Главная / Илм / ШОҲИН

ШОҲИН

Шамсиддин – махдуми Шохин соли 1859 дар Бухоро дар оилаи муллои камбагал таваллуд шудааст. Падари ӯ Муллоамон аслан аз Хатлонзамин (Кулоби хозира) буда, дар вакти чавони барои тахсили илм аввал ба Самарқанд ва баъд ба Бухоро рафта, дар мадраса тахсил намудааст. Баъди хатми мадраса хонадор шуда, чанд вакте дар яке аз мадрасахои Бухоро дарс хам гуфтааст.
Шохин маълумоти ибтидоиро дар мактаби духтарон – назди бибихалифа мегирад. Вай хануз аз бачаги дар хондану навиштан қобилияти фавкуллода дошт. Чунон ки худаш дертар хикоят мекунад, дар хамин мактаб, тахминан дар хашт – нухсолагиаш ба шеър гуфтан шуруъ намуда будааст.
Баъд аз хатми мактаб падари Шохин хати зебои писарашро дида, ӯро ба мирзои шогирд мемонад. Шохин дар ду – се сол тарзи хатнависиро хеле хуб ёд мегирад ва тахминан дар сини 14-15 солаги ба мадраса дохил мешавад.
Шохин нисбат ба хамсабаконаш кобилияти баланд дошт, аммо аз чихати модди таъмин набуд. Падари пираш аз ухдаи таъминоти оила ба зӯр мебаромад. Аз ин сабаб Шохин бо хати зебо нусхахои китоби нодир ва баёзхоро нусхабардори карда, як навъ рӯз мегузаронид ва ба оилаи қашшоқаш низ ёри мерасонид.
Шохин баъд аз хатми мадраса ба худ кори муносиб ёфта натавониста, чанд вақт дар масчидхо имомати мекард. Аммо ин касб ба табъи Шохин мувофих наомад. Вай дар як қасидааш ин ахволи ногуворашро бо хазлу мутояба хеле нағз тасвир кардааст:
Сохибо, гар накунад арзи ман эчоби малол, Аз имомат қадре шарх дихам сурати хол.
Ҳафтае нест, ки андар паи наъша наравам,
То сари пушта зи масчид ману қавм аз дунбол,
Аз сари куча гар овози муаззин ояд,
Ба умеди хабари мурда кунам истиқбол.
Гаҳ занад ханда ба ман ходиму гаҳ кадбону,
Гаҳ ниҳад таъна ба ман суфию гаҳ оқсаккол,
Нест суре, ки дар ӯ ман наравам чун лули ,
Нест сӯге, ки дар он ман наравам чун ғассол.
Тахминан дар соли 1885 Абдулкодир ном парвоначии дарбори амир (парвоначи мисли сардори идораи коргузори буд) Шоҳинро аз чиҳати модди таъмин менамуд.
Шоҳин вазифаи мирзоиро адо мекард ва бо хоҳиши парвоначи дар мадҳи амир Абдулаҳад якчанд касида гуфт. Парвоначи ба ин восита эътибори Шоҳинро дар пеши амир баланд намуд.
Дар андак муддате Шоҳин дар дарбор ва ҳатто дар назди амир обрӯю эътибори калоне пайдо кард. Шахсони чоҳили дарбор аз эътибору нуфузи Шоҳин ҳасад мебурданд ва ӯро ба амир наздик шудан намонанд. Дар ин миён парвоначи аз тарафи амир ҳокими Шеробод таъин гардид ва аз Бухоро рафт. Душманон Шоҳинро танҳо дида, дар атрофи вай фитнаву суханчини сар карданд. Шоҳин дар ҳамин вақт ба хуби дид, ки дар атрофии амир чи гуна касони чоҳили пурғараз чамъ омада, ба мансабу рутбаҳои давлати расидаанд.
Парвоначи Абдулқодир, ки Шоҳинро мисли фарзанд дӯст медошт ба вай духтарашро никоҳ карда дод, то ки мардум домоди ҳокими Шеробод будани Шоҳинро фаҳмида, аз вай даст кашанд. Дар воқеъ ҳам ин никоҳ Шоҳинро то андозае аз ҳуҷуми рақибонаш эмин дошт. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад, ки худро шеърдӯст нишон медод, Шоҳинро ба сӯҳбатҳои худ даъват мекардаги шуд. Амир Шоҳинро вакту бевақт ба мачлису базмҳояш даъват мекард ба хоҳишу табъи шоир нигоҳ накарда, ӯро ба сафарҳо гирифта мебурд.
Шоҳин чунон бо ин таку давҳо банд буд, ки ҳатто ба оилаи худ нигаҳбони карда наметавонист. Дар байн зани чавони ӯ фарзанд таваллуд карду ҳафтае нагузашта вафот кард. Вафоти ногаҳонии занаш барои Шоҳин як фочиаи калоне буд. Шоҳин дар айни сӯзу гудози фироки ҳамсари маҳбубаш ба хотираи ӯ дар зарфи чор ҳафта достони «Лайли ва Мачнун» – ро навишт.
Шоҳин хост, ки мисли шоирони пештара, барои амир асаре таълиф намояд ва дар он роҳу равиши ҳукмфармоиро нишон диҳад. Бо ин мақсад ӯ дар равияи «Бустон» – и Саъдй «Тӯҳфаи дустон» ном асари манзуме таълиф намуд.
Маълум аст, ки Саъдй «Бустон»- ро ба хукмрони замонаш бахшида, дар он дар бораи ахлоку одоби мамлакат ва раиятдори фикрҳои худро баён намуда буд. Шохин низ айнан бо ҳамин роҳ панду насиҳат менамояд, аммо ин часорати шоири чавон ба амир маъкул нашуд. Амир Абдулаҳад дар ғазаб шуда, аз Шоҳин интиқом гирифтани шуда, Шоҳинро мачбур кард, ки дар ҳақи ӯ шеъру қасидаҳо нависад. Илова бар ин, вай шоирро дар сафарҳои дуродур мебурд ва ӯро асбоби дилхушии худ гардонда буд. Дар ҳақи Шоҳин таҳкири бузурге буд ва амир инро интиқоми сахттарин ҳисоб мекард.
Соли 1890 Шоҳин бо «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш шинос шуд ва тамоми иллатҳои бедармони чамъияти он вактро боз ҳам хубтар фаҳмид. Вай низ ба акидае омад, ки бо вазъу насиҳат ва ислоҳоти чузъи аҳволи мамлакат ва тартиби давлатро беҳтар намудан мумкин нест, зеро амир ва атрофиёни ӯ ба дарачае чоҳилу бефаҳманд, ки ба кабули чунин маслиҳатҳо кодир нестанд.
«Оллоҳ – оллоҳ, дунё,- навиштааст дар ин вақт Шоҳин,- турфа тамошогоҳе шуда, афсус, ки дидаи бино ва дили огоҳ нест, то он чи дида бинад, ба дил гузорад, ба сафҳа нигорад… Илм чун алам (парчам) ба сари мазорҳо ҳуфта; аз ҳар ки аз айни (моҳияти) он истифор (пурсиш) рафта, «лам» (намедонам) гуфта.»
Шоҳин дар ин солҳо рисолаи машҳураш «Бадоеъ-ус- саноеъ» -ро эчод намуд. Дар ин рисола бо кинояву рамзҳои пӯшида нуқсонҳои ичтимоии замонаш, разолат ва пастмоягии арбоби давлат ва худи амирро фош мекунад. Дар айёми пиронсоли мефаҳмад, ки вай умри чавони худро дар мадҳи амир ва мукаррабони ӯ беҳуда сарф кардааст. Вай дар як маснавие, ки дар охирҳои умраш навишта буд, онро чунин ба қалам додааст:
Ду – се рӯз чу ёри эҳсон шудам, Сарояндаи мадҳи дунон шудам. Бибурдам ба ороиши назм ранҷ, В – аз он кардам офокро пур зи ганҷ. Хареро Масеҳо насаб рондаме, Суроро сурайё лақаб хондаме. Сагеро, ки ҷома дарида ба дев, Фаришта аз ӯ даргирифт гирев, Чунон барзадам сирати мардуми, Ки гӯи назода ҷуз ӯ одами.
Дар солҳои навадум саломатии Шоҳин хеле бад шуда буд. Вай ба касалии сил гирифтор гардид. Аммо амир ӯро дар сафарҳо ҳамроҳ гирифта мегашт. Вақте дар сафари Қарши Шохин касал шуд, амир ӯро касдан ба Бухоро нафиристод. Ниҳоят Шоҳин соли 1894 дар Қарши вафот кард ва ӯро дар он чо ба хок супурданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222