Главная / Илм / ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

Точикистон, ки кисми таркибии давлати Шӯрави буд, ин чанг ба хаёти сиёсии ҷумхури бе таъсир намонд. Дар чумхури кори тамоми доирахои давлати, муассисахо ва ташкилотхо ба талаботи давраи чанг мувофиқ гардонида шуданд. Аз рӯзхои аввали саршавии чанг, мехнаткашон ба гирдихамои чамъ шуда, ба мудофиаи Ватан бархостанд. Фиристодагони Точикистон дар хамаи мухорибахои чанг иштирок доштанд.
Дар рӯзхое, ки немисхо барои ишгол кардани шахри Москав харакат карданд, барои мудофиаи шахр дивизияи 20- уми ордени Ленин ва Байраки сурхдори савора фиристода шуд. Тамоми таъминоти ин кисми харби аз хисоби Точикистон буд. Ин кисми харби чандин марказхои ахолинишинро озод карда, дар мудофиаи Москав сахми калон гузошт. Барои нишон додани қахрамони дар мудофиаи шахр 150-нафар афсарон ва аскарони кисми харби бо ордену медалхо мукофотонида шуданд.
Дар муҳосира ва асир гирифтани кисмҳои ҳарбии фашистон дар Сталинград двизияи 61- савораи Точикистон саҳмгузор мебошад. Баъдтар ин двизия барои нишон додани шучоат номи гвардиягиро гирифт.
Дар Точикистон инчунин дар давоми чанг кисму чузъҳои ҳарби ташкил карда шуда, онҳоро бо либоси низоми ва лавозимоти чанги таъмин намуда ба фронт гуселонданд. Онҳо полкҳои 45-эҳтиётии НКВД, полки инженери- аэродроми, полки 106 авиатсионии киркунанда. Аз чумла 179 миномётчи, 213 тӯпчи, баталиони алоҳидаи автоматчиёни точик, двизияҳои 20-ум, 61, 62, 64, 104 савораи кӯҳгарди
тирандози, бригадаи тирандозии 98 ва 99 ва ғайраҳо буданд. Ин қисмҳо аз рӯзҳои аввал то охири чанг дар муҳорибаҳо иштирок карда дар торумор намудани душман саҳми калон гузоштанд.
Барои каҳрамони бемислу монанд дар муҳорибаҳои чанг 54-нафар фиристодагони Точикистон бо номи Оли Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави ва 15-нафари дигар кавалерии ордени Шарафи дарачаи 3-юм гардиданд. Танҳо барои озод намудани Варшава, Прага Бухарест, Будапешт ва Белград 15 ҳазор нафар фиристодагони Точикистон бо ордену медалҳои чанги сарфароз гардиданд. Дар ақибоҳ низ зиёиён, коргарону деҳқонон бо ордену медалҳо қадр карда шуданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

diyet

Раҳнавард Зарёб ва Шогирди соатсоз шудам

Он солҳо падарам ва модарам тақрибан ҳар шабу рӯз даъво мекар-  данд ва сару садо …

222222222222222