Главная / Илм / Микдори садақаи Фитр

Микдори садақаи Фитр

Садакаи Фитр аслан бояд аз навъҳои ғаллагй ва он хуроквориҳое,
ки дар ҳадиси Расули Худо (с) зикр шудаанд ва ё аз навъи хуроки маъ-
мулии мардуми ҳар сарзамин бароварда шавад. Аз Абусаъиди Худрй
(р) ривоят шудааст, ки «Дар замоне, ки Расули Худо (с) дар байни мо

Шомро баробари як соъ хурмо мебинам. Пас аз он мардум ин раъйро ги-
рифтанд, вақте зиндаам, суратге ки
қаблан пардохт мекардам, пардохт менамоям» .240
Микдори садакаи Фитр бар асоси мазҳаби ҳанафй барои ҳар на-
фар дар хисоби гандум ва орди гандум ним соъ ва дар хисоби ҷав, хур-
мо, мавиз ва монанди онҳо як соъ аст. Агар аз навъи хуроквории маъ-
мулии мардум, ба монанди биринҷ, наск, лубй, нахуд ва ира баро-
варда шавад, бояд киматаш бо кимати ним соъ гандум баробар бошад.
Дар назди чумҳури ахли суннат садакаи Фитр аз гандум низ як
соъ аст. Далели машоихи ҳанафй бар ин ки аз гандум нисфи соъ аст,
ҳадисе мебошад, ки аз Абдуллоҳ ибни Саълаба аз падараш ривоят
шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «(Садацаи Фитр) соъе аз гандум
аст бар сари ду нафар: хурд бошад ё бузург, озод бошад ё банда, зан бо-
шад ёмард…».241
Як соъи набавй такрибан ба ду килову чил (2,40) ё ду килову якса-
ду панҷовушаш (2,156) ва ё ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм
баробар аст. Дар поваракии «Шарҳи Чомеъуссағир» омадааст: Соъ
паймонаест, ки ҳазору чихил дирҳам мош ва наск гунҷоиш дорад ва
дар ин замон аз рӯи эхтиёт ба чаҳоряки мудди димишки баробар до-
ниста шудааст. Пас ним соъ аз гандум такрибан ба ду килову дусаду
панҷоҳ (2,250) грамм баробар аст.242
Агар пули (арзиши) яке аз ҷинсҳои мазкурро барои садакаи Фитр
бипардозад ҳам, чоиз аст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом

дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …