Главная / Илм / Рӯза барои шахси мусофир

Рӯза барои шахси мусофир

Пас ҳар касе дар ин моҳ ҳозир, яъне ғайри мусофир бошад, онро
руза бидорад. Ва касе дар он вақт бемор ва ё дар ҳолати сафар бошад,
шаръан ичозат дорад, ки рузаашро бихурад, вале пас аз он ба ҳамон
андоза аз рӯзҳои дигар руза бидорад. «Пас касе аз шумо шохиди он
мох, гардад, рузаи онро бидорад ва касе аз шумо (дар он вақт) бемор ва
ё дар сафар бошад, (метавонад рузаашро бихурад ва ба ҷои он) чанд
рузи дигареро руза бигирад».
Худованд ба бандагонаш осониро мехоҳад на душвориро ва то бо
гирифтани казои Рамазон дар вакти дигар ҳисоби рузҳои онро такмил
намоянд. Худованд бо дарназардошти ҳолатҳои гуногуни инсон, ба мо-
нанди тандурустиву беморй ва сафару ҳазар шароит ва мукаррароти хо-
серо муайян намудааст, то дар ҳеҷ ҳолат барои онҳо душворй ва сахтие
пеш наояд ва дар ҳеҷ вазъе риштаи пайванди ибодат дар миёни у ва бан-
дааш канда набошад. «Худо ба шумо осониро мехохад ва (дар хаққи) шу-
мо душвориро намехохад ва то хисоби рузхо (-и онро) такмил намоед».
Ин амр аз як ҷониб, барои банда сабукиеро ба ҳамроҳ дорад ва аз
ҷониби дигар, бо ба ҷой овардани казои рузҳои фавтшуда Худованд
адади онҳоро ба таври комил аз ӯ мепазирад. Ин беҳтарин барномаи
ҳидоят мебошад, ки тамоми ҳолатҳои инсон дар он дар назар гирифта
шудааст. Пас Худоро бо ин ҳидояташ ба бузургй ёд намоед ва шояд
ҳамин тавр шукргузор гардед. Ҳатто ҳамон рузҳои дигаре, ки дар он
казои рузаи фавтшуда ба ҷой оварда мешавад, муносибтарин лаҳзаҳо
барои ба ёд овардани неъмати ҳидоят ва бузургиву азамати Худо ме-
бошанд. Ва то Худоро барои (ин) хидояташ ба бузурги ёд намоед ва то
(хамин тавр) шукргузор гардед.
Шахси мусофир дар гирифтан ва нагирифтани рузаи моҳи Рама-
зон ҳар ду ихтиёр дорад. Дар ривоятҳо омадааст, ки вакте саҳобагон
ҳамроҳи Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон ба сафар мебаромаданд, баъзе
аз онҳо рузадор ва баъзе рузахур буданд. Онҳо якдигарро, яъне на рӯ-
задор рузахурро ва на рузахур рузадоро бар ин кор айб намегириф-
танд, балки аз феъли Паёмбар (с) собит шудааст, ки ӯ дар чунин ҳо-
латҳо рузадор буд. Дар Саҳеҳи Муслим аз Абуддардо (р) ривоят шу-
дааст, ки: «Ҳамрохи Паёмбар (с) дар мохи Рамазон дар гармои сахте
шудем. Мардум аз ииддати гармй д01؛ст бар С01Р мениҳоданб. Дар
И1Н холат дар байни мо гайр аз Паёмбар (с) ва ибни Равоа
касе рузадор набуд».69 
Дар ривоятҳои дигаре дар Саҳеҳайн ва ғайри он омадааст: «Расу-
ли Хубо (с) бар Ралазон барои фаигҳи Макка ؛ гаиии ва вақ-
те ба Кадид (ном мавзее) расид, ифтор кард ва мардумро фармуд иф-
тОр намОянд».
Аз маҷмӯи ривоятҳое, ки дар ин бора омадаанд, бармеояд, ки ги-
рифтан ва нагирифтани руза дар сафар ба ҳоли шахс вобастаги дорад.
Агар барои ӯ руза дар он ҳолат машаккате ба бор наоварад, пас ги-
рифтани он барояш беҳтар аст, вале агар боиси машаккат гардад,
нагирифтани руза беҳтар мебошад.
Хамчунин аз маҷмӯи ривоятҳое, ки аз Паёмбар (с) ва саҳобагони
киром дар бораи каср хондани намоз ва хурдани руза дар сафарҳо
омадаст, чунин бармеояд, ки каср намудани намозҳои чорракъата ва
хурдани рузаи моҳи Рамазон барои шахси мусофир вакте аз шаҳру де-
ҳи худ хориҷ шавад, ҷоиз мегардад, ҳарчанд ҳанӯз биноҳо ва боғҳои
он ҷо намоён бошанд. Дар бозгашт аз сафар низ ин кор барояш ҷоиз
мебошад. Албатта, ин кор барои мусофире ҷоиз мебошад, ки касди
масофаи сафарро дошта бошад.
Ҷаъфар ибни Ҷабр мегуяд: «Ҳамроуи Абубасраи Ғифорӣ – яке аз
саҳобгони Рассули Худо (с) – дар моҳи Рамазон дар (^тот
бубсм^ Х؛а1мшн ки кишпш ба баром1йб, (Абубасра) х окашро
د кашид ва гуфпг: Биё, наздик бинишии؛.. Гуфтам: магар
мебинӣ? Фармуд: Оё аз суннати Расули Худо (с) руй мегардонӣ!? Пас
вай хурд (ва ман ҳам хурдам)».72
Чи тавре мебинем, фаҳмиши аҳли салаф дар бораи арзишҳои олии
Ислом ва тарзи рафтори онҳо ба моҳияти ин дин наздиктар буд ва он
аз нашот, шуру дилбастаги ва рӯҳи зиндае бархурдор буд, ки мо аз он
хеле дур мондаем.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-5

Психология ва донишгоҳи психологӣ

Олами воқеӣ, ки аз ашёву ҳодисаҳо, набототу ҳайвонот, одамон ва муносибатҳои байнионҳо иборат аст, барои …

222222222222222