Главная / Илм / Тафсили масоиле дар бораи каффорат

Тафсили масоиле дар бораи каффорат

1. Агар бо сабабҳои дигаре ир аз ҳамбистарй – ба сабаби хурда
ва нушидан бар рузадор каффорате воҷиб гардад ва ҳанӯз он каффо-
ратро напардохта, ки каффорати дигаре бар вай воҷиб гардад, барои
ҳар ду додани як каффорат кифоя аст, агарчи дар ду рамазон иттифок
афтода бошанд. Аммо, агар ба воситаи ҳамбистарй бар вай чанд каф-
форат воҷиб гашта бошад ва ҳама дар як Рамазон ба амал омада бо-
шанд, додани як каффорат барои ҳама кифоят мекунад, вале агар дар
ду Рамазон ба вуҷуд омада бошанд, як каффорат барои онҳо кифоят
намекунад, бояд ду каффорат диҳад.
2. Агар касе рузаи як рузи Рамазонро пас аз ният бе ҳеҷ гуна бе-
морй ва узри шаръие касдан бихурад, бояд ҳам казои он рӯз ва ҳам
каффорати онро ба ҷо оварад. 
Он ду мох, руза адо кардан,
Ончи хурдаст ҳам казо кардан.
Вакте барои адои каффорат аз миёни се навъи он – озод сохтани
ғуломе ва ё таом додани шаст мискин – рузаро ихтиёр намояд, пас бо-
яд ду мохро паёпай руза бигирад. Ба шарте дар миёни он ду мох, як-ду
рузро бихурад, бояд аз сари нав ду мох, руза бигирад. Албатта, рӯзҳои
ҳайз барои занон муъоф (бахшуда) аст. Агар зане дар миёни ду мохи
рузаи каффораташ ҳайз бинад, бакияи онро пас аз пок гаштанаш
идома медиҳад.
3. Агар ба сабаби нифос аз паёпай гирифтани руза бозмонад, пас
аз поки бояд аз нав ду мохро паёпай руза бигирад. Нифос ҳарчанд уз-
ри шаръи ҳам бошад, дар вактҳои дигар метавонад паёпай ду мох, руза
бигирад, вале дар ҳолати ҳайз чунин имконро надорад. Барои ҳамин
дар миёни он ду ҳолат фарк гузошта шудааст.
4. Барои каффорат, агар таом додани шаст мискин ба ҳолаш му-
вофик бошад, агар таоми омода диҳад, пас ҳар мискинро ба андозаи
ду вакт хурок: субҳу шом то хуб сер шудан таом диҳад.
5. Агар нони гандуми холис бошад ҳам, кифоя мекунад ва агар
ири нони гандум бошад, бояд онро бо хурише ҳамроҳ намояд.
6. Дар сурате ки барои шаст мискин ба ҷои таом гандум, ҷав ва ё
хурмо диҳад, ҷоиз аст ва ба ҳар яке ба микдори садакаи Фитр – ним соъ
– дода шавад. Додани кимати гандум, хурмо ва ғайра низ ҷоиз мебошад.
7. Касеро аз ҷониби худаш барои додани каффорат вакил гардо-
над ва ӯ низ ба навбати худ каффоратро бипардозад, ҷоиз аст, вале
агар касе бе ваколат каффорати шахсеро бидиҳад, ҷоиз намешавад.
8. Метавонад ба ҷои шаст мискин як нафар мискинро шаст рӯз
таом диҳад.
9. Дар таом додан пай дар пай будани хурок шарт нест. Бинобар
ин, агар мискинеро чанд рӯз таом диҳад ва чанд рузи дигар таътил
намояд, вале саранҷом шаст рузро комил гардонад, дуруст аст.
10. Агар микдори каффорати шаструза ё кимати онро якбора ба
мискине бидиҳад, ҷоиз нест.
11. Агар аз микдори садакаи Фитр камтар бидиҳад, низ ҷоиз нест.
12. Дар пардохти фидяе, ки барои пирамарди солрафта пешбини
шудааст ва дар таоми каффоратҳо, ки ба сурати хурокворй ва ё ғалла-
гиҳо бароварда мешаванд, тамлик шарт нест, вале дар садакаи Фитр
ва закот тамлик шарт аст. Назари факеҳон ин аст, ки пардохтҳо дар
ҳар ҷое аз нусуси шаръ бо калимаи таом (طعام) ва итъом (إطعام) зикр
шуда бошанд, дар онҳо тамлик ва мубохият ҳар ду ҷоиз ҳастанд ва
дар ҳар ҷое бо калимаи додан (الإيتاء) ва ё адо (الأداء) зикр шуда бошанд,
дар онҳо тамлик шарт аст. Бинобар ин, агар барои шаст мискин таоме
омода намояд ва дар пеши онҳо бигузорад, барои иброи зиммааш ки-
фоя мекунад, шарт нест, ки онро ба дасти якояки онҳо бисупорад ва
онҳо кабз намоянд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222