Главная / Гуногун / Зиндагии зани бева

Зиндагии зани бева

Майсара бо орзуҳои зиёд оила бунёд карда бошад ҳам, ноумед гашт. Баъди ду соли хонадорӣ шавҳараш ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ин дунёро падруд гуфт. Дар хонаи хусуру хушдоман як сол иззати арвоҳи шавҳар поида, маросимҳои се, ҳафт, чил, сол ва ҷумъагиҳоро гузаронд. Ҳама кори хона – гов дӯшидану ширро пухта ҷурғот хобондан, рӯбучин, хамир кардану нон пухтан, ҷомашӯӣ ва дар мавсими пилла кирмак парваридан, пахта чидану бегоҳӣ як дарза алафро болои сар монда, барои говҳо овардан ва тарбияти кӯдаки яксолаи ширмакаш вазифаи Майсара буд.

Баъди кори рӯзона монда мешуду дар сари гаҳвораи тифлакаш – Мурод дам мегирифт. Уро мемаконду гаҳвораро ҷунбонда алла мегуфт ва бо оби дида дилашро холӣ мекард.

Хоҳарони шавҳараш:
– Янга, туву писарат пайи қадами хуш надоштаед, ака- амон ҷавонмарг шуд, – гуфта пичинг мезаданд. Рӯи хушаш намедоданд. Дар ҳолати суҳбату хандида нишастанашон ҳам агар Майсара ба онҳо наздик мешуд, аз ханда монда қавоқ меандохтанд. Ғамгин гашта, аз онҳо дур мешуд ва ба назди гаҳвораи писараш – ягона ҷои ғамбарораш мерафт. Вазъият дар хонаи хусуру хушдоман барояш сангин буд. Дандон ба дандон монда, домони тоқатро аз даст намедод. Мехост рӯҳи шавҳар аз ӯ шод бошад, охир онҳо бо нияти нек ва орзуҳои зиёд хона обод карда буданд. Шавҳараш – Нодир баъди хидмати ҳарбӣ, либоси низомӣ дар тан, Май- сараро дар лаби чашма дида, бо чеҳраи шукуфон гуфт:

– Духтари зебо, чӣ мешавад, агар аз дасти шумо об менӯшидам? – ва борхалтаашро аз китфаш гирифта ба замин монду ба Майсара дида дӯхта хитоб кард:
– О, шумо ҳамсояи мо, духтари амаки Шариф нестед? Пеш аз аскарӣ рафтанам духтарчаи мактабхон будед. Дар байни се сол ин қадар тағйир ёфтаед. Арӯси нозанин шудаед!
Майсара аз гуфтаҳои Нодир каме сурх шуд, ба ҳуснаш ҳусни дигар зам гардид. Сатили аз оби чашма нимапурро ба дасташ дод. Банди дастони сап – сафеди духтар, ки аз зе- ри остинҳои болошуда намоён шуда буд, дили Нодирро ба ваҷд овард. Ҷавон оби мусаффои чашмаро нӯши ҷон ме- намуду аз духтар чашм намеканд. Майсара низ бо ҳавас ба қаду баст ва либоси низомии ӯ, ки ба қоматаш шинам афто- да буданд, назар карда, аз суханони ширинаш ҳаловат ме- бурд.

– Духтари амаки Шариф, агар иҷозат диҳӣ, сатилҳо- ятро то пеши хонаатон барам.
– Не, акаи Нодир. Худам мебарам, агар ҳамсояҳо би- нанд, ҳар гап гуфтанашон мумкин, – гуфт Майсара са- тилро аз дасти Нодир гирифта. Шир – шири гӯшнавози оби чашма гуё талкни шавки навруи ду ҷавон мекард..
– Барои чӣ ту номи маро медонию ман номи туро не? – хандида пурсид Нодир.
– Номам Майсара, – чашм аз замин наканда оҳиста по- сух гардонд духтар.
Дар сурхии рухсораҳояш афзуд. Гӯшвораҳои арзонаки бо дасти кадом заргари чирадаст сохтааш меҷунбиданду ба ҳуснаш ҳусн зам мекарданд. Баъди як ҳафтаи ин мулоқот хостгорҳо ба хонаи амаки Шариф омаданд. Моҳе нагу- зашта зери навои дафу чанг тӯйи арӯсии Майсара баргузор шуд…

Зиндагии ширине оғоз карданд. Тавлиди нахустфарзан- дашон – Мурод ба хурсандиашон хурсандӣ зам кард. Бибӣ ва бобо низ аз чунин келини уҳдабаро ва набераи ширбӯ шод буданд. Интихоби писарашон ба муроди дили онҳо буд. Бо орзуҳои зиёд дар як гӯшаи ҳавлии падар хона бунёд карданд, вале… Аз бемасъулиятии ронандаи мошини хо- риҷидор, ки писари кадом калоншавандае будаасту маст пушти чамбараки мошин нишастааст, Нодир қурбон гашт. Он шахси калоншаванда бо дасти кадом шогирдаш маб лағи ночизеро фиристода:

– Даъво накунанд, ба сарашон балои дигар наояд боз, – гуфта таъкидашон ҳам кардааст.
Хусуру хушдомани нодор маблағи ночизро ӯлҷа дониста:
– Насибамон ҳамин будааст, – гуфта ба ҷое шикоят намекунанд. Аз марги Нодир як сол мегузарад: як соли пур аз ғаму таҳқир, асабҳои харошёфта, тифлаки гирён, хонадо- ни ҳайрон. Ҷаҳон барояш дигар қадреву маъние надошт. Фақат гиряи Мурод ӯро ба худ меовард ва ба зиндагӣ ди- лашро гарм мекард. Мешитофт ба назди писараш. Охир, ҳамин тифл ягона вуҷудест, ки ба ӯ, ба навозиши модарона- аш ниёз дорад. «Ӯ муҳтоҷи модар аст. Ман бояд фарзан- дамро ба по монам. Охир, Муродам ягона нишонаест аз муҳаббати пурсӯзу гудози ман, нишонаест аз он марде, ки омода буд, дунёро дар пеши поям пойандоз гардонад. Ҳайф, сад ҳайф, ки қисмат пастиву баландиҳои зиёде до- штааст,» – гуфта, Майсара оби дида мерехт. Баъзан мехост дод гӯяд аз чунин қисмат, аммо сӯзашро фурӯ мебурду «Ху- до аз ин бад накунад,»- гуфта тавба мекард.
Рӯзи дастархони шавҳарашро ғундоштан, баъди меҳ- монҳоро гусел кардан, хусураш падари Майсараро нигоҳ дошта:
Қудо, каме маътал шавед, маслиҳатамон ҳаст, – гуфт.
Падари Майсара низ ин маслиҳатро интизор буд. Ҳар гоҳе азоби духтарашонро ҳамсараш ба ӯ мегуфт, дилаш хун мегашт, мехост духтараш ба хона баргардад, аммо Майса- ра:
То соли шавҳарамро надиҳем, хонаашро тарк намеку- нам. Бечора шавҳарам дар ин дунё чизе надид. Бигузор дар гӯр ором бихобад. Донад, ки муҳаббаташ баъди марг низ дар дилам ҳаст, – гуфта пешниҳоди падарро рад мекард.
Хонавода дар ҷунбуҷӯл: яке табақ мешусту дигаре да- стархон меғундошт, севумӣ кӯрпачаҳои зери пои меҳмонон ро такида, тахт мечинд. Майсара низ деги калони маърака- гиро мешӯст. Падараш амонатак дар лаби суфа нишаста, ба ҷунбуҷӯли аҳли хонавода назора мекард.

Хусур дар назди қудояш нишаста ба Майсара гуфт:
Келин, мон шӯстани дегро, соҳибони хона худашон мешӯянд. Ба назди мо биё.
Ибораи «соҳибони хона» махсус талаффуз шуд. Хуш- доман низ даъватро интизор нашуда, докаи калони сафе- ди сарашро рост намуду остинҳои кушоди куртаашро фу- роварда, омада назди шавҳараш рост истод. Майсара ҳам чун шахси гунаҳгор ба суфа, аз тарафе ки падар мени- шаст, наздик шуда хомӯш буд.
Қудо, – сухан оғоз кард хусур, – раҳмат барои тарбияи кардаатон. Духтаратон як сол ҳурмати шавҳарро поида, ба мо хидмат кард. Мо ҳам инсонем, инсоф дорем, келинамон ҳоло ҷавон аст, нафс дорад, бояд шавҳар кунад. Агар розӣ бошед, набераамонро худамон ба воя мерасонем. Шумо духтаратонро бо худ баред…
Майсара баробари шунидани ин суханҳо беихтиёр дар ҷояш ларзид ва:
– Падарҷон, ман аз ин хона бе фарзандам ба ҳеҷ куҷо намеравам! Мурданро ба гардан мегираму аз фарзандам ҷудо намешавам. Танҳо ба хотири ҳамин ҷигарбандам зиндаам, набошад ҳаёт бароям дигар маъно надорад! – гуфта, домони гиряро сар дод.
Падари Майсара оҳи чуқуре кашида:
– Қудоҷон, дар халқ мегӯянд, ки «гусоларо даҳонаша банду аз қафои модараш сар деҳ.» Тифли ширхораи мо- дар ба худаш зеб дорад. Дарҳои хонаи мо ҳамеша барои бибиву бобо кушодааст. Духтарам, парпеч кун писарат ро, ба хона меравем, – гуфту омин карда аз ҷояш хест.
Майсара ба ҳуҷраи дарун даромаду саросема тифли хобидаашро аз гаҳвора кушода, гӯиё касе ӯро аз дасташ мегирифта бошад, ба синааш зер карда, аз хона баромад. Кӯдаки хоболуд аз сахт ба сина зер кардани модар, ё аз хоби ширин нофор шудан, ё аз хонаи падар рафтанашро ҳис карда буд, ки бо овози баланд ба гиря даромад. Хусу- ру хушдоман ва хоҳарони шавҳар ҳама гиря мекарданд.
– Худоё, кош ҷони маро мегирифтиву ин лаҳзаро наме- дидам. Кош ҳамон рӯзи тобути писарамро баровардан келинамро мебаровардаму ин рӯзи маҳшарро надида, дувумбора намесӯхтам! – нола мекард модари ҷигар- рехтаи Нодир.
Падар пеш – пеш, Майсара, тифл дар даст, аз қафо ба ҳавлии падар ворид гаштанд. Модар ва келини хонадон дар миёни ҳавлӣ онҳоро пешвоз гирифтанд.
– Духтари нимколаи хонавайронам, духтари берӯзии сағирабадастам, духтари шӯрбахту шӯрдоманам! – гуфта модар нолакунон Майсараро бӯсиду набераашро аз да- сташ гирифт.
– Наход Майсараро аз хонааш холӣ берун карданд, ақал- лан, гаҳвораашро надоданд? Бачаашро дар куҷо мехобо- над? Охир, аз хонаи падар дар як мошини боркаш кӯрпаю кӯрпача бурда буд – ку? Тавба, тавба, шармандагӣ… – гуф- та буд Моҳбону – келини хонадон, ки падар:
– Келин, ба ҳар ош қатиқ нашав, равед, аз пайи кори худ бошед! Худо аз шармандагӣ нигоҳ дорад. Духтарам ягон кори паст накардааст, ки шармандаги, гуед – гуфта келинро шарм доронд ва ба ҳамсараш хитоб намуд: – Ба ту чӣ бало зад, ин ҳама нола аз барои чист!? Ҳамаатон шунавед! То ман зиндаам, намегузорам, ки духтару набе- раам хор шаванд. Фаҳмидед!?
Субҳи рӯзи дигар хусури Майсара дар як мошин ҷиҳози келинашро оварда, дар ҳавлӣ фуроварду набераашро рӯи даст бардошта дӯстдорӣ кард ва ба келин дуои нек дода рафт. Моҳбону ин ҳолатро дида, чи гуфтанашро намедо- нист…
Рӯзҳо пайи ҳам сипарӣ мешуданд. Ба Майсара тарбияи як писар сангин набошад ҳам, барои гирифтани пеши даҳони мардум ба шавҳар баромад. «Қурбоқа шӯ дорад, ба худ обрӯ дорад,» – мегӯянд. Дар деҳа чанд марди зандору хонадор хостанд ӯро зани дувум кунанд, қабул накард. Намехост боиси рехтани оби дидаи зане шавад. Дар фермаи колхоз кор мекард, говҷӯши пешқадам буд. Ризқи худ ва пи- сарашро бо меҳнати ҳалол меёфт. Фақат серҷоғии Моҳбону, ҳамсари бародараш, маъюсаш мекард. Аз қиёфаи янгааш гӯиё доим барфу борон мерехт, аз зери лабони борики хуш- каш чор дандони калони пешаш, ки аз филизи зард, кадом як духтури ноуҳдабарои дандон сохта буд, табассумашро нозеб ва даҳшатнок нишон медод. Аз забони нешдораш ҳамеша гӯиё заҳр пош мехӯрд. Сухани пандомези халқ, ки «захми сухан аз захми тир сузонтартар аст» дуруст будааст. Бечора Майсара ба хотири писараш тоқат мекард, ба ҳама таънаву маломати янга пушти даст мегазиду тоб меовард.
– Зани бешавҳар аспи белаҷомро мемонад, – дар ҳар сари қадам заҳр мезад Моҳбону. – Як хӯранда кам набуд, ки дутояш дарди сари ман шудааст. Иштиҳои писарат карнай, ҳаққи чор паҳлавонро мехӯрад. Бечора шавҳарам дар ғарибӣ мардикорӣ карда, пул мефиристаду туву писа- рат калон – калон мехӯред. Кош ягон мӯйсафеди занмур- да мебаромаду шавҳар мекардӣ. Ҷонам аз туву сағираат халос мешуд. Метарсам, ҳамон занмурда ҳам туро бо ин писарат ба занӣ намегирад. Охир, чанд духтари нозанин дар деҳа бешавҳару зор мондаанд, ку ягон мард сӯи онҳо нигоҳе кунад, – ғурғуркунон боз ким – чиҳои дигаре гуф- та, безебу хунук ва дуру дароз чор дандони калони заб – зарди оҳаниашро намоиш дода механдид.
Янга мехост, бо ин роҳ Майсараро аз дари падар берун созад. Беҳуда нагуфтаанд: «Неши ақраб на аз раҳи кин аст, муқтазои табиаташ ин аст». Баъди чунин кинояву наҳ за- данҳо Майсара ба худ суол медод: Чӣ лозим бошад ба ода- мон озори якдигар? Ва чанде нагузашта, «Бевагӣ ҷомаи бадномӣ дорад,»- гуфта, барои ба шавҳар баромадан ро- зигӣ дод. Насибаш амаки Раҳим будааст. Раҳим ду бор хо- надор шуда бошад ҳам, фарзанд наёфта, бори севум ба Майсара хостгор фиристод. Дар синну сол аз Майсара 15 сол калон буд, вале ӯ ба хотири писараш Мурод ба ин хост- горӣ розӣ шуд.
Аз омадани Майсара ҳавлии Раҳим, ки манзили хо- мӯшонро мемонд, ба биҳишти рӯи замин табдил ёфт. Май- сара, ки зани чаққону меҳнатдӯст буд, ҳавлии Раҳимро гу- листон, боғашро бӯстон, оғилашро пур аз гову мол, хона- ашро сербача ва дастархонашро пур аз нони кулча кард. Ҳамсояҳо низ барои ҳоҷат баровардан тез – тез ба Майсара муроҷиат мекарданд. Чевари хубе ҳам буд. Куртаву камзулчаҳои арӯсӣ, ҷома ва тоқиҳои гулдӯзӣ, кӯрпаву бо- лиштҳои зардӯзӣ медӯхт. Кӯшиш мекард, ки бо шавҳараш аробаи зиндагиро якҷоя бикашанд.
Мурод низ соҳиби падари меҳрубон шуд. Раҳим гаштаю баргашта, шукри онро мекард, ки бо паю қадами Мурод соҳиби чор шоҳписар гашт. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳар ки хандонад ятими хастаро, боз ёбад ҷаннати дарбастаро.» Раҳим чун фарзанди азизи хона ба Мурод муомила мекард. Мурод, ки навозиш ва меҳру муҳаббати падарро надида буд, ба Раҳим меҳр баста, чун фарзанд иззаташро ба ҷо меовард. Дар назди ҳамсинфон бо фахр «падарам гуфтанд, ки…, бо падарам якҷоя бозор рафтем…, падарам рӯзнома- амро дида таърифам карданд» ва ғайраву ғайраҳо гуфта, аз ӯ ифтихор мекард. Вале чӣ мегӯед, ки зиндагӣ ҳамеша дар як маҷро ҳаракат намекунад ва ин қонуни нонавишта ба зиндагии онҳо ҳам асар кард. Мурод рӯзе аз кӯча баргашту худро болои тахти хобаш партофту зор – зор гирист.
– Муродҷон, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ? – пурсид Майсара аз писараш.
– Модарҷон, Фарҳоди писари қорӣ Шариф мегӯяд, ки амаки Раҳим падари ту не, шавҳари модарат аст. Падари ту дар таги хоки хунук.
Дунё чапаву роста шуд дар назари Майсара. Писарашро ба оғӯш кашида, баробари ӯ ба навҳа даромад. Амаки Раҳим аз кӯча омада, беихтиёр шоҳиди ин суханони Мурод шуд.
– Муродҷон, – сари ӯро бо навозиш сила кард амаки Раҳим. – Падар ҳамон аст, ки туро тарбия мекунаду ба воя мерасонад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад, барои сафедро аз сиёҳ фарқ кардану бадро аз нек ҷудо намудан ёрӣ мерасо- над. Аз суханони бачаи беодоб ва бетарбия хафа нашав, – гуфту шитобон ба кӯча баромада, дар масҷиди деҳа бо қорӣ Шариф суҳбати дурудароз кард.
Бегоҳ аҳли оила болои суфаи таги тут хӯроки шом мехӯрданд, ки қорӣ Шариф аз дасти писараш гирифта, аз паси дарвоза пурсид:
– Муродҷон, ҳой Муродҷон! Падарат дар хонаанд?
– Ассалом, амакҷон, биёед, падарам дар хона, – гуфта Мурод онҳоро ба ҳавлӣ таклиф кард. – Марҳамат, даро- ед, он кас дар болои суфа нишастаанд.
Қорӣ Шариф ба назди суфа нарасида, аҳли оила аз ҷо хестанду онҳоро «хуш омадед» гуфтанд.
– Раҳимбой, бародари азизам, имрӯз ба ман дарси ибрат шуд. Росташро гӯям, баъди омадани шумо бисёр фикр кар- дам, мехоҳам барои тарбияи нодурусти фарзандам аз шумо узр пурсам. Фарҳод низ аз ҷӯрааш Мурод бахшиш пурси- данӣ.
Онҳо баргашта диданд, ки аллакай Фарҳод ва Мурод дасти ба даст ба кӯча давида рафтаанд.
Кина бегумон шуста шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

isoi-maseh

ДИНИ НАСРОНӢ

Дини насронӣ ё масеҳӣ (христианӣ) [1] яке аз динҳои ҷаҳонии тавҳидии сомӣ ба шумор меравад, …