Дар моҳи зулҳиҷҷа аз аввали бомдоди рузи даҳум то шоми рузи
дувоздаҳум – дар зарфи се рузи иди Азҳо курбонй кардан ҷоиз аст, хоҳ
шаб бошад ё рӯз. Вале дар рузи даҳум, ки аввали вакт аст, беҳтар аст,
зеро шитоб дар кори хайр шаръан писандида аст. Худованд мефармо-
яд: «Ба сӯи корхои хайр сабкат намоед!».
Дар шаҳрҳо ва он ҷойҳое, ки хондани намози ид воҷиб мебошад,
дар мазҳаби Абуҳанифа (рҳ) пас аз баргузории маросими намози ид
курбонй кардан афзал аст ва дар ҷойҳое, ки намози ид ҳануз бар аҳли
онҳо воҷиб нагардида, ба монанди деҳаҳои хурду дурдаст ва рустоҳои
камодам, пас аз дамидани субҳи рузи даҳум курбонй кардан ҷоиз аст.
Дар ривоятҳои зиёде омадааст, ки забҳи пеш аз намоз курбонй ба шу-
мор намеравад. Паёмбар (с) мефармояд: «Аввалин ибодате, ки рузи
40 он курбонии дагаре забҳ ва касе ҳанӯз забҳ накарда
пас бо номи Худо курбониашро забҳ намояд».258
Шахсе дар шахр зиндагй кунад ва курбонии худро ба русто (деҳа)
фиристад, то пас аз дамидани субҳ ба тарики ваколат аз тарафаш кур-
бонй кунанд, чоиз аст.
Дар рузи дувоздаҳуми зулхичча то замоне, ки офтоб ғуруб накарда
бошад, курбонй чоиз аст. Пас аз ғуруб дигар чоиз намегардад. Пас аз гу-
заштани вакти курбонй бояд чорво забхногаштаро зинда садака намояд.
Шахсе дар рузи даҳум ва ёздаҳуми зулхичча мусофир буд ва рузи
дувоздаҳум муким гашт, ё дар рузи аввал мискин буд ва дар рузи сеюм
сарватманд гашт, курбонй бар онҳо вочиб мегардад.
Шахсе, ки худаш забҳ карда тавонад, бехтар аст курбониашро
шахсан худаш забҳ намояд. Вале, агар худаш забҳ карда натавонад,
каси дигаре онро дар ҳузури вай забх, намояд.
Курбонй танҳо аз тарафи худаш вочиб аст, на аз тарафи фарзан-
донаш ва ё одамони зери кафолаташ, вале метавонад онҳоро дар са-
вобаш ҳамроҳ намояд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …