинҳон шудааст. Гург ҳамаи инҳоро дошта хӯрду ди- моғаш чоқ шуда, ханда кардаву суруд хонда, барома- да рафт.

Як вацт Бузак омада дид, ки дари хонааш кушо- даву на Алӯлак ҳасту на Булӯлак, на Хиштаки Сари Танрак, на Таҳшинаку на Болошинак, на Мехчапа- рак ҳасту на Тчапарак. Ба пушти танр нигоҳ кард, ки Хиштаки Сари Танрак ҳам нест.

– Оҳ, бачаҳои нодонакам, – гуфт Бузак ва ала- фашро аз шохаш гирифта монду оби овардаашро ба кӯзача андохта, ширашро ба хурмача дӯшида, баро- мада рафт. Рафт ба хонаи Саг. Болои боми Саг баро- мада, бо пойҳояш дук-дук задан гирифт.

Дар хонаи Саг ошнояш меҳмон буд. Саг барои меҳмон хурок мепухт. Ногоҳ болои бом дук-дук шуду аз шифт хок рехт. Саг ҳайрон шуда пурсид:

Кист дар бомаки ларзонаки мо, Хок мерезад дар ошаки явнаки мо?!

Ошаки явнаки мо шӯр шуд, Меҳмонаки азизи мо кӯр шуд!

Гург ва буз

Бузак боми Сагро сахттар куфт:

Манам Бузаки Чингилапо, Мезанам ба ҳар ду по!

Алулакам ту хӯрдӣ!

Булулакам ту хӯрдӣ!

Хиштаки Сари Тануракам ту хӯрдӣ!

Ташинакам ту хӯрдӣ!

Тчапаракам ту хӯрдӣ!

Мехчапаракам ту хӯрдӣ!

Баро ба ҷанги шохи ман!

Саг аз дарун сарашро бароварда гуфт:

Эй Бузаки Чингилапо, Чи мезани ба ҳар ду по?! Алулакат нахурдаам. Булулакат нахурдаам, Хиштаки Сари Тануракат нахурдаам, Ташинакат нахурдаам, Тчапараку Мехчапаракат нахурдаам, Намебароям ба ҷанги шохи ту!

Инро гуфту илова кард:

– Ту ба хонаи Шағол бирав. Эҳтимол Шағол ба- чаҳоятро хӯрда бошад.

Бузак ба хонаи Шағол рафт. Ба болои боми Шағол баромада, бо пойҳояш дук-дук задан гирифт. Дар хонаи Шағол ҳам меҳмон будааст. Ба сари меҳмону руйи дастархони Шағол хок борид. Шағол хашмгин шуда, фарёд кард:

Кист дар бомаки ларзонаки мо, Хок мерезад дар ошаки явғонаки мо? Ошаки явғонаки мо шӯр шуд, Меҳмонаки азизи мо кӯр шуд!

Бузак боми Шағолро сахттар зада гуфт:

Манам Бузаки Чингилапо, Мезанам ба ҳар ду по!

Алулакам ту хӯрдӣ!

Булулакам ту хӯрдӣ!

Хиштаки Сари Тануракам ту хӯрдӣ!

Ташинакам ту хӯрдӣ!

Тчапараку Мехчапаракам ту хӯрдӣ! Баро ба ҷанги шохи ман!

Шағол аз хонааш берун баромаду гуфт:

Эй Бузаки Чингилапо, Чи мезани ба ҳар ду по?! Алулакат нахурдаам, Булулакат нахурдаам, Хиштаки Сари Тануракат нахурдаам, Ташинакат нахурдаам, Тчапараку Мехчапаракат нахурдаам, Намебароям ба ҷанги шохи ту!

Бачаҳои туро ғайр аз Гург ки мехӯрад?! Ба хонаи Гург бирав. Ҷангидани боши, бо Гург биҷанг!

Бузак рафта ба боми Гург баромада, бо пойҳояш бомро сахт кӯфтан гирифт.

Дар хонаи Гург ҳам меҳмон буд. Хок ба сару руйи меҳмон рехт. Гург дар ғазаб шуда, фарёд кашид.

Кист дар бомаки ларзонаки мо, Хок мерезад дар ошаки явғонаки мо? Ошаки явнаки мо шӯр шуд, Меҳмонаки азизи мо кӯр шуд!

Бузак дар ғазаб шуда гуфт:

Манам Бузаки Чингилапо, Мезанам ба ҳар ду по! Ки хурдааст Алули ман? Ки хурдааст Булули ман? Ки хурдааст Хиштаки Сари Танури ман? Ки хурдааст Болошинакам?

Ки хурдааст Ташинакам?

Ки хурдааст Тчапаракам?

Ки хурдааст Мехчапаракам?

Ки мебарояд ба ҷанги шохи ман?

Гург аз хонааш баромада, ба Бузак хашмгинона гуфт:

Эй Бузаки Чингилапо, Чи мезани ба ҳар ду по? Ман хурдам Алули ту! Ман хурдам Булули ту!

Ман хурдам Хиштаки Сари Танури ту! Болошинакатро ман хурдаам, Тчапаракатро ман хурдаам, Мехчапаракатро ман хурдаам.

Мебароям ба ҷанги шохи ту!

Бузак ҷойи ҷангашро гуфта, ба хонааш омаду ха- мир карда, нону кулчаҳои ширмол пухта, ба пеши устои оҳангар рафт. Усто нону кулчаҳои бомазаро гирифта, шохҳои Бузакро оҳанпш карда, нги онҳо- ро чунон тез кард, ки сангро занад, сӯрох мекард.

Гург дид, ки Бузак ба пеши оҳангар рафт, вай ҳам аз паси Бузак равон шуд. Дар назди ҳавлии оҳангар

як сола буд. Гург онро чок карду дилу ҷигарашро хӯрду ду пояшро дастовез карда, пеши оҳангар даро- мада гуфт:

– Эй оҳангар! Зуд дандонҳоямро тез кун, ба ҷан- ги Бузак меравам. Оҳангар пойҳои соларо дида фаҳмид, ки Гурги баднафс солаи ӯро хӯрдааст. Боз шарм накарда, пойҳояшро дастовез карда овардааст.

«Исто, ман ҳоло туро боб мекунам!» ба худ гуфт усто ва дандонҳои пеши гургро якта-якта канда пар- тофту ба ҷояш пунбадона шинонд. Дандони ақи- башро сӯян зада, кунд кард. Гург хурсанд шуда ба ҷойи ҷанг рафт. Бузак пойида истода буд. Гург да- вида омаду ба Бузак ҳамла кард.

Дандонҳои пеши Гург якта намонда рехт.

5656

– Акнун навбати ман! – гуфт Бузак ва ақибноки рафту якбора пеш омада, бо шохҳои чун алмос те- заш чунон ба шиками Гург зад, ки шикамаш дариду чаппа шуда афтода мурд. Алӯлаку Булӯлак, Хиштаки Сари Танрак, Тчапараку Мехчапарак, Болоши- наку Ташинак – ҳама бачаҳои Бузаки Ҷингилапо аз шиками Гург баромада, модарашонро дида, хурсанд шуданд.

Бузак бачаҳояшро зиндаву саломат дарёфта, шод шуд ва онҳоро ба хонааш оварда, ба муроду мацса- даш расид ва хушу хурсандона зиндаги кард.

БУЗАКИ ҶИНГИИЛПО

Муҳаррир                                  М. Меликова

Муҳаррири техники                Н. Салохиддинзода

Рассом                                       ҳ. Чилаев

Тарроҳ                                       Б. Назарзода

Ба чоп 08.08.2019 иҷозат дода шуд.

Андозаи 70х90 1/16. Коғази офсет. Чопи офсет.

Гарнитураи Times New Roman Tj. Чузъи чопи 1.
Адади нашр 10000 нусха. Супориши 86/2019.

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тикистон,
734024, ш. Душанбе, чаи Ахмади Дониш, 50.

Тел.: 222-14-66

E-mail: najmiddin64@mail.ru

Дар матбааи ЧДММ «ТоРус» ба табъ расидааст.
Суроға: Чумхурии Тикисон, ш. Душанбе,
хиёбони Садриддин Айни 126.

E-mail: ooo_torus@mail.ru

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222