Главная / Илм / Ҳукми назр

Ҳукми назр

Вафо ба назр агар аз корҳои қурбат бошад, бинобар қавли ро-
ҷеҳ дар мазҳаб фарз ва ба қавле воҷиб аст, вале агар аз корҳои маъси-
ят бошад, он вафое надорад ва анҷом додани он шаръан ҳаром мебо-
шад. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Касе назр
намояб, ки Худоро итоат менамояб, яас Уро итоат ва касе
намояб, ки Худоро ва нофармонй мекунад, Уро наку-
над». Яъне агар кори маъсиятеро назр карда бошад, он назрашро
тарк намояд.
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки: «Ҳангоме Паёмбар (с) хутба ме-
хонд, ба ногоу мардеро дид, ки дар офтоб рост истодааст. Дар бораи
вай пурсиб, гуфтанб: Вай назр кардаас ки дар оф»тюб
рост биистад ва (уаргиз) нанишинад ва (бачизе) соя нагирад ва сухан
нагуяд ва рӯза дораб. Паёмбар (с) фармуд: Уро бифармоеб, ки сухан би-
гуяд, соя бигирад, бинишинад ва рузаашро ба итмом расонад».218
Дар ривояти дигар омадааст, ки: «Расули Худо (с) мардеро дид, ки
дар такяи ду роҳ мерафт: Ин мардро чй шудаасг? Гуф-
танд: Назр кардааст, ки пиёда ба хонаи Каъба биравад – ва дар ривоя-
те – уац кунад. Гуфт: Худо аз азоб додани ин мард худро бениёз аст ва
219.« уро карб, ки
Назр бояд бо корҳои ибодатй ва амалҳое, ки шаръан бо анҷоми
онҳо ба Худо такарруб ва наздикй ҷуста мешавад, ба монанди намоз,
руза, ҳаҷ, забҳи чорво, садака ва ғайра сурат гирад. Вафо ба назр пас
аз таҳаққуқи шартҳои зерин воҷиб мегардад:
а) Аз ҷумлаи корҳое бошад, ки дар шариат аз навъи онҳо ибодати
фарзй ва амалҳои курбатан илаллоҳ вуҷуд дошта бошанд, ба монанди
намоз, руза, ҳаҷ ва ғ. Пас шахс метавонад, масалан, ду ракъат намоз ё
ду рӯз руза ва ё ҳаҷҷеро бар худ воҷиб гардонад;
б) Назр ба вақтҳо ва рӯзҳое, ки намозу руза дар онҳо макрӯҳ ва
мамнуъ аст, рост наояд. Масалан, агар назр намояд, ки рӯзҳои идайн
ва ё айёми ташрикро руза медорад, назраш дуруст мегардад, вале аз
он ҷо ки руза доштан дар ин рӯзҳо ҳаром аст, онро дар рӯзҳои дигар
ба ҷой меоварад;
в) Назр аз ҷумлаи амалҳое набошад, ки аз сӯи Худованд бар бан-
дагонаш фарз гардонида шудаанд, ба монанди намозҳои панҷгона,
намози витр, рузаи моҳи Рамазон ва ғ. Зеро ин корҳо бе он ҳам бар
вай воҷиб мебошанд;
г) Назр аз ҷумлаи корҳои муҳол набошад, ба монанди рузаи рузи
гузашта;
д) Назр амал ва ибодати мустакил бошад, на заминаи амри дигар,
ба монанди вузу, ки ибодати мустакил ба шумор намеравад, балки он
омодабоше барои намоз аст.
Пас он назре, ки дар он муҳтавои бандҳои номбурда таҳаққуқ
наёфта бошад, шаръан нодуруст буда, ҳеҷ гуна вафое надорад. Бино-
бар ин, шахс метавонад намоз (ғайри намозҳои фарзй), руза (ғайр аз
рузаи фарзи), садака айр аз закот), эътикоф, забҳ айр аз курбони)
ва корҳои дигарро назр намояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом

дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …