Главная / Илм / Афкори ҷамяиятй- сиёсии халқи точик дар давраи кадим ва асрҳои миёна.

Афкори ҷамяиятй- сиёсии халқи точик дар давраи кадим ва асрҳои миёна.

Халки точик-халқи сохибдавлат ва тамадунофар аз давраи қадим дар чаҳон маълум ва машҳур мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо бо офаридани яке аз қадимтарин китобҳои муқаддаси чаҳонй- «Авесто», «Шоҳонамаи Фирдавсй, шоҳасарҳои соҳаи тиббй Абӯалй ибни Сино ва намояндагони соҳаҳои дигари илм маълум ва машҳур мебошанд.
Аз ин чиҳат омӯхтани таърихи афкори сиёсии ҳалқ дар тарбияи ватандӯстию ватандорй, инсондӯстй, чаҳоншиносй, ифтихори миллй, анъанаҳои неки ачдодон барои баланд бардоштани сатхи мадании толибилмон нақши зиёд мебозад.
Яке аз аввалинҳо намунаи афкори чамъияти ачдодони мо китоби муқаддаси дини Зардуштй «Авесто» мебошад.
Талаффузи асосии «Авесто» «апастак» буда, маънои «асос»-ро ифода менамояд.Дар бораи макон ва замони эчод шудани «Авесто» дар байни олимон акидаҳои мухталиф чой дорад.Ба акида аксари муҳаққиқон китоб дар асри VI то мелод эчод шудааст.Муаллифи Авесто» пайамбари Иброҳими Зардушт мебошад.
Аз ри ривоятҳо Зардушт баъди аз худои олй Аҳура Маздо паём гирифтан ба назди шоҳи Бохтар Виштосп омада,ӯро ба дини нав даъват мекунад. Виштосп динро пазирой карда мардумро ба он даъват мекунад.
«Авесто» дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов бо хати зарин навишта шуда буд.Китоб аз тарафи Искандар сӯзонда шуда буд.Баъдтар дар замони Аршакиён дар асри 1 то мелод аз нав барқарор карда шуд.
Дар замони Сосониён бо супориши Шопури II китоб аз нав навишт шуда, ки номи «Занд – Авесто»-ро гирифт. Дар айни ҳол аз китоб ҳамагй 23-ҳазор калима боки мондааст, ки он аз 5- фасл иборат аст: 1.Ян-қурбонй ва ибодат. 2. Яшт- ситоиш ва хушрафторй. 3. Видевдат конуни зидди девҳо.4.Виспарат ҳукумронии мутлақ.5. Хурд Авесто – зорию илтичо. Мувофики Авесто замин курашакл буда, аз ҳафт иқлим иборат мебошад. Иклими марказй Хиванараса ном дошта, нахуст ватани ориёнҳо Арянеи Вайчах дар он чойгир буд. Аксари 16-кишвари дар китоб номбар шуда, дар Осиёи Миёна ва Хуросон чойгир мебошанд.
Асоси таълимоти динии қабилаҳои эронй дар он замонҳо дар асоси оинҳо ва асотирҳои кадимй ба вучуд омадааст.
Тадкикотҳои таърихи собит менамояндки Зардушт дар асрҳои VII-VI пеш аз мелод. ё худ солҳои 628-551 умр ба сар бурдааст.
Номи падараш Порушаспа номи модараш Дуғдова будааст. Вай тахминан дар сини 42-солагиаш ба унвони пайғамбарй сохиб мешавад. Охири ҳаёти ӯ дар Балх мегузарад. Баъди 35-соли пайамбарй аз тарифи душмани ғоявиаш Балатнарсат кушта мешавад.
Асосии таълимоти дини Зардуштро эътиқод ва парастишии худои якка ва ягона офаридагири одаму олам Ахура Маздо мебошад.
Мазмуни иҷтимоии ислоҳоти дини Зардушт, ҳаёти осоиштаи барзгарон ва чорводорони мукимнишини талаб мекард.
Барои оини дини Зардушт дуализм хос аст- зиддияти доимии ду кувва-равшанй ва торикй, некй ва бадй, рост ва дуруғ дар ҳаёти чамяиятй чой доранд. Тачассуми кувваи некй Ахуромзодо (Ҳурмуз) ва кувваи бадй Анграманю (Ахриман) буд. Пайравони ин дин дар шахсияти Ахриман девонро ҳамчун ҳимоятгари кувваи бадй ва душманон мепиндоштанд.
Дар дини зардуштй дигар худоҳо: Офтоб-Митра, худои ҳак Ришану, худои Оташ- Аҳурамаздо, худои ҳосилу баракат- Ардвисур, худои ҷанг-Баҳром парастиш карда мешуданд. Зардуштиён фазо ва вактро беҳудуд мепиндоштанд. Тамоми фазо ба ду кисми-некй ва равшании Аҳурамздо ва торикй ва бадии Аҳриман ҷудо мешуд. Замин куррашакл буда, осмон аз се қабат иборат аст: қабати ситораҳо, қабати моҳтоб ва кабати Офтоб. Аз офтоб боло биҳишти Аҳурамаздо ҷой дорад. Дар поёнбошад, ҷаҳони тропикй ҷойи девҳо ва дӯзах ҷойгир аст. Зироатчигй ва чорводорй кори хайр дониста мешуд.
Пайравони ин оин росқавлиро кори нек мепиндоштанд. Оташ об ва замин тоза нигоҳ дошта шавад.
Дар назди оташкадаҳо ҳар гуна курбониҳо мекарданд. Ҳар сол шаш маротиба панҷрӯзи ид мекарданд. Соли Зардушт аз 12 моҳ ва ҳар рӯз номҳои худоҳоро доштанд. Оини зардушти коидаи махсуси дафнъи ҷасади мурда (маҳрумон) дошт. Ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки ҷасадро дар замин гуронад. Замине, ки дар он ҷо одам мурдааст, дар муддати як сол истифода карда намешуд. Дар хонае, ки мурда буд дар зимистон баъд аз нӯҳ рӯз ва тобистон баъд аз як моҳ оташ гирондан мумкин буд. Часадро ду мурдакаш ба рӯи
санглохҳо бурда, аз пой ва муйҳояш мебастанд. Баъди чанд муддат устухонҳо ҷамъ карда,дар сандукҳои сафолй мегузоштанд. Мурдакашҳо аз об ва оташ то 30 қадам ва аз одамон 3- қадам бояд дур истанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222