Главная / Илм / ДИНИ САЕНТОЛОГИЯ (ДОНИШИДОНИШ)

ДИНИ САЕНТОЛОГИЯ (ДОНИШИДОНИШ)

Калисои донишидониш (саентология) соли 1954 дар ИМА арзи вуҷуд кардааст. Калимаи саентология ( аз кал. лотинӣ Со дониш ва калимаи юнонӣ лодоз – таълимот таркиб ёфта), дар тарҷумаи таҳтуллафз “дониш дар бораи он, ки чигуна донӣ” аст. Асосгузори ин дин файласуф ва нависандаи амрикоӣ Лафайет Рон Ҳаббард (1911-1986) мебошад, ки бисёриҳо ӯро бо осори оммавии адабиаш мешиносанд.Муваффақияти нависандагии худро ӯ барои маблағгузории таҳқиқоти илмии табиати инсон истифода кард. Ӯ амалан аз тариқи таҷриба исбот кард, ки инсон вақти зиёде иштибоҳан фикр мекард, дорои рӯҳ аст, дар сурате, ки ӯ мавҷуди рӯҳониест, ки дорои ақл ва ҷисм аст. Саентология чунин мешуморад, ки инсон чизе бештар аз ақлу ҷисм аст, вай худ рӯҳ аст, ки метавонад ҳам ақлу ҳам ҷисмро назораткунтрол кунад. Рӯҳ аз назари Хаббард сарчашмаи ҳама хубиҳо, асли ростӣ ва эҷодии олам аст.

l-ron-hubbardДар саентология мафҳуми Худо ҳамчун (ҳаштумин динамика) Вуҷуди Олӣ, Холиқи ҷаҳон вуҷуд дорад. Мафҳуми Худо дар ин дин ба дараҷаи олии бақои ҳастии олам аст. Чунон ки Л.Рон Ҳаббард дар “Илми бақо” (“Наука выживания”) навиштааст “ Ҳар як тамаддун дар таърихи ҷаҳон, ба истиснои тамаддунҳои комилан фосид ва пӯсида, ҳастии Вуҷуди Олӣ (Худо)ро эътироф кардаанд. Таҷрибавӣ исбот шудааст, ки одамон бидуни эътиқоди мустаҳкам бар вуҷуди Олитарин Вуҷуд Худо камқобилият, каммаънавият ва камарзиш ҳам барои худ ва ҳам барои ҷомиа ба бор меоянд.” Бар акси динҳои сарчашмаи яҳудӣ -намронӣ дошта, калисои саентология ҳеҷ гуна ҷазмия (догма), нисбат ба Худо муқаррар накардааст. Саентологҳо эътиқод доранд, ки ҳар инсон дар натиҷаи гузаштан аз ҳашт зинаи худсозӣ (динамика) худаш ба фаҳмиши беохир ва Худо мерасад. [1]

Аввалин ва асоситарин сарчашмаи донишидониш китоби “Дианетика”-и Хаббард мебошад, ки соли 1950 ба табъ расидааст. Ин китобро илми муосир оид ба саломатиирӯҳ номид. Ин китоб ба забонҳои зиёд тарҷума шудааст ва доимо бо тирожҳои калон нашр мешавад. Танҳо дар 56 соли охир дар СНГ тиражи он ба 700 ҳазор нусха расидааст. Баъд аз ин асоси таълимии дини саетологияро осори чопӣ, наворҳои сабти овоз ва наворҳои тасвирии лекцияҳои Л.Рона Ҳаббард оид ба дианетика ва саентология ташкил мекнад. Ин ҳама рӯи ҳам зиёда аз ним миллион саҳифаи чопӣ, зиёда аз 3 ҳазор сабти лекцияҳо ва наздик ба 100 филм мебошад. Л. Рон Ҳаббард ҳеҷ иддаои Масеҳ будан, пайғамбар будан ё ҳулули рӯи илоҳӣ дар худро накардааст. Баръакс, худ таъкид кардааст, ки инсоне мисли дигарон буда, чизе бештар аз муаллим ва дӯсти муҳиб нест.

Асоси таълимоти саентологияро омехтае аз ғояҳои буддизм ва кашфиётҳои наздик ба равонпизишкии Ҳаббард ташкил мекунад. Л. Рон Ҳаббард ба таносухи арвоҳ эътиқод дорад ва рӯҳи фардӣ-индивидуалиро бо истилоҳи “тетан” ( аз кал. юнонӣ “тэта”- фикр, рӯҳ)ифода кардааст. Тетан ба ақидаи ӯ тақрибан 300 млн. сол аст, ки вуҷуд дорад. Ҳар як вуҷуди қаблии тетан дар қолаби моддӣ таҷрибаи муайяне меандӯзад, ки “инграм” номида шуда. Ҳамин инграм аст , ки дар шароити дар ҳоли ҳозир барои пурра имконоти худро зоҳир кардани инсон мамониат мекунад ва асабиятҳо ва ҳолатҳои фавқулоддаи рӯҳӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, барои расидан ба саломатии ақлӣ (маънавӣ) зарур аст, ки инграмро пайдо ва онро пушти сар бояд кард ё худ бар он пирӯз бояд шуд.

Дар имрӯз мувофиқи маълумоти саентологҳо зиёда аз 3 ҳазор калисоҳо, марказҳои таблиғӣ( миссияҳо) ва ташкилотҳои фаръии он дар 107 кишвари ҷаҳон ва зиёда аз сӣ забон пайравӣ аз ин дин ва машғули интишори он мебошанд. Дар баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ калисоҳои ин дин амал мекунанд, вале дар Тоҷикистон ҳанӯз пайравони ин дин нестанд ё ҳадди ақал ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар мисоли ҳамин чаҳор дину калисои нав баррасии дину оинҳои ғайрисуннатиро хотима дода, ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки аксари ин динҳо дар заминаи ин ё он дин (динҳо)-и суннатӣ рӯидаанд ва аксар хусусияти омехта (эклектикӣ) ва даъвии оламватанӣ- ҷаҳонӣ доранд. Омили пайдоиши ин чунин динҳо аз як сӯ инқирози маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоии кишварҳои мутараққии сармоядорӣ бошад, аз тарафи дигар, ба сатҳи шуур, ниёзҳои имрӯзаи қисмате аз афроди ҷомиа ҷавобгӯ набудани динҳои суннатӣ, аз даст додани қобилияти инъитофпазирӣ ва таҳаввул тибқи талабот, муқтазои замон аз тарафи онҳост.

[1] Ниг.: Что такое саентология? Всесторонний справочник\\основано на работах Л. Рона Хаббарда. \Е\Е-ЕК. А риЬЬ 1п1ег Ар8/ г. Твер:1998.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222