Главная / Илм / АСОСИ БОВАРӢ ВА ТАЪЛИМОТ ДАР ДИНИ НАСРОНИ

АСОСИ БОВАРӢ ВА ТАЪЛИМОТ ДАР ДИНИ НАСРОНИ

Асоси боварй ва таълимот (усули дин)-и масеҳиён иборат аз мавзӯҳои зерин аст:

  • боварй ба муқаддас ва ваҳй будани китоби «Библия»;
  • боварй ба Худо дар се симо (иқнум): Падархудо, Писархудо(- Эсои Масеҳ=Иисус Христос), Рӯҳулқудс,
  • боварй ба имкони пок намудани гуноҳон ва наҷоти инсон аз нахустгуноҳ;
  • боварй ба нақши миёнаравии калисо;
  • боварй ба вуҷуди фариштаҳо ва шайтон (иблис).
  1. Китоби муқаддас «Библия» сарчашмаи асосии таълимот ва бовариҳои насрониён аст. Мувофиқи эътиқоди масеҳиён «Библия» суханони илоҳй мебошад, ки аз тариқи ваҳй ба пайғамбарон нозил шудааст.

Ин китоб аз ду қисм- «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» иборат аст. Аҳди қадим, панҷ китоби Мӯсо , ки Таврот ном дорад ва кутуби подшоҳон ва набиёнро дар бар мегирад. «Панҷкитоби Мӯсо» аз китобҳои «Ҳастй», «Хурӯҷ», «Ибодат», «Ададҳо» ва «Такрори Шариат», инчунин ғайр аз ин боз 34 китоби подшоҳон ва набиён, чунон ки дар боби яҳудия гуфтем, дохил шудааст. «Аҳди ҷадид» аз чор «Инҷили Исо»: «Матто», «Марқӯс», «Луқо» ва «Юҳанно» ва 33-номаи шогирдони ӯ ташаккул ёфтааст.

scale_1200

Теологҳо (уламо)-и насронй байни ваҳй ва илҳомот фарқ мегузоранд. Ваҳй оётест, ки ба воситаи он Худо ҳақиқати нав: маъниву аҳкоми тозаи қаблан ба ақли инсонҳо ноаёнро нозил кардааст.

Аз назари илмй Библия яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихй, мазҳабй ва бадеии -фарҳангй яке аз барҷастатарин ёдгориҳо ва шоҳкориҳои маданияти башарист. Вай дар худ ҷаҳонбинй ва тасаввуроти инсонҳоро дар бораи пайдоиши олам, инсон ва маънои ҳастй, зиндагй ва ахлоқиёт инъикос кардааст.

Библия дар тӯли 1500 сол аз ҷониби ҳудуди 40 муаллифон навишта шудааст.[1] Вай то имрӯз ба аксари забонҳои дунё, аз ҷумла ба забони тоҷикй (дар соли 1992 аз тарафи Институт тарҷумаи Библия дар шаҳри Стокгольм, мукаммал тарҷума ва нашр шудааст.

ТАЪЛИМОТ ДАРБОРАИ ХУДО

Дини Насронй, яке аз динҳои тавҳидй (монотеистй) ба шумор меравад. Тибқи таълимоти насронй Худо воҳид ва якто буда, дар се симо( иқнум): Падар, Писар ва Рӯҳулқудс (Худо Падар, Худо Писар,

Рӯҳулкудс) зоҳир мешавад. Ин тасаввуротро дар диншиносии таърихии мо таслис (аз калимаи арабӣ, маънояш сегона) меноманд. Таслис- се чеҳраи як андом(се дар як ваҳдат аст) Худо дар моҳияти худ ягона аст. Ҳарчанд дар чеҳра сегона аст.

Худо дорои сифоте (атрибутҳое) чун: татирнаёбандагй (самадият) ҳамабинӣ (басират), кудрат, ҷовидонй, мукаддасй, муҳаббат ва ғайра мебошад.

Таълимот дар бораи Эсои Масеҳ як қисм аз таълимот оид ба Худо мебошад. Масеҳиён, чунон ки каблан ёдоварй шуд Эсоро Худо (Писари ягонаи Худо) мешуморанд, чун ӯ номҳои худой, сифати худой, аъмоли худой дорад.

Дар баробари ин ба инсонияти Эсо низ мӯътакидан, чун ӯ дорои номи инсонй, ҷисми табии, бунёди инсонӣ, ҳамон эҳсосоте, ки хоси одамони маъмулӣ мебошанд, буд.

Ҳамчунин асли боварӣ ва таълимоти дини масеҳиро таълимот дар бораи чигунагии марги Ӯ, эҳёи Ӯ, ба осмон рафтани Ӯ ва бозгашти Ӯ дар бар мегирад.

Таълимоти масеҳият дар мавриди инсон. Назарияи масеҳиён оид ба хилкат,офариниш, зиндагии то гуноҳи нахустин ҳамон аст, ки дар дини яҳудия буда.

Ва аммо он чи дар Таврот (Аҳди кадим) нисбат ба офариниши инсон омадааст чунин аст: Дар рӯзи шашуми офариниш, пас аз офаридани ҳайвоноти ваҳшӣ, чорпоён ва хазандагон Парвардигор даст ба хилкати Одам мезанад: «Ва Худо Гуфт: Одамро ба сурати мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни наҳр ва бар паррандагони осмон ва бар чорпоён ва бар тамоми замин ҳукм ронанд.» (Ҳастӣ. 1:26). Ва ниҳоят «Худо одамро ба сурати худ офарид, ӯро ба сурати Худ офарид; онҳоро марду зан офарид.» (Ҳастӣ. 1:2б).

Дар ҷои дигар ҳамин мазмун бо каме тавзеҳ омадааст «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба биннии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва Одам ҷони зинда шуд.» (Ҳастӣ. 2:7).

Баъд аз ин тасвиру баёни достони сукунати Одам дар боғи Адан, офарида шудани зани Одам Ҳавво ва нофармонӣ кардани онҳо ба фармоиши Худо (бо хӯрдани меваи мамнуъшуда ), нафрини Худованд ва ронда шудани онҳо аз боғ меояд.

Назарияи талофӣ ё’ кафораи гуноҳон яке аз таълимоти асосии насроният мебошад. Дар консепсияи яҳудӣ – насронии инсон нахустгуноҳ ва оқибати он ба ҳамаи насли Одам тааллук мегирад. Кафорат аз чанд тарик: аз тарики шафоъати Эсои Масеҳ, эътикод, тавба, таваллуд аз олами боло, табраъа (сафед) шудан, писархондӣ, намоз ва ғайра сурат мегирад.

Таълимот оид ба калисо (церкв) яке аз қисматҳои таркибии таълимоти насронӣ мебошад. Калисоро насрониён падидаи наве дар таърихи замин мешуморанд.

Калисо дар Инҷил ҳамчун тани ноаёни Эсои Масеҳ аст. Он ҷойест, ки мӯъминони аз ин олами пургуноҳ бозпасхонда шуда, бо Рӯҳулқудс эҳё ва бо ҳам ва бо Эсои Масеҳ ҳамчун аъзои як тан дар Мулку Салтанати Ӯ, пайваст гардидаанд.[2]

Аз ин рӯ, вақто, ки калисо гуфта мешавад, набояд ҳамон бино ё кохи ибодатгоҳе ё ҷамъомадгоҳи мӯъминонро дар назар дошта бошем. Бино аз санг сохта мешавад, калисо бошад аз одамон ва фариштагон – «Сангҳои зинда» (1 Петр. 2: 5) ташкил мешаванд. Хизмадгузорони калисо, мувофиқи боварии ин дин, наздикон муқарабони Масеҳанд.

Калисоҳои насронӣ ҳамчунин маҳалли ибодатҳои гурӯҳӣ, ҷашни идҳо, ғусли таъмид, никоҳ ва ғайра мебошанд.

Калисо таърихан нақши хеле муассире чӣ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва чӣ маданию маънавии кишварҳои масеҳӣ гузоштааст ва мегзорад.

Тайр аз он дар насроният боз таълимот оид ба мавҷудоти рӯҳонии фариштаву малоик ва иблис (шайтон) мавҷуд аст, ки дар ин китоб имкони баёни ҳамаи онҳо нест.

[1]   Библия\\дар бораи Библия.. тарҷ. тоҷикй. Стокгольм. 1992. -С.7.

[2] Ниг: Константин Левшения. Доктрины Библия, с. 211-241; «Жив Бог» (православный катехизис) Под ред порт . К. Фатиева.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222