Главная / Илм / ДИНҲОИ ҒАЙРИСУННАТӢ

ДИНҲОИ ҒАЙРИСУННАТӢ

Аз нимаи дуюми асри XIX то имрӯз дар ҷаҳон чандин динҳои ба истилоҳ ғайрисуннатӣ ба вуҷуд омаданд. Асри ХХ низ аз наҳзатҳо ва ҳаракатҳои динӣ ва худоҷӯиҳо орӣ набуд. Дар шароити имрӯза ин динҳои ғайрисуннатӣ ё «динҳои навбунёд» ва ё «динҳои ғайрианъанавӣ» дар бисёре аз кишварҳои ғарбию шарқӣ пайравони худро аз тариқи таблиғу ҳавасмандкуниҳои гуногун афзуда истодаанд. Иллати асосии пайдоиши ин гуна динҳо он бӯҳрони маънавию мазҳабиест, ки дер боз кишварҳои сармоядории ғарбиро фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар ҷусту ҷӯи он чунон шакли мазҳабиест, ки ҷавобгӯ ба хусӯсияти асри нав ва мувофиқ ба ниёзҳои имрӯзаи ҷавонон бошад.

Ин динҳо кӯшишҳои аз ҳад зиёде дар роҳи афзудани пайравони худ аз тариқи таблиғ ва ирсоли мубаллиғон ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва ҳам бо роҳҳои кумакҳои пулию молӣ, тиббиву фарҳангӣ ва ғ-ра карда истодаанд.

Хусусиёт ва навъҳои динҳои ғайрисуннатӣ. Мо дар бобҳои гузашта дар заминаи динҳои суннатӣ пайдоиши равияву фирқаҳо, ҷараёнҳо ва наҳзатҳоро дидем ва ин ҳам маълум шуд, ки ҳамаи динҳо пас аз пайдоиши худ бар асари ихтилофҳои сиёсӣ, ақидавӣ ва мазҳабӣ ба ин ҳолат дучор шуда, ваҳдати дохилии худро аз даст медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳар яке фирқаи нави худро аз дигаре вафодортар ба он дин мешуморанд, аз ин рӯ иддаои дини нав буданро намекунанд ва ҳамаи ҷазмиёти асосии он динро қабул доранд. Аммо динҳои ғайрисуннатӣ бошанд, ҳар чанд баъзеи онҳо дар заминаи динҳои суннатӣ ба вуҷуд омадаанд, даъвии дининав будан, даъвии нубувватва дарёфтиваҳийро доранд. Ин дар ҳоле, ки динҳои суннатӣ ин бидъатҳоро қабул надоранд. Масалан, дини ислом пайғамбари худ Муҳаммадро «ҳотамул- анбиё», – мӯҳри анҷоми нубувват хондааст ва ҳеҷ касеро, ки баъд аз Муҳаммад даъвии пайғамбарӣ мекунад, қабул надорад.

Ба ҳар сурат пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ далолат бар он мекунанд, ки ҳанӯз майли фитратҷӯйӣ, ҳақиқатҷӯйӣ ва худоҷӯии инсоният хотима наёфтааст, пешрафти илмию технолужии асри XX натавониста, ба ниёзҳои рӯҳиву маънавии инсоният пурра ҷавобгӯй бошад. Аз сӯйи дигар, бӯҳрони маънавию ахлоқӣ, сатҳи рӯзафзуни ҷиноят, фасоди иҷтимоӣ, нобаробариҳо, ҷангу низоъҳои сиёсӣ ва дар ниҳоят инъитофнопазирӣ, тақлиду кӯҳнапарастии динҳои суннатӣ, қобилияти мувофиқ шудан бо шароити замону тамаддуни нав надоштани онҳо заминаро барои пайдоиши динҳои ғайрисуннатӣ омода сохтаанд.

Динҳои ғайри суннатиро шартан дар диншиносӣ ба панҷ гурӯҳ тақсим кардаанд.[1]

  1. Динҳои нави заминаи шарқидошта, чун: «Дини баҳоӣ», «Ҷамъияти Шуури Кришна», « Маркази дзенбуддизми уқёнусиоромӣ », « Рисолати Нури Илоҳӣ»и Махарай Джи, « Медитацияи мовароутабиӣ» ва ғра. Ин динҳо реша дар Шарқ доранд ва аксаран шаклҳои гуногуни ислоҳу таҷдидшуда ё худ омехтае аз динҳои ҳиндуия, буддизм ва ислом ва ирфони исломӣ мебошанд. Таълимотҳои навҳиндуия ва навбуддоия чун ирфони исломӣ роҳи зӯҳду ирфонии наҷот(макша), фурӯ рафтан дар худ, муроқиба ва тафаккури ботиниро тарғиб мекунанд.
  2. Созмонҳои мазҳабии навмасеҳият – « Маҷмаи калисоӣ), «Фарзандони Худо», «Калисои тани Масеҳо». Таълимоти ин мазҳабҳо омехтае аз унсурҳои насронӣ ва динҳои шарқӣ буда, хусусияти синкретикӣ доранд, Асоси даъвати онҳоро таъкид ба қарибии охират, иддаои нубувват ва рисолати илоҳӣ, иблоғи ваҳй ва арзишҳои ахлоқии нав ташкил мекунад.

3.Равияву мазҳабҳои илмшиносӣ (Сайентологӣ)- чун «Калисои сайентологӣ», «динҳои кайҳонӣ» (чун « Ҷамъияти Аэтариус»), ки бар пояи эътиқод ба робитаи Замин бо қувваҳои олии кайҳонӣ ва « ақли кайҳонӣ» асос ёфтаанд.

4.Магия-сеҳру ҷодӯ ва рӯҳгароии нав, дар баробари соҳирию коҳинӣ, фолбинӣ ва шаманизми кӯҳна дар охири қарни 20 рӯ ба афзоиш гузоштаанд. Рӯ овардан ба рамалу соҳирӣ, ба фолбину коҳин худ нишонаи заъфи ҷомиъа, нобоварии инсон ба ақлу илм ва бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.

  1. Шайтонпарастон (сатанизм), гурӯҳҳои мазҳабие мебошанд, ки бадиву шарро ситоиш ва пайвастан бо шайтону девро тарғиб мекунанд.

[1]   Нигр.Основы религиоведения . 2-е изд., – С. 261-262.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222