Ғалабаи шӯриши ярокноки Октябр пешгӯии Ҳизби большевикиро дар бораи ғалабаи инкилоб дар як мамлакати ҷудогона исбот кард. Вазифаи аввалиндараҷаи Ҳокимияти Шӯрави аз ҷанги ҷаҳони баромадан буд. Зеро аз масъалаи ҷанг ва сулҳ такдири ояндаи давлати Шӯрави вобаста буд.
Ҳукуматҳои давлатҳои ҷангкунанда таклифи Шуроҳоро дар бораи бастани сулҳи умуми кабул накарданд. Дар чунин шароит Ҳукумати Шӯрави маҷбур шуд, ки бо Германия ва иттифоқчиёни он гуфтушуниди чудогона гузаронад. Гуфтушунид бо Германия 20-ноябри соли 1917 дар шаҳраки Брест-Литовск сар шуда, 20 ноябр бо имзои шартномаи сулҳ анҷом ёфт. Лекин ин сулҳномаи мувавдати буд ва онро ба сулҳи доими табдил додан лозим омад. Барои ҳамин 9-декабри соли 1917 дар гуфтушунид вакилони шӯрави таклиф пешниҳод карданд, ки нишондодҳои декретии сулҳ ба инобат гирифта шаванд. Намояндагони иттиҳоди давлатҳои Германия инро рад карда рӯзи 27-декабр чунин талабҳоро пешниҳод карданд: Германия бояд Полша, Литва, як кисми Латвия ва Белоруссияро гирад. Россия бояд товони ҷанг диҳад. Ин таклифҳои горатгарона буданд, лекин давлати Шӯрави айр аз қабул кардани ин шартҳо дигар илоҷе надошт.
Аммо дар дохили ҳизб оиди масъалаи сулҳ акидаҳои гуногун вуҷуд доштанд. Гурӯҳ бо номи коммунистони чап, ки ба он Бубнов, Ломов Коллонтай, Урийский, Яковлев дохил мешуданд, ба бастани сулҳ мукобил баромаданд. Онҳо тарафдори рад кардани таклифхои Германия ва давом додани чанги революсиони буданд.
Гурӯҳи дигар бо рохбарии Тротский таклиф кард, ки «на чанг ва на сулх» гӯё бо ин васила синфи коргари Германия намегузорад, ки хукуматашон ба муқобили Республикаи
Шурави чанг кунад.
Бо душвории зиёд ба тарафдорони бастани сулх муяссар гардид, ки 8-марти соли 1918 бо 30 овоз тарафдор, 12- мукобил ва 4-бетараф карор дар бораи сулхнома қабул карда шавад.
Большевикон пас аз ба даст овардани фурсати муносиб бевосита ба масъалахои дохили-мустахкам намудани Ҳокимияти шурохо машгул шуданд. Вале чунин имконият дер давом накард. Пароканда шудани Мачлиси муассисон, боздошта шудани фаъолияти азхоби аксулинкилоби куввахои беруна ва дохилиро мутахид намуда ба мукобили большевикон чанги шахрванди ва интервенсияи хоричиро сар карданд, ки аз бахори соли 1918 то соли 1920 идома ёфт.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …