Главная / Илм / Иҷтимоъ дар Дорун-надва

Иҷтимоъ дар Дорун-надва

Вақте ки Қурайш ба ин натиҷа расиданд, ки озору азийяташон дар пешрафти даъвати Паёмбар (с) ҳеҷ гуна таъсире надошта ва ёронаш на танҳо аз имон даст намекашанд, балки рӯз ба рӯз имонашон муҳкаму қавитар мегардад ва бо вуҷуди ҳама монеаҳо ва мушкилоти эҷодшуда аз тарафи онҳо теъдодашон афзоиш меёбад, дар маҳалле ба номи “Дорун-надва”, ки маҳалли тасмимгириҳои муҳими Қурайш буд, ҷамъ шуданд, то бинанд бо Паёмбар (с) ва асҳобу ёронаш чӣ гуна рафтор намоянд ва дар мавриди онон чӣ тасмиме бигиранд.
Касе, ки маъмур шуд назди Паёмбар (с) биравад, то тасмимҳоеро, ки гирифта буданд, матраҳ созад Утба ибни Рабиъа буд. Утба назди Паёмбар (с) ба Масҷидул-ҳаром рафт ва Паёмбар (с) машғули хондани намоз буд. Ҳангоме ки намози Паёмбар (с) ба поён расид, Утба ба Пёмбар (с) гуфт: “Эй писари бародарам, қадру манзалати мо бар ту пӯшида нест, аммо ту ба василаи ин корат ақлҳоямонро паст шуморидӣ, ба Худоёнамон носазо гуфтӣ ва падарону некони моро гумроҳ хондӣ, ҳоло гӯш кун, ки чанд чиз бар ту арза мекунам, шояд баъзе аз онҳоро бипазирӣ”.
Паёмбар (с) фармуд: “Эй Абӯвалид, ман гӯш мекунам”.
Утба гуфт: “Эй писари бародарам, агар қасди ту аз таблиғу ойини ҷадид касбу даромади молу сарват аст, мо он қадар ба ту молу сарват медиҳем, ки сарватмандтарин фард гардӣ. Агар қасди ту подшоҳӣ аст, мо туро подшоҳи худамон мегардонем. Агар ҷинзада шудаӣ ва ҷин туро озору азийят медиҳад, мо пизишконро даъват мекунем ва амволи худро дар роҳи шифои ту масраф мекунем, то беҳбуд ёбӣ”.
Паёмбар (с) бо камоли хурсандӣ ва виқор ба суханони Утба гӯш фаро дод. Вақте ки суханони Утба тамом шуд, оятҳои 1 то 14-уми сураи “Саҷда”-ро бар ӯ тиловат намуд. Утба бо шунидани ин оятҳо ба ҳаққоният ва дурустии даъвати Паёмбар (с) пай бурд ва назди қавми худ рафту гуфт: “Эй гурӯҳи Қурайш, ба сухани ман гӯш фаро диҳед, ҷилави даъвати Паёмбар (с)-ро нагиред ва бигузоред, ки озодона корашро идома диҳад, чун ман сухане аз ӯ шунидам, ки хабар аз ояндаи аҷиб аст. Ин оятҳо дар бораи азамату қудрати Парвардигор ва натиҷаи аъмоли касоне аст, ки даъвату рисолати Паёмбар (с) ва ҳаққонияти рӯзи қиёматро инкор мекунанд”.
Қурайш дар ҷавоби Утба гуфтанд: “Муҳаммад туро ҷоду кардааст”.
Аз ин матлаб ба ин натиҷа мерасем, ки дар миёни ҳар қавму қабилае афроде ҳастанд, ки нидои ҳаққу ҳақиқатро дарк мекунанд ва ҳақиқат барои онҳо ошкору равшан мегардад, аммо афроде, ки худро бузурги ҷомеъа ва ё қабила қаламдод мекунанд, танҳо ба фикри манфиати моддӣ ва иқтисодии хеш мебошанд ва монеъ аз ин амр мегарданд, ки нидои ҳақиқат ба гӯши ҷаҳониён ва ташнагони ҳаққу ҳақиқат бирасад. Ба гунае ки дар ин моҷаро агар Абӯҷаҳл мегузошт, то Қурайш ба ҳарфҳои Утба гӯш диҳанд, ҳеҷ гуна ҷангу хунрезӣ дар миёни Қурайш иттифоқ намеафтод.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-25

Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

Психологияи ҳаётӣ ҳанӯз аз афкори психологии одамони қадим сарчашма гирифта, давра ба давра ташаккул ёфтааст …

222222222222222