Чаконидани дору дар бини дар аксари ривоятҳо шиканандаи руза
дониста шудааст, вале он ду ҳолат дорад, ки ҳар кадоми онҳо тафсил
ва ҳукми хосе дорад. Зеро сурохи бини бевосита ба коми даҳон ва
ҳалқ пайваст мебошад.
а) Агар дору аз бини ба ҳалқ ва пас аз он ба меъда бирасад, бо ит-
тифоқи тамоми фақеҳони мазҳаб рузаро фосид месозад, вале агар он
ба андозае бошад, ки дар патҳо ва нармии бини ҷабида шавад ва ё
вақте ба ҳалқаш расид, онро ба берун афканад, рузааш бо иттифоқ
фосид намешавад.
б) Аммо агар онро аз даҳонаш наафканд, вале аз ҷиҳати ками ба
расидани он ба шикамаш низ яқин надошта бошад, дар ин сурат ба
кавли имом Абуҳанифа (рҳ) рузааш фосид мешавад ва ба кавли Имо-
майн фосид намешавад.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …