Главная / Илм / ТАСАВВУФ ЧИСТ ДАР ИСЛОМ

ТАСАВВУФ ЧИСТ ДАР ИСЛОМ

Тасаввуф яке аз ҷараёнҳои динию фалсафии маъруф ва бузургу сершохаи ислом мебошад. Хусусияти боризи тасаввуф дар он аст, ки вай назар ба исломи расмӣ ва фирқаҳои он, ки баъдан зикр хоҳем кардем, камтар ба ҷиҳати зоҳирии ислом таваҷҷӯҳ намуда, бештар масъалаи ботинӣ, шинохти қалбӣ ирфонии Худо ва зимни он ё худ зери пардаи он як қатор масоили соф фалсафӣ- шинохту маърифат (гносеология), вуҷудшиносӣ (онтология) ва шинохти нафс-равоншиносӣ (психология)-ро ба миён гузоштааст. Ба Кавли Мавлоно сӯфиён мегуянд:

Мо бурунро нангарему қолро

Мо дарунро бингарему ҳолро.

Тасаввуф нахуст дар шакли тарки дунё ва эътирози ғайри фаъол-пассив аз зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ замон ба вуҷуд омада, дар ибтидо бештар ба зӯҳду зоҳидӣ (гушанишинию парҳезгорӣ, фақру гуруснагӣ, қаноат ва хоксори)-и гоҳо омехта бо риёро тарғиб мекард. Аксаран, бар ин ақидаанд, ки аҳли тасаввуф барои либоси суф-ҷомаҳои дурушту хашани пашмина пӯшиданашон ба суфию тасаввуф мулаққаб шудаанд. Баъзеи дигар онро иштиқоқ аз аҳли суффа- мавзеъе, ки асҳоби Паёмбар (с) даври ӯ менишастаанд донистаанд. Дар эзоҳи маънии тасаввуф ақидаҳои дигар низ ҷой доранд, вале ин китоб ҳавсалаву ғунҷоиши ҳамаи онҳро надорад. Дигар ин ки зӯҳдгароию суфимаобиро аз тасаввуф ва ирфон фарқ кардан лозим аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи адабиёти форсӣ кизбу риёи зоҳид ва суфӣ маззамат, ишқи ориф ситоиш карда шудааст.Чунонки Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

Хофиз ин хирқаи пашмина биандоз, ки мо,

Аз паи қофила бо оташи оҳ омадаем.

ё худ

Оташи зуҳду риё хирмани дин хоҳад сӯхт, Хофиз инхирқаипашмина биандозу бирав.

Заминаи пайдоиш ва ривоҷи тасаввуфро зиддиятҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳаракатҳои мухолифи хилофати Уммавиён ва баъдан шароити сиёсию иҷтимоии ҳосила аз истилои муғул ташкил мекард. Дар аввал он эътирози ғайрифаъол (пассив) ба сохти иҷимоию сиёсии ҳоким буд, ҳарчанд дар баъзе маврид тасаввуф ҳамчун нерӯи мухолифи фаъол ва муборизу барандозандаи низомҳои сиёсӣ низ зоҳир шудааст.

Ва ҳарчанд асли ғоявии тасаввуфи исломиро Қуръон ва ҳадисҳо ташкил мекунад, бо вуҷуди ин дар пайдоиш ва таҳаввули он таъсири афкори фалсафию динии насронӣ, монавӣ, фалсафаи навафлотунӣ ва унсурҳои ҷудогонаи ирфони ҳиндӣ низ ҷой доранд. Муҳаққиқони ғарбӣ дар ин маврид як ё чанде аз ин унсурҳои номбурдаро омили асосии пайдоиши тасаввуф донистаанд. Масалан, баъзе онро аксуламали тамаддуни эронӣ бар фарҳанги сомӣ ( Э.Палмер ва диг.), дигаре натиҷаи таъсири афкори навафлотунӣ ( Р.Никольсон ва Е.Э.Бертельс), баъзеҳо сарчашмаи ибтидоии тасаввуфро дар дини насронӣ (А. Меркс, М.Смит ва ҳамчунин Р.Никольсон), баъзеҳои дигар дар таъсири адёни ҳиндӣ- ҳиндуия ва буддоия ( А. фон Кремер, Р.Дозҳ, М. Хортен, Р.Зенер) ва ғайра ҷустаанд.

Намояндагони маъруфи тасаввуф дар асрхои 8-10-ум: Ҳасани Басрӣ (ваф.728), Робиаи Адвия (713-801), Абӯҳошими Суфӣ, Суфёни Саврӣ, Иброҳими Адҳам, Абусулаймон Довуди Тойӣ, Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ, Фузайли Иёз. Маъруфи Карҳӣ, Абӯабдулло Ҳорисӣ Маҳосибӣ, Абӯҳасан Сорӣ ибни ал-Муғаллас ибни ас- Сақатӣ. Зуннуни Мисрӣ (806-860), Ҷунайди Бағдодӣ (ваф.910), Боязиди Бистомӣ (ваф.874), Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ, Мансури Ҳаллоҷ (857-922) ва Шиблӣ ( ваф.946) мебошанд. Аз ин байн нахуст Зуннуни Мисрӣ ҳамзамон бо зӯҳд ва парҳезгорӣ ба суфия унсурҳои фалсафаи навафлотуниро дохил намуд. Ҷунайд онро мураттаб ва муназзам сохт, Боязид дар шатҳиёташ садои -“Субҳонӣ, субҳонӣ.! Мо аъзам-уш-шаънӣ!” (“Сутудашудаам , сутудашудаам! Чи андоза шаъни ман бузург аст!”) ва “Инни Аллоҳу ло илоҳа илло ано”-(“Дар ҳаққат ман Худоям, ғайри ман худое нест”)-ро сар дод ва Мансури Ҳаллоҷ ба он бо нидои “Анал Ҳаққ!”, яъне “Ман айни Ҳаққам (Худоям)!” бо ӯ ҳамовоз шуд ва нағмаи в а ҳ д а т и в у ҷ у дро танинандоз карданд.

Баъд аз асри Х аз симоҳои маъруфи тасаввуф Абӯлҳасани Харақонӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Бобо Тоҳири Урён, Абӯалии Даккок, Абӯисҳоқи Козурунӣ, Абӯлфазли Сарахсӣ, Абдурраҳмони Суламӣ, Абӯлқосими Гургонӣ, Аҳмади Ғаззолӣ, Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Фаридуддини Аттор ва ғайраро ном бурдан мумкин.

Марҳилаи дуюм дар таърихи тасаввуф бо ҳамлаи муғул ба Эрону Хуросон, табоҳ шудани вазъи маданию фарҳангӣ, харобиву вайронии шаҳрҳои ободи он вобастагӣ дорад. Дар ин байн Суғд, Хоразм, Бохтар ва Хуросон, ки гаҳвораи фарҳангу тамаддуни Эрон буданд бештар садама диданд. Аҳли ин ҷойҳо бисёре кушта шуданд, бархе рӯ ба Ҳинд ва бархе рӯ ба Шому Ироқ фирор карданд, хулоса ҳар касе тавонист ҷон ба саломат бурд ва тарки Ватан кард. Дар натиҷа ин минтақаро вазъияти ихтиноқу хафақон, маъюсиву навмедии саросари фаро гирифт. Вале оташи хонумонсӯзи ҳуҷуми муғул натавонист афкори иҷтимоӣ-фалсафиро ба куллӣ аз байн барад. Оҳиста-оҳиста аз байни хокистару хоктӯдаҳои шаҳрҳои хароб мардони мутафаккир қомат рост карда, афкори фалсафию илмиро дар либоси тасаввуф, ки коритарин воситаи баёни афкори пешқадам ва баёнгари рӯҳияи мардум дар он шароит буд, зинда нигоҳ доштанд. Маҳз дар ҳамин давра симоҳои намоёни тасаввуф ва ирфон чун Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ (1155-1191), Саъдии Шерозӣ (1203- 1292), Шайх Муҳаммад Шабистарӣ (1284-1320) ва бисёр дигарон, ки маҷоли асомии ҳамаи онҳоро дар ин ҷо овардан нест, ба майдон омадаанд. Дар асрҳои Х111-ХУ11 дар назми форсӣ орифоне чун: Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Саноӣ, Шайх Фаридуддини Аттор, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Дехлавӣ, Низомуддин Авлиё, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон шӯҳрат ёфтанд.

Дар мавриди нақш ва мақоми тасаввуф дар таърихи маданият ва фарҳанги мардуми Шарқ андеша ронда, агар мо ҳатто, танҳо ба номгӯи номукаммали шахсиятҳои барҷаста, ки осори илмию адабӣ ва фалсафиашон бо тасаввуф алоқаманд аст диққат диҳем, ба хубӣ хоҳем дарёфт, ки ирфон ва тасаввуф мағз андар мағзи фарҳанги гузаштаи мо ҷой гирфтааст ва бидуни омӯзиши ҳаматарафаи маъорифи динию фалсафии ислом, алалхусус тасаввуф фаҳмидан ва шинохти бояду шояди он маҳол аст.

ТАЪЛИМОТИ ТАСАВВУФ

АСЛИ ТАЪЛИМОТИ ТАСАВВУФро тавҳид дар шакли в а ҳ д а т и в у ҷ у д ташкил мекунад. Тавҳид дар тасаввуф назар ба исломи расмӣ тафовути ҷиддӣ дорад. Худои ягонаи берун аз олам-мовароуттабиӣ дар тасаввуф ҷой надорад. Баръакс Худо ва табиат як асли воҳид, як ҷавҳар (субстансия)-и воҳид дониста мешавад. Тавҳиди тасаввуф ҳама мавҷудро, ҷуз Худо, танҳо намуд мешуморад, на вуҷуди воқеъӣ. Мавҷуди ҳақиқӣ фақат Худост, боқӣ ҳама таҷаллии Худо мебошанд. Ҷуз Худо ҳеҷ чиз вуҷуди воқеӣ надорад. Мазҳари табиат мисли зуҳури ях дар рӯи об аст, чун гармӣ бар он асар намояд, он ях боз ба об баргардад. Он шабеҳи монизми ҳиндуия мебошад, ки дар он гуфта мешавад: “Ҳамчунон ки об ба ях ва шир ба ҷурғот табдил меёбад Браҳма низ шакл дигар мекунад”, яъне ҳастиро аз худ тавлид мекунад. Тавҳиди тасаввуфро агар фаразан бо калимаи шаҳодати исломи расмӣ муқоиса кунем, фарқ дар он аст, ки суфӣ- ориф ба ҷои “Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ”, ба қавли Муҳаммад Иқбол,”Нест мавҷуде ба ҷуз Аллоҳ”, мегӯяд. Ниҳоят тавҳиди ориф ва мутасаввиф тайи тариқ-роҳ кардан ва расидан ба марҳилаест, ки ҷуз Худо ҳеҷ набинанд. Дар таълимоти тасаввуф масъалаи худошиносӣ ва худшиносии инсон бо ҳам алоқаманданд. Мувофиқи ҳ а д и с и қ у д с ӣ\суханони худо, ки дар Қуръон ворид нашудаанд\ парвардигор махлуқотро барои шиносонидани худ офаридааст. Дар он ҳадис омада: “Кунту канзан махфиян фа арадту ан уърафа фа халқту ал-халқа ликай уърафа.”Яъне, ман ганҷинаи пинҳон будам ва бихостам то маро бишносанд пас махлуқотро офаридам то шинохта шавам. Ба қавли мавлоно Ҷалолуддин Румӣ:

Ганҷи махфӣ буд ,зи пуррӣ чок кард,

Хокро тобонтар аз афлок кард.

Ганҷи махфӣ буд зи пуррӣ ҷӯш кард, Хокро султони атласпӯш кард.

Тибқи ин таълимот ғояти офариниши олам инсон аст, ки ӯ қодир ба шинохти Худост, аммо худошиносии инсон бе худшиносии ӯ муяссар нахоҳад шуд, аз ин рӯ ҳадиси дигарест, ки дар он фармудааст: “Ман арафа нафсаҳу фақад арафа раббаҳу”- Яъне ҳар ки худро шинохт, ҳамоно Павардигорашро шинохта аст.

Таносуби инсону Худо таносуби о л а м и а к б а р ва олами а с ғ а р аст. Олами асғар (инсон) чун инъикоси хуршед-( олами акбар) дар ойинаи кӯчакест. Ин аст ки орифон дар худшиносӣ ва худошиносӣ ба марҳилае мерасанд, ки байни худ ва Худо фарқе намебинанд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддин Румӣ:

Онон, ки талабгори худоед, худоед, Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.

Дар доираи шинохти тасаввуф бисёре аз масъалаҳои маърифат ва равоншиносӣ низ таҳқиқиқу баррасии худро ёфтаанд. Аҳли тасаввуф се зинаи маърифатро: а- илм-ул-яқин. б-айн-ул-яқин ва в-ҳаккул-якин муайян кардаанд. Ба тарзи образнок ин се зинаро тақрибан чунин баён намудаанд: а- гуфтанд ё шунидам, ки оташ месӯзонад ва огаҳӣ пайдо кардам, ки оташ месӯзонад; б- дидам ки оташ сӯзонд ва яқин кардам, ки оташ месӯзонидааст; в- ниҳоят, худ дар оташ сӯхтам ва донистам, ки сӯхтан чист.

Дар назарияи маърифати ирфонӣ мақоми дил ва и ш қ у завқи ирфонӣ /дар муқоиса бо ақл/ ниҳоят баланд аст. Ба шинохти Худо ва расидан ба тавҳид на ақлро, балки дилро, ки макони ишқ аст, бештар қодир мешуморанд.

Тасаввуф танҳо як ҷараён ё мактаби назарию фалсафӣ нест, балки як ниҳоди иҷтимоӣ ва созмони муназзам ва тарзи зиндагӣ низ мебошад. Ин бахши амалии тасаввуфро ташкил медиҳад. Шахси ба роҳи тасаввуф қадам ниҳода- с о л и к пас аз интихоби п и р- м у р ш и д ва таслим шудан ба ӯ бояд се манзил-зина ( ё в о д и)-и с а й р у с у л у к- ро пушти сар кунад. Мароҳил ва манзилҳои роҳи расидан ба тавҳидро орифон се: шариат, тариқат, ва ҳақиқат ва баъзе чаҳор: ш а р и а т, т а р и қ а т м а ъ р и ф а т ва ҳ а қ и қ а т шуморидаанд. Шариат он сарманзилест, ки дар он солик бояд тамоми аҳкоми шаръии исломро иҷро кунад, то аз ин водӣ ба водии тариқат дохил шавад.Тариқат марҳилаи амал, риёзати рӯҳонӣ, такомули маънавӣ, тасфия ва тазкияи нафс аст. \ақиқат сарманзили шинохт ва тавҳид аст, ки баъди дар худ куштан, пахш кардани нафс ва м а н и я т (анноният) солик ба он мерасад ва дар ӯ ҳолати фано ҳосил мешавад. Баъзе урафо манозил ё зинаҳоро аз ин ҳам бештар медонанд. Масалан Шайх Фаридуддин Аттор аз ҳафт водӣ: талаб, ишқ, маърифат, истиҷно, тавҳид, ҳайрат ва фано дар “Мантиқ-ут-тайр”, сухан гуфтааст.

Дар тасаввуф ба ғайр аз манозил ё водиҳои номбурда, ҳадди ақал аз ҳафт м а қ о м (тавба, вараъ, зӯхд, фақр, сабр, таваккул ва ризо) ва даҳ ҳ о л а т (муроқиба, қурб, муҳаббат, хавф, риҷо, шавқ, унс, итминон, мушоҳида ва яқин)-и сӯфӣ ё ориф сухан гуфтаанд. Солик бояд ин мақомот ва ҳолотро зина ба зина пушти сар кунад то ба сарманзили мақсуд расад. Мақомотро метавон зинаҳои таслим ва тафсияи нафс ва ҳолатро вазъият ва ҳолати психологию эхсосӣ ( эмоционалӣ)-и солик донист.

Дар назарияи маърифати ирфонӣ мақоми дил ва и ш қ у з а в қ и ирфонӣ \ дар муқоиса бо ақл \ ниҳоят баланд аст. Ба шинохти Худо ва расидан ба тавҳид на ақлро балки дилро , ки макони ишқ аст, бештар қодир мешуморанд.

Сӯфиён либоси хосе мепӯшиданд, ки х и р қ а ном дошт ва дар маҳалҳои муъайян мезистанд, ки х о н ақ о номида мешуд. Аз амали онхо гӯша-ч и л л а н и ш и н ӣ, с а м о ъ –иҷрои маросим бо мусиқиву рақсро метавон ном бурд.

Тасаввуф ба чандин шоха-фирқа ( ё тариқат) тақсим шудааст, ки маъруфтарини онҳо: муҳосибия, қассория, тайфурия, ҷунайдия, нурия, саҳлия, ҳакамия, хафифия, хурозия, сайёрия, увайсия, адҳамия, чиштия, маъруфия, суҳравардия, мавлавия, нӯрбахшия, сафавия, неъматуллоия, кубравия ва заҳабия, бектошия, рифоъия, нақшбандия, ҷамолия, қодирия, маломатия, ясавия, хоҷагон аст.

Дар Осиёи Марказӣ бештар пайравони фирқа ё тариқатҳои кубравия, нақшбандия ва ясавия таъсири зиёд доштанд. Асосгузори фирқаи кубравия Шайх Наҷмуддини Кубро (1145-1221) буда, ин тариқат ибтидои асри XIII дар Хоразм ташаккул ёфтааст. Тариқати кубравия яке аз шохаҳои эронӣ-ориёии тасаввуф буда, дар таърихи маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ нақши зиёде гузоштааст. Тасаввуфшиноси маъруфи инглис Тримингэм Ҷ. С. дар мавриди асари Наҷмуддини Кубро “Фи адабис-соликин” фармудааст, ки он марҳилаи муҳиме дар роҳи эроникунонии тасаввуф буд”.

НАҚШБАНДИЯ

яке аз тариқатҳои маъруфи тасаввуф дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар садаи XIV зуҳур карда, бо номи асосгузори он Шайх Баҳоуддини Нақшбанд (1319-1389) номида шудааст. Нақшбандия тазоҳурро дар диёнат ва ибодат мазаммат намуда, риояти қатъии суннати паёмбарро талаб мекунад, барои дарвешон гӯшанишиниро дар хонақоҳҳо ҳатмӣ намешуморад, балки шиори “Даст ба кору дил ба ёр”- ро талқин менамояд. Пайравони ин фирқа бештар аз байни ҳунармандон ва косибони шаҳрӣ буданд.

ЯСАВИЯ

фирқаест аз тасаввуф, ки асосгузори он шайх Аҳмади Ясавӣ (ваф.1166)мебошад. Ин фирқа таълимоти исломро барои шуури қабилаҳои турки Осиёи Марказӣ мувофиқ намудааст. Намояндагони маъруфи он – Сулаймони Боқиргонӣ ва Сӯфи Оллоҳёр мебошанд, ки дар интишори тасаввуф дар байни узбекон ва туркони Осиёи Марказӣ нақши муассир доранд.

Дар тӯли чандин асри вуҷуди тасаввуф як зумра адабиёти назариявию таърихии тасаввуф ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла метавон аз “Китоб ал- ламмаъ”-и ас-Сарроҷ, “Китоб ат-таъоруф”-и ал-Калободӣ, “Китоб ал- қулуб”-и ал-Маккӣ “Рисолатул-Қушайрия”-и Абулқосим Қушайрӣ (986- 1074), “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҷулобии Ҳаҷвирӣ (а.Х1), ” Эҳё ул-улум-ад- дин”-и Имом Муҳаммад Раззолӣ, “Фусус-ул-ҳикам” ва “ал- Футуҳот-ул- Маккия”-и Ибн ал-Арабӣ (1165-1240), “Тазкират-ул- авлиё”-и Фариддудин Аттор ва тайра ном бурд.

Нақши тасаввуф дар таърихи маданию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсии олами ислом хеле зиддиятнок аст. Аз як сӯ, бешак тасаввуф як падидаи динию маънавӣ ва иҷтимоию сиёсиест, ки на танҳо дар таърихи тамаддуни исломӣ балки дар тамаддуни умумибашарии ҷаҳонӣ таъсиру нақши бузурге гузоштааст. Дар зери чатри тасаввуф беҳтарин осори насрию назмӣ дар таърихи илму адаби халқҳои мусалмон ба вуҷуд омаданд ва он дар тарбияи маънавию ахлоқӣ, рушди адабиёту фарҳанг нақши босазое гузоштааст. Аз сӯи дигар, тасаввуф дар шакли зӯҳду сӯфигарӣ ба ривоҷи дунёбезорӣ, танбалӣ, тазоҳур ва риё ва дар натиҷа дур шудан аз асли иҷтиҳоду ҷиҳоди созандаи ислом, ақибмонии миллатҳои мусалмон аз қофилаи таърих низ таъсири манфии худро гузоштааст. Аз ин рӯ бесабаб нест, ки он аз тарафи як зумра мутафаккирони исломӣ зери тозиёнаи интиқод қарор гирифтааст

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222