Главная / Маданият ва санъат / Талаботҳои асосии хоби бофароғат кадом?

Талаботҳои асосии хоби бофароғат кадом?

Ба хотири аҳамияти хоб ба инсон чанд нозукиҳои хобкуниро менависем. Аввало ғизоро 2-3 соат пеш аз хоб тановул карда вақти шом ғизои вазнину дерҳазм нахӯрдан аст. Бо шиками гурусна хобидан низ зарар допгга, шом нӯшидани нӯшокии зиёд ва ҳам ба умеди интизории субҳ берун накардани фазлаҳо низ зарари бисёр дорад. Дар вақги хобидан аввал каме ба рост, баъд ба чап, ахиран рӯ ба боло карда хобид, вале беҳтарин хоб ба росту, баъд рӯ ба боло буда бадтаринаш бо шикам ва ҳам бо дасти чап мебошад. Дар вақти хоб ба зери сар болипгги на онқадар баланд монда хобидан мувофиқи омили саломатй аст.

tala

Агар пеш аз хоб ғизои душворҳазм хӯрдеду роҳи ҳазми онро наёфтед, ақалан болини саратонро боз баландтар карда баъд хоб кунед. Баъдтарин хоб сар ва ё пойро сӯи шарқ ва ғарб(қибла) монда хобидан буда беҳтарин тарзи хоб сар ё пойро сӯи ҷанубу шимол гардонида хобидан аст. Ва аз ҳама хоби баъдтарин ва зарароваррандатарин ба шахс ин хоби баъди пешин аст, ки метавонад шахсро ҳатто гирифтори бемории рӯҳӣ намояд. Дар ҳавои каме сард хоҳ рӯзона ва ҳоҳ шабона бе рӯйпӯш хобидан боиси бемориҳои сардй мегардад. Дар ҳавои гарми офтобй хобидан низ зарар дошта, баръакс шабона дар зери партави моҳ хобидан аҳамияти калон дорад.

Талаботҳои асосии хоби бофароғат метавон дар чанд ҷумла ҷамъбаст кард, ки чунинад:

1. Дар як вақти муайян бояд хоб кардан.
2. Реҷаи хобу бедориро риоя кардан.
3. Ба хастагии ҷисмонй ва ё ақлй роҳ надодан.
4. Шабона то дер кор накардан.
5. Пеш аз хоб дар ҳавои тоза сайру гашт кардан.
6. На камтар аз 1,5-2 соат пеш аз хоб шом хӯрдан.
7. Дар шом хӯрдани ғизои сабуку нағз ҳалшаванда.
8. Шустани дандонҳо пеш аз хоб.
9. Дӯш кардан бо оби ширгарм пеш аз хоб.
10. Дар ҷогахи сахтию нармиаш мутадил хоб кардан.
11. Форточкаҳои хонаи хобро кушода хоб кардан.

Қайд. Соли 1840 Чарлз Диккенс ҳангоми саёҳат ба Амрико, дивани хобкуниро тавре гузошт, ки сараш ба шимол бошад, инро ӯ бо компас аниқ намуда буд. Аз рӯи қонуни қувваҳои магнитш замин.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222